Токаев дар мубоҳисаҳои телевизионии номзадҳо ба мақоми президенти Қазоқистон ширкат намеварзад

Ноябрь 9, 2022 11:20

ДУШАНБЕ, 09.11.2022 /АМИТ «Ховар»/. Президенти Қазоқистон Қосим-Жомарт Токаев дар мубоҳисаҳои телевизионии номзадҳо ба мақоми президенти Қазоқистон ширкат намекунад ва ӯро роҳбари ситоди ҷамъиятӣ, раиси Маҷлиси (палатаи поёнии) порлумони ҷумҳурӣ Ерлан Кошанов иваз мекунад, чунин бармеояд аз пахши ҷаласаи Комиссияи марказии интихобот, ки дирӯз, 8 ноябр баргузор шуд, хабар медиҳад АМИТ «Ховар».

Қаблан Комиссияи марказии интихоботи Қазоқистон 11 ноябрро рӯзи баргузории мубоҳисаҳои телевизионии номзадҳо ба мақоми президенти ҷумҳурӣ муайян карда буд.

Дар ҷаласаи рӯзи сешанбе аъзои КМИ қарореро ба тасвиб расониданд, ки тибқи он дар феҳристи ширкаткунандагони мубоҳисаҳои телевизионии пешазинтихоботӣ ба ҷои Токаев Кошанов интихоб шудааст.

Интихоботи пеш аз муҳлати президентӣ дар Қазоқистон 20 ноябр баргузор мешавад. Шаш нафар ба унвони номзад ба мақоми президентӣ сабти ном шудаанд, ки миёни онҳо президенти кунунӣ низ ҳаст.

София ШОИК,
АМИТ «Ховар»

АКС: АБИ «Казинформ»

Ноябрь 9, 2022 11:20

Хабарҳои дигари ин бахш

Палатаи поёнии парлумони Беларус дар ҳайати пурра интихоб гардид
Қатар барои шаҳрвандони Тоҷикистон раводидро бекор намуд
Прабово Субианто дар интихоботи президенти Индонезия пирӯз гардид
Директори генералии Созмони ҷаҳонии тандурустӣ Тедрос Аданом Гебрейесус изҳор намуд, ки ҷаҳон ба пандемияи нав омода нест
Александр Стубб дар интихоботи президентии Финландия пирӯз шуд
Дар интихоботи президентии Озарбойҷон Илҳом Алиев бо гирифтани 92,05% овози интихобкунандагон пешсаф мебошад
Теъдоди ҳалокшудагон бар асари сӯхтори ҷангал дар Чили ба 131 нафар расид
Имрӯз дар Озарбойҷон интихоботи ғайринавбатии президентӣ баргузор мешавад
Олжас Бектенов сарвазири нави Қазоқистон таъйин шуд
Дар Озарбойҷон пеш аз баргузории интихоботи президентӣ рӯзи хомӯшӣ эълон гардидааст
Бо сабаби барфи зиёд дар минтақаи Токио 1,8 ҳазор манзил бе барқ мемонанд
ТУРКИЯ ФАЛОКАТИ АСРРО БА ҲАМРАЪЙИИ АСР ТАБДИЛ ДОД. Имрӯз аз заминларзаи шадиди Туркия як сол сипарӣ гардид