Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон Муассисаи тиббию ташхисии «Оишаи Шаҳритус»-ро ифтитоҳ карданд

Ноябрь 1, 2022 10:38

ДУШАНБЕ, 01.11.2022 /АМИТ «Ховар»/. 1 ноябр дар доираи сафари корӣ дар ноҳияи Шаҳритус Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Муассисаи тиббию ташхисии “Оишаи Шаҳритус”-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд.

Иншооти мазкур дар кӯчаи ба номи Носири Хусрав, шаҳраки “Шаҳритус” ҷойгир буда, бо тарҳи хеле зебову замонавӣ бунёд гардидааст.

Муассисаи  тиббию ташхисии “Оишаи Шаҳритус” дар доираи нақшаи чорабиниҳои созандагӣ ба истиқболи 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ҷонибдорӣ аз сиёсати бунёдкоронаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз тарафи соҳибкорони ватандӯст — бародарон Достиевҳо бунёд шудааст.

Ба Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иттилоъ доданд, ки иншооти тиббӣ дорои 40 кат барои беморон аст ва дар он 60 нафар мутахассиси маҳаллӣ бо ҷойи кори доимӣ таъмин гардиданд.

Муассисаи соҳаи тандурустӣ имкон дорад ба зиёда аз 135 ҳазор аҳолии маркази ноҳия ва ноҳияҳои ҳамшафат хизмати босамари тиббӣ расонад.

Табибон дар чор шуъба маризонро ташхис ва муолиҷа мекунанд. Дар шуъбаҳои ҷарроҳӣ, амрози дарунӣ, шуъбаи занона ва таваллуд дар маҷмуъ то 40 бемор бистарӣ ва табобат карда мешаванд.

Муассисаи тиббӣ аз таҳхона ва 2 ошёна иборат мебошад. Дар ошёнаи якуми бино шуъбаи ёрии таъҷилӣ ва маъмурият ҷойгир буда, аз 17 ҳуҷра иборат аст. Ҳуҷраи муоинаи маризон ва бақайдгирӣ низ дар ҳамин ошёна макон дорад.

Дар қабати дуюми муассисаи тиббӣ шуъбаи ҷарроҳӣ, амрози даруна ва таваллудхона  ҷойгир аст.

Дар шафати иншоот ҳамзамон дорухона ва нишастгоҳҳову айвончаҳо барои аёдаткунандагон бунёд карда шудаанд.

Дар муассисаи тиббӣ ба маблағи беш аз 10 миллион сомонӣ дастгоҳу таҷҳизоти замонавии тиббӣ ворид карда шудааст. Рентгени рақамӣ, компютери томографӣ, ташхиси қалб, таъмини оксиген, дастгоҳҳои маҳскунанда, электрофарез ва дигар васоили тандурустӣ аз давлатҳои пешрафтаи Чин, Россия ва Туркия харидорӣ карда шудаанд.

Дар иншооти нави тиббӣ 54 нафар табибону сокинони ноҳияи Шаҳритус соҳиби шуғли ҳамешагӣ гардиданд. 18 нафар духтурони муассиса маълумоти олидор буда, 16 нафар маълумоти миёнаи касбии соҳавӣ ва боқимонда кормандони техникию хоҷагидорӣ мебошанд.

Дар ошёнаи якуми маркази ташхисию тиббӣ ҳуҷраҳои ёрирасон, аз ҷумла томографияи компютерӣ, ташхиси томографияи резонансии магнитӣ, ултрасадо, сабти барқии кори майнаи сар, сабти барқии дил ҷойгиранд.

Ташхиси бемориҳои занона бо истифода аз дастгоҳу таҷҳизоти ҳозиразамон ба роҳ монда шудааст. Илова ба хизматрасониҳои ташхисӣ дар иншооти тиббӣ бахшҳои солимгардонию тавонбахшии физиотерапевтӣ низ фаъолият хоҳанд кард.

Озмоишгоҳҳои марказ дорои навтарин дастгоҳу таҷҳизоти соҳа буда,  дар онҳо қариб тамоми таҳлилҳои тиббӣ дар фурсати кӯтоҳ ва бо сатҳу сифати баланд анҷом дода мешаванд.

Иншооти мазкур дорои шароити зарурии тиббӣ, санитарию безараргардонӣ, тамизгардонии дастгоҳу таҷҳизот ва лавозимоти тиббӣ буда, бо дастгоҳҳои автоклав, ҷевонҳои хушкнигоҳдорӣ, катҳои функсионалии махсуси барқӣ ва дигар лавозимоти соҳа пурра таъмин аст.

Зимни шиносоӣ бо шароити иншооти тиббӣ Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои саҳмгузорӣ дар корҳои ободонию созандагӣ ба соҳибкори ватандӯст ҷиҳати бунёди чунин иншооти муосири соҳаи тандурустӣ дар ин ноҳияи дурдаст изҳори сипос намуданд.

Ифтитоҳи Муассисаи тиббию ташхисии “Оишаи Шаҳритус” 01.11.2022

Ноябрь 1, 2022 10:38

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Душанбе бахшида ба Рӯзи Модар барномаи пуршукуҳи фарҳангӣ баргузор шуд
Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Фармонҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар мақомоти судӣ ва прокуратура таъйиноти кадрӣ ба амал оварданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар интихоботи даъвати нави вакилони Маҷлиси намояндагон ва маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқ иштирок намуданд
Маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор шуд
Паёми шодбошии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати фарорасии моҳи шарифи Рамазон
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Ҷумҳурии Беларус Александр Лукашенко суҳбати телефонӣ анҷом доданд
Имрӯз таҳти раёсати Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ҷаласаи Шурои амният баргузор гардид
Суҳбати телефонии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Федератсияи Русия Владимир Путин
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар паради ҳарбӣ ба муносибати 32-солагии таъсиси Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон иштирок намуданд
Суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паради ҳарбӣ ба муносибати 32-солагии таъсисёбии Қувваҳои Мусаллаҳ