Вакили Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон дар ҷаласа оид ба ҳифзи ҳуқуқҳои инсон дар Истанбул иштирок намуд
ДУШАНБЕ, 22.11.2022 /АМИТ «Ховар»/. 21-22 ноябр вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Мавлуда Мирзозода дар кори ҷаласаи муштараки Дафтари минтақавии Комиссари Олии Созмони Милали Муттаҳид оид ба ҳуқуқи инсон дар Осиёи Марказӣ ва Дафтари минтақавии Барномаи рушди СММ дар Истанбул, ки ба хотири пешбурд ва ҳифзи ҳуқуқҳои инсон дар баробари чолишҳои минтақавӣ ва ноустувориҳои ба ҳам пайвастаи марбут ба низоъ, тағйирёбии иқлим ва нақзи ҳуқуқи инсон баргузор гардид, иштирок намуд. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» котиби матбуоти Маҷлиси намояндагон Муҳаммадато Султонов хабар дод.
Вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Мавлуда Мирзозода дар назди иштирокчиёни ҷаласаи мазкур иброз намуд, ки «итминон дорам, ин вохӯрии минтақавӣ дар самти рушду таҳкими минбаъдаи робитаҳои мо дар соҳаи ниҳодҳои миллии ҳуқуқи башари кишварҳои Осиёи Марказӣ қадами муҳим хоҳад буд».
Дафтарҳои Комиссари Олии Созмони Милали Муттаҳид оид ба ҳуқуқи инсон ва Барномаи рушди СММ арзиши худро ҳамчун мақомоти муассири вокуниш ба пешбурд ва ҳифзи ҳуқуқи инсон бо истифода аз нуфузи муассисаҳои миллии ҳуқуқи инсон барои қабули қарорҳои сиёсати миллӣ ба таври боварибахш ва бо стандартҳои байналмилалӣ исбот кардаанд.
Тибқи муқаррароти моддаи 14-и Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд тавассути Конститутсия, қонунҳои ҷумҳурӣ ва санадҳои ҳуқуқии байналмилалие, ки Тоҷикистон онҳоро эътироф кардааст, ҳифз карда мешаванд.
Дар айни замон Ҷумҳурии Тоҷикистон бо созмонҳои байналмилалӣ, дар соҳаи ҳуқуқи инсон бо дарназардошти намунаҳои институтҳои миллии ҳуқуқи инсон бо сохторҳои зерин -Комиссия оид ба иҷрои уҳдадориҳои байналмилалӣ дар соҳаи ҳуқуқи инсон, Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон, шуъбаи кафолатҳои ҳуқуқи инсони Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар кишвар ҳамкории зич дорад.

Ин ниҳодҳо барои мусоидат ба иҷрои уҳдадориҳои байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи ҳуқуқи инсон таъсис дода шудаанд.
Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон барои ташаккули ҷомеаи шаҳрвандӣ заминаи устувор гузошта, рушди озоди ҳар шахс ва ҳуқуқу озодиҳои асосии инсон ва шаҳрванд, аз қабили озодии баён, гуногунандешӣ, ошкорбаёниро кафолат медиҳад.
Имрӯз дар Тоҷикистони муосир тадриҷан институтҳои гуногуни ҷомеаи шаҳрвандӣ, аз қабили созмонҳои ғайридавлатии ҳифзи ҳуқуқ ташаккул меёбанд. Онҳо ба ин ё он дараҷа таъсири худро ба раванди сиёсӣ, ҳифзи манфиатҳои шаҳрвандон ва тараққиёти ҷамъият мерасонанд.
«Мо ният дорем, ки минбаъд низ аз ин майдон барои таҳкими робитаҳои сиёсӣ, иқтисодӣ ва экологии байни кишварҳоямон ҳам дар заминаи бисёрҷониба ва ҳам дар заминаи дуҷониба масъалаҳои марбут ба ҳуқуқи инсонро фаъолона истифода намоем»,-гуфт дар фарҷом Мавлуда Мирзозода.
Ёдовар мешавем, ки ҷаласаи муштараки Дафтари минтақавии Комиссари Олии Созмони Милали Муттаҳид оид ба ҳуқуқи инсон дар Осиёи Марказӣ ва Дафтари минтақавии Барномаи рушди СММ дар Истанбул, ки ба хотири пешбурд ва ҳифзи ҳуқуқҳои инсон дар баробари чолишҳои минтақавӣ ва ноустувориҳои ба ҳам пайвастаи марбут ба низоъ, тағйирёбии иқлим ва нақзи ҳуқуқи инсон бахшида шудааст, шоми имрӯз, 22 ноябр анҷом меёбад.
Акс: МН МО ҶТ








Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Файзалӣ Идизода бо Аҳмад бин Муҳаммад Ал-Ҷарвон ба таври маҷозӣ вохӯрӣ намуд
Рустами Эмомалӣ аз шаҳри Тошканд ба шаҳри Бухоро ташриф оварданд
Ҷаласаи навбатии иҷлосияи сеюми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор шуд
Президенти Ҷумҳурии Узбекистон Шавкат Мирзиёев Рустами Эмомалиро бо ордени «Барои хизмати фидокорона» сарфароз гардониданд
Мулоқоти Рустами Эмомалӣ бо Президенти Ҷумҳурии Узбекистон Шавкат Мирзиёев
Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Рустами Эмомалӣ аз Маркази тамаддуни исломӣ дар шаҳри Тошканд боздид намуданд
Рустами Эмомалӣ бо Раиси Сенати Олий Мажлиси Ҷумҳурии Узбекистон Танзила Нарбаева мулоқот намуданд
Рустами Эмомалӣ дар Тошканд бо Нақшаи генералии лоиҳаи шаҳрсозии «Тошканди нав» шинос шуданд
Рустами Эмомалӣ дар назди муҷассамаи Истиқлолият дар боғи «Узбекистони Нав» гулчанбар гузоштанд
Сафари расмии Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Рустами Эмомалӣ ба Ҷумҳурии Узбекистон
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид






