Тоҷикистон ва Бонки исломии рушд амалӣ намудани барномаҳо ва механизми дастгирии тиҷоратро баррасӣ карданд
ДУШАНБЕ, 29.11.2022 /АМИТ «Ховар»/. Сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Туркия Ашрафҷон Гулов бо Роҳбари Корпоратсияи исломӣ оид ба тиҷорат ва молияи Гурӯҳи Бонки исломии рушд Хани Салем Сонбол мулоқот намуд. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» дар Сафорати Тоҷикистон дар Анқара хабар доданд.
Ҷонибҳо маҷмӯи масъалаҳои ҳамкориро баррасӣ карда, тақвияти онҳоро дар доираи барномаю механизмҳои дастгирии тиҷорат ва молияи корпоратсияи мазкур муҳим арзёбӣ намуданд.
Ёдовар мешавем, ки 28 ноябр Сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Туркия Ашрафҷон Гулов дар ҷаласаи 38-уми Кумитаи доимамалкунанда оид ба ҳамкории иқтисодӣ ва тиҷоратии Созмони ҳамкории исломӣ (COMCEC) иштирок намуд.
АКС: Сафорати Тоҷикистон дар Туркия








«Барномаи рушди иҷтимоию иқтисодии вилояти Хатлон барои солҳои 2026–2030» 31,2 фоиз иҷро гардид
Дар Тоҷикистон 7136 ҳолати вайронкунии қонунгузории замин бартараф карда шуд
Ҳамкории БАТР бо Тоҷикистон дар соҳаи энергетика тақвият меёбад
Дар Нозироти андози шаҳри Ваҳдат 804 субъекти хоҷагидори амалкунанда сабти ном шудааст
Дар Душанбе Фестивали занбӯрпарварон, намоиш ва фурӯши асал баргузор шуд
Дар Тоҷикистон беш аз 800 ҳазор тонна картошка ҷамъоварӣ гардидааст
Дар шаҳри Норак Фестивал-намоишгоҳи байналмилалии «Ганҷинаи хатлон» баргузор гардид
Мутахассисони Тоҷикистон дар Чин бо навовариҳои соҳаи пахтакорӣ шинос шуданд
Натиҷаҳои рушди иқтисодии Тоҷикистон дар Таиланд муаррифӣ гардиданд
Дар Тоҷикистон ҷаласаи 46-уми Шурои ҳамоҳангсозии электроэнергетикии Осиёи Марказӣ доир шуд
Шаҳри Панҷакентро дар нуҳ моҳ беш аз 40 ҳазор сайёҳон тамошо намудаанд
Дар Агентии инноватсия ва технологияҳои рақамӣ масъалаҳои зеҳни сунъӣ ва амнияти рақамӣ баррасӣ шуданд






