«28 СОЛИ ТАЛОШҲО БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ОБОДИИ ВАТАН». Дар Душанбе бахшида ба таъсиси ҲХДТ ҳамоиши сиёсӣ-фарҳангӣ доир шуд

Декабрь 9, 2022 13:17

ДУШАНБЕ, 09.12.2022 /АМИТ «Ховар»/. 7 декабр бо ибтикори Кумитаи  иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе бахшида ба 28-умин солгарди таъсиси ҳизб дар Донишгоҳи славянии Россияву Тоҷикистон таҳти унвони «28 соли талошҳо барои пешрафт ва ободии Ватан» ҳамоиши сиёсӣ-фарҳангӣ доир гардид. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» дар Кумитаи Иҷроияи Марказии ҲХДТ хабар доданд.

Дар ҳамоиш роҳбари маркази матбуот ва таҳлили Кумитаи Иҷроияи Марказии ҲХДТ Илҳомҷон Ҳамидиён, раиси Кумитаи иҷроияи ҳизбии шаҳри Душанбе Иброҳим Мирзозода, кормандони сохторҳои ҳизбии шаҳр ва ноҳияҳои он, инчунин сарбозону афсарони қисмҳои низомӣ иштирок намуданд.

Иброҳим Мирзозода зикр кард, ки 10 декабр аз таъсиси ҲХДТ 28 сол сипарӣ мегардад. «Маҳаки асосии фаъолияти ҲХДТ-ро хизмат ба халқ ва ормонҳои миллӣ ташкил дода, тӯли 28 соли фаъолияти пурсамар ҳизб зери шиори «Барои пешрафт ва зиндагии шоистаи мардум» ҷомеаро ба марҳилаҳои неку арзанда расонид», — тазаккур дод ӯ.


Дар идома гуфта шуд, ки баъди ба даст овардани Истиқлолияти миллӣ дар кишвар давраи печидае ба амал омада, ҷанги таҳмилӣ оғоз ёфт. Замоне, ки ҷанги шаҳрвандӣ дар минтақаҳои кишвар шиддат меёфт ва мардум мунтазири паёми сулҳу субот ва шукуфоӣ буданд, зарурати таърихӣ барои таъсис додани ҳизби сиёсие ба вуҷуд омад, ки бояд фарогири дидгоҳҳои қишрҳои мухталифи ҷомеа бошад. Аз ин лиҳоз, зарур буд, ки мардум дар меҳвари мафкураи сиёсии созанда сарҷамъ биёянд ва ба мухолифату даргириҳои фоҷиабор, ки оқибатҳои ногувор ба бор оварда буданд, анҷом бахшанд.

Ҳамчунин иброз гардид, ки ҳарчанд ин марҳилаи кӯтоҳ барои рушду такомули ҳамаҷониба ва густурдаи як ҳизби сиёсӣ чандон давраи тӯлонӣ маҳсуб намешавад, вале ба ин нигоҳ накарда, ҲХДТ бо роҳбарии Пешвои миллат, Раиси муаззами ҳизб муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон масири пурифтихореро паси сар кард, ки арзиши даҳсолаҳоро дорад ва дастовардҳои сиёсии он дар саҳифаҳои давлатдории навини тоҷикон бо хатҳои заррин сабт хоҳанд шуд.

АКС: Маркази матбуот ва таҳлили Кумитаи Иҷроияи Марказии ҲХДТ

Декабрь 9, 2022 13:17

Хабарҳои дигари ин бахш

АЗ НАСБИ ПАНЕЛҲОИ ОФТОБӢ ТО ЗАХИРАИ СӮЗИШВОРӢ. Муассисаҳои тандурустии Тоҷикистон ба зимистони солҳои 2026–2027 омода мебошанд
Дар Бохтар бахшида ба Иҷлосияи XVI Шурои Олӣ конференсияи ҳизбӣ баргузор шуд
Дар Душанбе Форуми байналмилалии тандурустӣ-2026 баргузор гардид
Ташаббусҳои Тоҷикистон дар соҳаи зеҳни сунъӣ дар Шанхай муаррифӣ карда шуданд
Дар ноҳияи Ёвон бахшида ба Рӯзи Президент ҳамоиши сиёсӣ-фарҳангӣ доир гардид
Ба муносибати 35-солагии муносибатҳои дипломатии Тоҷикистону Чин конфронси байналмилалӣ доир шуд
Дар Тоҷикистон рақамикунонии низоми нафақа тақвият меёбад
Дар Кӯлоб бахшида ба Рӯзи Президент конференсияи илмӣ-амалӣ баргузор шуд
Муовини Сарвазири Тоҷикистон ба ифтихори Рӯзи Президент дар Академияи идоракунии давлатӣ ҳафтаи ҷашниро ифтитоҳ намуд
ПРЕЗИДЕНТ — РАМЗИ ВАҲДАТ, СУБОТ ВА ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Фирдавсӣ ҳамоиши сиёсиву фарҳангӣ баргузор шуд
Исломиддин Раҳмон: «Иҷлосияи тақдирсоз ва Рӯзи Президент саҳифаи тиллоӣ дар таърихи давлатдории тоҷикон мебошанд»
Cозишнома оид ба ҳамкории вазоратҳои адлияи давлатҳои иштирокдори ИДМ ба имзо расид