Вазири молия бо ҳайати Фонди байналмилалии рушди кишоварзӣ барои Тоҷикистон ва ҳайати Бонки содироту воридоти Корея мулоқот намуд

Ноябрь 10, 2022 14:41

ДУШАНБЕ, 10.11.2022 /АМИТ «Ховар»/. 9 ноябр Вазири молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Файзиддин Қаҳҳорзода бо Директори навтаъйини кишварии Фонди байналмилалии рушди кишоварзӣ барои Ҷумҳурии Тоҷикистон Роберто Лонго мулоқот намуд ва ҷонибҳо вобаста ба ҷараёни татбиқи лоиҳаҳои муштараки сармоягузорӣ дар соҳаи кишоварзӣ ва рушди деҳот мубодилаи афкор намуданд. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» дар Вазорати молия хабар доданд.

Зимни вохӯрӣ таваҷҷуҳи хосса ба масъалаҳои марбут ба таҳия ва татбиқи лоиҳаҳои нави сармоягузории Фонд ҷиҳати таъмини амнияти озуқаворӣ, баланд бардоштани сатҳи зиндагии аҳолӣ ва таҳкими устувории муҳити зист изҳор карда шуд.

Ҷонибҳо оид ба рушду густариши ҳамкории судманд миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Фонди байналмилалии рушди кишоварзӣ ба мувофиқа расиданд.9 ноябр Вазири молия Файзиддин Қаҳҳорзода инчунин бо ҳайати Бонки содироту воридоти Корея (Korea Eximbank) таҳти роҳбарии мудири кулли Раёсати амалиёт Ин-Кю Чо, ки бо сафари корӣ ба шаҳри Душанбе ташриф овардаанд, вохӯрӣ намуд.Дар вохӯрӣ ҷонибҳо вобаста ба амалӣ намудани Барномаи шарикии инноватсионии иқтисодӣ (EIPP), ки аз маблағҳои грантӣ ташаккул ёфта, ба тавсеаи ҳамкории иқтисодӣ ва рушд миёни Корея ва мамлакатҳои рӯ ба тараққӣ тавассути машваратҳои сиёсӣ ё омодасозии асосноккунии техникӣ-иқтисодии лоиҳаҳои давлатӣ равона шудааст, гуфтугӯи судманд намуданд.

АКС: Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ноябрь 10, 2022 14:41

Хабарҳои дигари ин бахш

Вазорати нақлиёти Тоҷикистон барои навсозии роҳи «Балҷувон-Сари Хосор» бо ширкати чинӣ қарордод ба имзо расонид
Гардиши савдои хориҷии Тоҷикистон беш аз 35 фоиз афзоиш ёфтааст
Дар Душанбе ҷалби сармояи мустақими Саудӣ ба иқтисодиёти Тоҷикистон баррасӣ гардид
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ 8,5 фоиз афзоиш ёфтааст
Корхонаи воҳиди давлатии «Почтаи Тоҷикистон» фаъолияташро дар шакли муосир ба роҳ мондааст
Дар Тоҷикистон 1028 гармхонаи доимамалкунанда мавҷуд аст
Дар ноҳияи Ҷайҳун ҷамъоварии сабзӣ идома дорад
МАВСИМИ ХУРМО ФАРО РАСИД. Аз истеъмоли ин мева барои саломатӣ истифода бояд бурд
Барои кишти соли 2027 беш аз 218 ҳазор тонна картошкаи тухмӣ захира мегардад
Дар нуҳ моҳи соли 2026 беш аз 15 ҳазор аъзои иттифоқи касаба ба солимгардонӣ фаро гирифта шуданд
Рушди низоми миллии зондкунии фосилавии Замин дар Тоҷикистон баррасӣ гардид
Дар Тоҷикистон вазъи мелиоративии беш аз 91 ҳазор гектар замин беҳтар гардонида мешавад