ТАЪРИХИ ПАРЧАМЕ, КИ ДАР ИҶЛОСИЯИ ШЎРОИ ОЛӢ ҲАМАРО САРҶАМЪ НАМУД. Онро Комбинати абрешими шаҳри Хуҷанд омода карда буд

Ноябрь 24, 2022 09:08

ДУШАНБЕ, 24.11.2020 /АМИТ «Ховар»/. «30 сол пеш аввалин Парчами давлатӣ 24 ноябри соли 1992 дар Комбинати абрешими шаҳри Хуҷанд аз соати 16:00-и бегоҳ то 03:00-и саҳар аз ҷониби бофандагон ва ҳунармандони ин комбинат омода гардид ва 25 ноябр он ба толори Қасри Арбоб ворид карда шуд. Баъдан Раиси Шӯрои Олӣ Эмомалӣ Раҳмон ва аъзои Шӯрои Олӣ ин Парчами давлатиро бӯса намуда, бо он савганд ёд намуданд»,- иброз дошт ба хабарнигори АМИТ «Ховар» номзади илмҳои таърихи Донишгоҳи давлатии шаҳри Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров Ҷурабек ИСОМИДДИНОВ.

Мавсуф зикр намуд, ки дар он солҳои тақдирсози миллат барои қабули Нишон ва Парчами давлатӣ чанд моҳ қабл озмун эълон карда шуд, ки роҳбарии онро академик Муҳаммад Осимӣ ба уҳда дошт. Кори комиссия ба таври пӯшида ҷараён гирифт. Ба озмун зиёда аз 200 лоиҳа пешниҳод шуда буданд, ки ҳар кадоми онро комиссия мавриди омӯзиш ва хулосабарорӣ қарор медод. Ҳамин тавр, комиссия лоиҳаи Парчами давлатиро, ки аз ҷониби рассомон Зуҳур Ҳабибуллоев ва Александр Заневский пешниҳод гардида буд, интихоб мекунад.

Рассом Зуҳур Ҳабибуллоев дар хотираҳои худ навиштааст, ки «ҳангоми омода намудан ва тарҳрезии парчам мо аз маслиҳат ва машварати олимони соҳаи фарҳангшиносӣ, аз қабили Лариса Додхудоева, Н. Игнатушина ва М. Сайдалиев истифода намудем».

Дар Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Қарор оид ба Парчами Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва «Қарор оид ба Нишони Ҷумҳурии Тоҷикистон» қабул шуданд, ки дар асоси онҳо ба моддаҳои 169 ва 170 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон тағйирот ворид гардиданд. Мувофиқи он «Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон рамзи Истиқлолияти давлатӣ, иттифоқи вайроннашавандаи коргарон, деҳқонон ва зиёиён, дӯстӣ ва бародарии ҳамаи халқҳои маскуни ҷумҳурӣ мебошад».

Рангҳои Парчами аввалини давлатии Тоҷикистон рамз ва решаҳои қадимии суннатӣ доранд. Ранги сурх- рамзи мубориза, шуҷоат, шараф ва ҷоннисорӣ дар роҳи меҳан, сарзамин, мардум, ғояҳои олӣ; ранги сафед- рамзи рӯҳи тавоно, покӣ, муқаддасот ва хушбахтӣ; ранги сабз- рамзи зиндагӣ, ҷавонӣ ва шукуфоӣ мебошанд. Тоҷ рамзи истиқлолу озодии мамлакат мебошад.

Тавре академик Муҳаммад Осимӣ дар муаррифии тарҳи Парчами давлатӣ 24 ноябри соли 1992 гуфта буд, «ҳафт ситора- ин рамзи ҳафт макони таърихии зебоманзари ватанамон ба ҳисоб мераванд, яъне Суғд, Зарафшон, Ҳисор, Рашт, Вахш, Хатлон ва Бадахшон».

Сардори шуъбаи экскурсионӣ ва оммавии Осорхонаи миллии Тоҷикистон Фаридун Кенҷазода иброз дошт, ки ин парчам бо супориши Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон моҳи июни соли 2007 дар рӯзҳои таҷлили 15-умин солгарди Иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Осорхонаи миллии Тоҷикистон супорида шуд.

Парчами аввалин бо андозаи 145 ба 85 см дар шуъбаи таърихи нав ва навтарини толори «Истиқлолият»-и Осорхонаи миллии Тоҷикистон манзури тамошобинон гардидааст. Ҳар як ёдгорӣ дар осорхона санаи қайд ва рақами махсуси худро дорад ва ин парчам таҳти№ 128-23/2 ба қайд гирифта шудааст.

Парчами давлатии мамлакат симои Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад. Он на танҳо рамзи давлатдорию ифтихори ватандорӣ, балки рамзи ватандӯстию худшиносиву худогоҳӣ, андешаву асолати миллӣ, пирӯзиву сарфарозӣ ва ҳувияти миллии мардуми тамаддунофарамон маҳсуб мешавад. Парчам ҳамчун ахтари тобон раҳнамо ва ҳидоятгар ба сӯи фардо ва ояндаи дурахшон аст.

Фирӯза ДАВЛАТЗОДА,
АМИТ «Ховар»

АКС: АМИТ «Ховар»

Ноябрь 24, 2022 09:08

Хабарҳои дигари ин бахш

ПАРЧАМЕ, КИ БАЛАНД АСТ ВА САРИ МОРО ҲАМЕША БАЛАНД МЕДОРАД. Андешаҳои Шоири халқии Тоҷикистон Камол Насрулло дар ин хусус
Нахустин Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Осорхонаи миллӣ ҳифз ва муаррифӣ мешавад
ПАРЧАМИ ДАВЛАТӢ ДАР КУҶО БОЯД НАСБ КАРДА ШАВАД? Вакили Маҷлиси намояндагон ба ин савол посух дод
ИСТИҚЛОЛИЯТ БА ТОҶИКИСТОН ЭМОМАЛӢ РАҲМОН – СИЁСАТМАДОРИ САТҲИ ҶАҲОНИРО ДОД. Эътироф ва тафсири мақоми шоистаи Пешвои миллат аз ҷониби шахсиятҳои ҷаҳон
16 — НОЯБР РӮЗИ ПРЕЗИДЕНТ. Нигоҳе ба таҳаввул ва ташаккули ниҳоди президентӣ дар Тоҷикистон
ТАШАББУСҲОИ ТОҶИКИСТОН — ҲАЛЛИ МУШКИЛОТИ ДАР ПЕШОРӮИ ҶОМЕАИ ҶАҲОНӢ ҚАРОРДОШТА. Эҳдо ба Рӯзи Президент
ИДОРАКУНИИ ПРЕЗИДЕНТӢ – шакли муассири идоракунии давлатӣ ва равнақбахши Тоҷикистони соҳибистиқлол
ПРЕЗИДЕНТИ ТАШАББУСКОР. Нақши Сарвари Тоҷикистон дар ҳифзи пиряхҳо ва захираҳои оби тоза дар ҷаҳон беназир ва муассир аст
ТАШАББУСИ ШОИСТАИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ ОИД БА ТАҲКИМИ СУЛҲ БА ХОТИРИ НАСЛҲОИ ОЯНДА. Дар ҳошияи пешниҳоди Президенти Тоҷикистон вобаста ба қабули қатъномаи махсуси СММ оид ба «Даҳсолаи таҳкими сулҳ ба хотири наслҳои оянда»
ГЕОСТРАТЕГИЯ ВА ГЕОПОЛИТИКАИ ПРЕЗИДЕНТИ ТОҶИКИСТОН ДАР ДАВРОНИ СОҲИБИСТИҚЛОЛӢ. Ба Рӯзи Президент бахшида мешавад
Дар Душанбе бахшида ба Рӯзи Президент ҳамоиш баргузор шуд
Дар Академияи идоракунии давлатӣ бахшида ба Рӯзи Президент конференсияи ҷумҳуриявии илмӣ-амалӣ гузаронида шуд