«28 СОЛИ ТАЛОШҲО БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ОБОДИИ ВАТАН». Дар Душанбе бахшида ба таъсиси ҲХДТ ҳамоиши сиёсӣ-фарҳангӣ доир шуд
ДУШАНБЕ, 09.12.2022 /АМИТ «Ховар»/. 7 декабр бо ибтикори Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе бахшида ба 28-умин солгарди таъсиси ҳизб дар Донишгоҳи славянии Россияву Тоҷикистон таҳти унвони «28 соли талошҳо барои пешрафт ва ободии Ватан» ҳамоиши сиёсӣ-фарҳангӣ доир гардид. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» дар Кумитаи Иҷроияи Марказии ҲХДТ хабар доданд.
Дар ҳамоиш роҳбари маркази матбуот ва таҳлили Кумитаи Иҷроияи Марказии ҲХДТ Илҳомҷон Ҳамидиён, раиси Кумитаи иҷроияи ҳизбии шаҳри Душанбе Иброҳим Мирзозода, кормандони сохторҳои ҳизбии шаҳр ва ноҳияҳои он, инчунин сарбозону афсарони қисмҳои низомӣ иштирок намуданд.
Иброҳим Мирзозода зикр кард, ки 10 декабр аз таъсиси ҲХДТ 28 сол сипарӣ мегардад. «Маҳаки асосии фаъолияти ҲХДТ-ро хизмат ба халқ ва ормонҳои миллӣ ташкил дода, тӯли 28 соли фаъолияти пурсамар ҳизб зери шиори «Барои пешрафт ва зиндагии шоистаи мардум» ҷомеаро ба марҳилаҳои неку арзанда расонид», — тазаккур дод ӯ.


Дар идома гуфта шуд, ки баъди ба даст овардани Истиқлолияти миллӣ дар кишвар давраи печидае ба амал омада, ҷанги таҳмилӣ оғоз ёфт. Замоне, ки ҷанги шаҳрвандӣ дар минтақаҳои кишвар шиддат меёфт ва мардум мунтазири паёми сулҳу субот ва шукуфоӣ буданд, зарурати таърихӣ барои таъсис додани ҳизби сиёсие ба вуҷуд омад, ки бояд фарогири дидгоҳҳои қишрҳои мухталифи ҷомеа бошад. Аз ин лиҳоз, зарур буд, ки мардум дар меҳвари мафкураи сиёсии созанда сарҷамъ биёянд ва ба мухолифату даргириҳои фоҷиабор, ки оқибатҳои ногувор ба бор оварда буданд, анҷом бахшанд.
Ҳамчунин иброз гардид, ки ҳарчанд ин марҳилаи кӯтоҳ барои рушду такомули ҳамаҷониба ва густурдаи як ҳизби сиёсӣ чандон давраи тӯлонӣ маҳсуб намешавад, вале ба ин нигоҳ накарда, ҲХДТ бо роҳбарии Пешвои миллат, Раиси муаззами ҳизб муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон масири пурифтихореро паси сар кард, ки арзиши даҳсолаҳоро дорад ва дастовардҳои сиёсии он дар саҳифаҳои давлатдории навини тоҷикон бо хатҳои заррин сабт хоҳанд шуд.
АКС: Маркази матбуот ва таҳлили Кумитаи Иҷроияи Марказии ҲХДТ








ПУРСИДЕД, ҶАВОБ МЕДИҲЕМ. Ҳангоми интиқоли маблағ ба кортҳои шахсони ношинос ба чӣ бояд диққат дод?
Дар Алмато платформаи миллии рақамии тандурустии Тоҷикистон муаррифӣ гардид
«ИСТИҚЛОЛ — ГАНҶИ МИЛЛАТ, БАҚОИ ДАВЛАТ». Бо чунин унвон дар шаҳри Хуҷанд ҳамоиши ҷумҳуриявӣ доир шуд
Оид ба дурнамои дӯстӣ ва шарикии стратегии Тоҷикистону Туркманистон конфронси байналмилалӣ доир гардид
Мавзеи Аксикони ноҳияи Ашт бо кӯли дорои лойи табиии шифобахш ва табиати нотакрор маъруф аст
Мактаб, оила ва ҷомеа — се неруе, ки бояд иттиҳоди ҳамешагӣ дошта бошанд
20 СЕНТЯБР — РӮЗИ ҶАҲОНИИ ТОЗАГӢ. Маданияти шаҳрнишиниро риоя бояд кард!
Ҷавонони Тоҷикистон дар Фестивали байналмилалии ҷавонон-2026 дар Екатеринбург иштирок намуданд
Дар Душанбе «Стратегияи ҳифзи саломатии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030» баррасӣ шуд
Дар Тоҷикистон Озмуни ҷумҳуриявии «Табиби сол – 2026» ҷамъбаст гардид
Байни Агентии хизмати давлатии Тоҷикистон ва Вазорати идоракунии ҳайати Ҷумҳурии Корея Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
16 СЕНТЯБР — РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ КАРДИОЛОГИЯИ ИНТЕРВЕНСИОНӢ. Табобати бемориҳои дилу раг бо истифодаи ҷарроҳиҳои муосир ва бе буриши калон ба куллӣ тағйир ёфтааст






