ЗАБОНИ МОДАРИРО ПОС ДОРЕМ! Дар шаҳри Қазони Россия хурдсолони тоҷик забони модарӣ меомўзанд
ДУШАНБЕ, 16.11.2022 /АМИТ «Ховар»/. 14 ноябри соли равон дар «Хонаи дӯстии халқҳо» -и шаҳри Қазони Тотористон барои кўдакони тоҷик дар мактаби якшанбегии омӯзиши забони модарӣ аввалин дарс доир шуд, ки он бо ибтикори Ташкилоти ҷамъиятии тоҷикони муқими ин шаҳр роҳандозӣ гардид, хабар доданд ба АМИТ «Ховар» дар Шўрои ҷамъиятии назди Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Россия.
Ба мактаби якшанбегии омӯзиши забони модарӣ фарзандони тоҷикони муқими шаҳри Қазон фаро гирифта мешаванд, ки аксари онҳо дар мактабҳои миёнаи русӣ дар синфҳои ибтидоӣ таҳсил карда, забони тоҷикиро дар сатҳи гуфтугў дар доираи суҳбат бо хонавода медонанд.
Дар ин мактаб онҳо доир ба таъриху фарҳанги қадимаи миллати тоҷик, рамзҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар муқаддасоти миллӣ маълумоти мухтасар гирифта, инчунин хурдсолон ба омўзиши алифбои тоҷикӣ машғул мешаванд.
Ҳадафи аслии таъсиси ин мактаб, пеш аз ҳама, тарғибу ташвиқи омӯзиши забони тоҷикӣ барои фарзандони тоҷикони бурунмарзӣ аст, ки онҳо забони модари худро нигоҳ доранд.
Чуноне дар ҳар дарс дар ин мактаб хонандагон ин байтро такрор ба такрор мехонанд:
Забони модариро пос дорем,
Ки аз модар варо мерос дорем!
Тоҷикони шаҳри Қазон имкон доранд, ки фарзандони худро барои омўзиши забони модарӣ ба ин мактаб ҷалб намоянд. Дарсҳои забони тоҷикӣ рӯзҳои якшанбе, соати 16:00 дар бинои Хонаи дӯстии халқҳо, кӯчаи Павлюхина, №57-и шаҳри Қазон доир мегарданд. Тел +79600516297
АКС: Шўрои ҷамъиятии назди Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Россия










Муовини Вазири фарҳанг ва иршоди исломии Эрон дар Осорхонаи миллӣ бо тамаддуни бостонии тоҷикон шинос шуд
Гирандагони Шоҳҷоизаи Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон – Ватани азизи ман» дар соли 2026 муайян гардиданд
Маросими ҷоизасупорӣ ба ғолибони Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон–Ватани азизи ман» оғоз гардид
Феҳристи ёдгориҳои Намоиши байналмилалии «Тоҷикистон- кишвари ёдгориҳои нодир» таҳия гардид
Имрӯз маросими ҷоизасупории Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон–Ватани азизи ман» баргузор мегардад
«КИТОБИ ДУШАНБЕ». Дар намоишгоҳи байналмилалӣ беш аз ду ҳазор номгӯй китоб пешниҳод гардид
Намояндагони Тоҷикистон дар Италия Нигористони Боргезеро тамошо намуданд
«РОБИАИ БАЛХӢ–НАХУСТИН НИДОИ ИШҚ». Бахшида ба 1050-солагии Робиаи Балхӣ ҳамоиши илмӣ–адабӣ доир шуд
Дар Душанбе бо иштироки беш аз 30 муассисаи нашриявӣ намоиши китоб оғоз гардид
«TAJIKISTAN, UNA CULTURA DA SCOPRIRE». Нашрияи итолиёвӣ доир ба мероси таърихию фарҳангии тоҷикон мақола чоп намуд
Ҷашнвораи ҳаштуми байналмилалии театрҳои лӯхтак «Чодари хаёл» оғоз гардид
Пагоҳ Намоишгоҳи чордаҳуми байналмилалии «Китоби Душанбе» оғоз мегардад






