ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 29 ноябр, сешанбе, 333-юмин рӯзи соли 2022 аст

Ноябрь 29, 2022 08:00

29 ноябри соли 2008 дар Давлати Қатар Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Дабири кулли вақти Созмони Милали Муттаҳид Пан Ги Мун масоили татбиқи ҳамоҳангсозии кумаки беруна ба Тоҷикистон, пешгирӣ аз паҳншавии бемориҳои сироятии СПИД, сил, вараҷа ва ғайра, таҳкими ҳифзи сарҳадоти давлатӣ ва мубориза бо қочоқи маводи мухаддир дар Осиёи Марказиро баррасӣ намуданд.

***

6 сол пеш, 29 ноябри соли 2016  Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҷаласаи Панели сатҳи баланд оид ба масъалаҳои об, ки дар доираи Саммити оби Будапешт баргузор гардид, суханронӣ намуданд.

***

Дар ин рӯзи соли 2009  дар ноҳияи Ғончии вилояти Суғд хатти 500- киловолтаи  «Ҷануб – Шимол»  ва се хатти 220-киловолта ба истифода дода шуданд.

29 НОЯБР ТАҶЛИЛ КАРДА МЕШАВАД:

Дар Албания – Рӯзи озодкунӣ аз фашизм.

***

Дар Вануату — Рӯзи муттаҳидӣ.

***

Дар Югославия – Рӯзи ҷумҳурӣ.

РӮЙДОДҲО:

29 ноябри соли 2015 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон барои иштирок дар Конфронси 21-уми тарафҳои Конвенсияи Созмони Милали Муттаҳид оид ба тағйирёбии иқлим ба Ҷумҳурии Франсия сафар карданд.

***

6 сол пеш, 29 ноябри соли 2016  хонандаи тоҷик соҳиби Шоҳҷоизаи 14-умин олимпиадаи байналмилалӣ аз фанни забони русӣ ба номи А.С.Пушкин гардид.

***

29 ноябри соли 2008 дар Давлати Қатар баҳри ба роҳ мондани ҳамкории судманд миёни телевизиони иттилоотии Тоҷикистон – «Ҷаҳоннамо» ва телевизиони овозадори «ал-Ҷазира»-и Давлати Қатар мувофиқаҳо ҳосил шуданд. Тибқи онҳо, телевизионҳои «Ҷаҳоннамо» ва «ал-Ҷазира» барои омода кардани кадрҳои ҷавон ва мубодилаи иттилооту таҷриба ҳамкорӣ ба роҳ мемонанд.

***

Дар ин рӯзи соли 1942 дар ИМА барои фурӯш ва истеъмоли қаҳва меъёр муқаррар гардид.

***

29 ноябри соли 1990 Шӯрои Амнияти СММ дар ҳолати озод накардани Кувайт истифодаи силоҳро бар зидди Ироқ зарур шуморид.

ИНЧУНИН ДАР ИН РӮЗ…

Соли 2016 дар шаҳри Душанбе дурнамои муносибатҳои тиҷоратӣ байни Тоҷикистон ва Ҳиндустон муҳокима гардид.

***

Соли 1899 клуби футболи «Барселона» созмон дода шуд.

Ноябрь 29, 2022 08:00

Хабарҳои дигари ин бахш