Вакили Маҷлиси намояндагон дар кори комиссияҳои Ассамблеяи байнипарлумонии СААД иштирок намуд
ДУШАНБЕ, 02.11.2022 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Мавлуда Мирзозода дар кори ҷаласаи нақшавии комиссияҳои доимии Ассамблеяи байнипарлумонии Созмони Аҳдномаи амнияти дастҷамъӣ (АБ СААД) оид ба масоили сиёсӣ ва ҳамкории байналмилалӣ, ки дар шаҳри Еревани Ҷумҳурии Арманистон дар реҷаи фосилавӣ (онлайн) баргузор гардид, ширкат варзида, оид ба мавзӯъҳои баррасишуда ибрози андеша намуд. Дар ин бора АМИТ «Ховар» бо истинод ба котиби матбуоти Маҷлиси намояндагон Муҳаммадато Султонов хабар дод.
Дар рӯзномаи ҷаласаи мазкур масъалаҳо «Дар бораи самтҳои афзалиятноки раёсати Ҷумҳурии Беларус дар Созмони Аҳдномаи амнияти дастҷамъӣ дар соли 2023», «Дар бораи натиҷаҳои кори ҷаласаи 22-юми зимистонаи Ассамблеяи Парлумонии Созмони Амният ва Ҳамкории Аврупо (феврали соли 2023, Вена)», «Дар бораи ҳуҷҷатҳои парлумонҳои кишварҳои узви СААД, ки аз ҷониби Ассамблеяи парлумонии СААД ворид шудаанд» ва «Дар бораи рӯз ва ҷои гузаронидани маҷлиси навбатии комиссия ва рӯзномаи муваққатӣ» мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.
Иштирокчиёни ҷаласаи нақшавии комиссияҳои доимии АБ СААД ҳамчунин таъкид намуданд, ки ҳамкории байнипарлумонии давлатҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил дар шаклҳои гуногуни ҳамкории дуҷониба ва бисёрҷониба амалӣ карда мешавад.
Таъкид карда шуд, ки маҳз фаъолияти дастҷамъона ва мубодилаи таҷриба дар ин самт воситаи ягонаи таъмини амнияту оромӣ дар минтақа хоҳад буд.
Дар кори ҷаласаи нақшавии комиссияҳои доимии АБ СААД дар шаҳри Еревани Ҷумҳурии Арманистон намояндаи Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар қароргоҳи Ассамблеяи байнипарлумонии давлатҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил дар шаҳри Санкт — Петербург Бахтовар Сафарзода иштирок намуд.
Акс: МН МО ҶТ








Раиси Маҷлиси намояндагон бо Сафири Беларус дар Тоҷикистон вохӯрӣ намуд
Дар иҷлосияи Маҷлиси намояндагон ба якчанд қонун тағйиру иловаҳо ворид гардид
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Файзалӣ Идизода бо Аҳмад бин Муҳаммад Ал-Ҷарвон ба таври маҷозӣ вохӯрӣ намуд
Рустами Эмомалӣ аз шаҳри Тошканд ба шаҳри Бухоро ташриф оварданд
Ҷаласаи навбатии иҷлосияи сеюми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор шуд
Президенти Ҷумҳурии Узбекистон Шавкат Мирзиёев Рустами Эмомалиро бо ордени «Барои хизмати фидокорона» сарфароз гардониданд
Мулоқоти Рустами Эмомалӣ бо Президенти Ҷумҳурии Узбекистон Шавкат Мирзиёев
Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Рустами Эмомалӣ аз Маркази тамаддуни исломӣ дар шаҳри Тошканд боздид намуданд
Рустами Эмомалӣ бо Раиси Сенати Олий Мажлиси Ҷумҳурии Узбекистон Танзила Нарбаева мулоқот намуданд
Рустами Эмомалӣ дар Тошканд бо Нақшаи генералии лоиҳаи шаҳрсозии «Тошканди нав» шинос шуданд
Рустами Эмомалӣ дар назди муҷассамаи Истиқлолият дар боғи «Узбекистони Нав» гулчанбар гузоштанд






