Тоҷикистон ва Бонки исломии рушд амалӣ намудани барномаҳо ва механизми дастгирии тиҷоратро баррасӣ карданд

Ноябрь 29, 2022 08:44

ДУШАНБЕ, 29.11.2022 /АМИТ «Ховар»/. Сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Туркия Ашрафҷон Гулов бо Роҳбари Корпоратсияи исломӣ оид ба тиҷорат ва молияи Гурӯҳи Бонки исломии рушд Хани Салем Сонбол мулоқот намуд. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» дар Сафорати Тоҷикистон дар Анқара хабар доданд.

Ҷонибҳо маҷмӯи масъалаҳои ҳамкориро баррасӣ карда, тақвияти онҳоро дар доираи барномаю механизмҳои дастгирии тиҷорат ва молияи корпоратсияи мазкур муҳим арзёбӣ намуданд.

Ёдовар мешавем, ки 28 ноябр  Сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Туркия Ашрафҷон Гулов дар ҷаласаи 38-уми Кумитаи доимамалкунанда оид ба ҳамкории иқтисодӣ ва тиҷоратии Созмони ҳамкории исломӣ (COMCEC) иштирок намуд.

АКС: Сафорати Тоҷикистон дар Туркия

Ноябрь 29, 2022 08:44

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар ноҳияи Ҷайҳун сохтмони неругоҳи барқи офтобӣ бо иқтидори 250 мегаватт идома дорад
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи сиёсати аграрӣ» таҳия гардидааст
КОНСЕПСИЯИ ИҚТИСОДИ РАҚАМӢ. Он санади муҳим дар самти рақамикунонии иқтисодиёти миллии Тоҷикистон аст
Барномаи рушди чарогоҳҳо барои таҳкими иқтисоди Тоҷикистон замина фароҳам меорад
Дар самти шарқии шаҳри Душанбе зеристгоҳи нави барқии 220 кВ сохта мешавад
Дар Душанбе ҳамоиши картошкапарварон ва намоиш-фурӯши картошка баргузор мегардад
Густариши ҳамкории иқтисодию тиҷоратии Тоҷикистону Олмон баррасӣ гардид
Дар Тоҷикистон ҳамоиши картошкапарварон баргузор мешавад
Байни соҳибкорони вилояти Суғд ва Қазоқистон санадҳои нави ҳамкорӣ ба имзо расиданд
Дар Душанбе самтҳои ҳамкорӣ бо ҳайати Палатаи савдои хориҷии Олмон баррасӣ гардид
Дар Остона дурнамои рушди ҳамкории Тоҷикистону Қазоқистон дар соҳаҳои электроэнергетика ва нафту газ баррасӣ гардид
Тоҷикистон дар доираи татбиқи Консепсияи рушди соҳаи ангишт ҳаҷми истихроҷи ангиштро ба 15 миллион тонна мерасонад