Тоҷикистон ва Туркманистон ҳамкориро дар соҳаи фарҳанг ва санъат густариш медиҳанд

Ноябрь 29, 2022 16:41

ДУШАНБЕ, 29.11.2022 /АМИТ «Ховар»/. 28 ноябр дар шаҳри Ашқобод Вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Зулфия Давлатзода бо муовини Раиси Девони Вазирони Туркманистон Меҳриҷамал Маммедова мулоқот намуд, иттилоъ доданд ба АМИТ «Ховар» дар маркази матбуоти Вазорати фарҳанги мамлкат.

Ҷонибҳо дар мулоқот оид ба масъалаҳои таҳким ва густариши ҳамкории дуҷониба дар соҳаи фарҳанг ва санъат табодули афкор намуданд.

Онҳо зикр карданд, ки баргузории дарсҳои маҳорат барои донишҷӯёни дар донишгоҳҳои соҳавӣ таҳсилкунанда, сафарҳои дастаҳои эҷодӣ, инчунин баргузории чорабиниҳои гуногуни муштараки фарҳангӣ заминаи мусоид барои рушди бештари ҳамкорӣ дар соҳаи фарҳанг байни Тоҷикистону Туркманистон мегардад.

Дар вохўрӣ масъалаи таҳкими ҳамкорӣ миёни Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон ба номи Мирзо Турсунзода ва Донишкадаи давлатии фарҳанги Туркманистон, инчунин Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон ва Академияи давлатии санъати тасвирии Туркманистон мавриди баррасӣ қарор гирифт.

Ёдовар мешавем, ки 23 ноябр дар Кохи Макоми шаҳри Ашқобод Рӯзҳои фарҳанги Тоҷикистон дар Туркманистон оғоз гардид, ки дар он барномаи рангини консертии ҳунармандони тоҷик ва намоиши филми мустанад дар бораи Тоҷикистон манзури тамошобинон гардид.

Инчнин 24 ноябр дар Осорхонаи ба номи Сафармурод Ниёзов намоиши аксҳо, мусаввараҳо, либосҳои миллӣ, ҳунарҳои мардумӣ, ҳунарҳои дастӣ, таомҳои миллӣ, шириниҳо ва анвои гуногуни нонҳои тоҷикӣ ба тамошо гузошта шуд.

Хотиррасон мешавем, ки аз 22 то 26 ноябри соли равон Рӯзҳои фарҳанги Тоҷикистон дар Туркманистон баргузор гардид.

АКС: Вазорати фарҳанги ҶТ

Ноябрь 29, 2022 16:41

Хабарҳои дигари ин бахш

Оид ба омӯзиши Панҷакенти қадим конференсияи илмӣ баргузор мешавад
Дар Хоруғ муассисаҳои соҳаи фарҳанг навсозӣ мешаванд
Муовини Вазири фарҳанг ва иршоди исломии Эрон дар Осорхонаи миллӣ бо тамаддуни бостонии тоҷикон шинос шуд
Гирандагони Шоҳҷоизаи Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон – Ватани азизи ман» дар соли 2026 муайян гардиданд
Маросими ҷоизасупорӣ ба ғолибони Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон–Ватани азизи ман» оғоз гардид
Феҳристи ёдгориҳои Намоиши байналмилалии «Тоҷикистон- кишвари ёдгориҳои нодир» таҳия гардид
Имрӯз маросими ҷоизасупории Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон–Ватани азизи ман» баргузор мегардад
«КИТОБИ ДУШАНБЕ». Дар намоишгоҳи байналмилалӣ беш аз ду ҳазор номгӯй китоб пешниҳод гардид
Намояндагони Тоҷикистон дар Италия Нигористони Боргезеро тамошо намуданд
«РОБИАИ БАЛХӢ–НАХУСТИН НИДОИ ИШҚ». Бахшида ба 1050-солагии Робиаи Балхӣ ҳамоиши илмӣ–адабӣ доир шуд
Дар Душанбе бо иштироки беш аз 30 муассисаи нашриявӣ намоиши китоб оғоз гардид
«TAJIKISTAN, UNA CULTURA DA SCOPRIRE». Нашрияи итолиёвӣ доир ба мероси таърихию фарҳангии тоҷикон мақола чоп намуд