Ҳайати Тоҷикистон дар Конфронси сатҳи баланд дар Тошканд дар масъалаи тағйирёбии иқлим иштирок намуд
ДУШАНБЕ, 08.12.2022 /АМИТ «Ховар»/. Ҳайати Тоҷикистон таҳти сарварии муовини якуми Раиси Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании кишвар Ҳотамшо Латифзода дар Конфронси сатҳи баланд оид ба тағйирёбии иқлим: «Аз донишҳои глобалӣ ба ҳалли маҳаллӣ: муассисаҳои ба иқлим тобовар дар Осиёи Марказӣ», ки дар шаҳри Тошканди Ҷумҳурии Узбекистон баргузор гардид, иштирок намуд. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» дар Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи гражданӣ хабар доданд.
Ҳотамшо Латифзода иброз дошт, ки «мо дар давраи тағйирёбии иқлим зиндагӣ дорем, ки ба ҳама таъсир мерасонад. Тағйирёбии иқлим- ин таҳдид ва боз суръатбахши ҳамкории ҷаҳонӣ мебошад. Он ба ваҳдати мардум ва ҳамкорӣ дар самти рушди устувори ҷаҳонӣ бо дарназардошти мутобиқшавӣ ба тағйирёбии иқлим мусоидат мекунад».
Бояд гуфт, ки ба ҳайати Тоҷикистон намояндагони Кумитаи ҳифзи муҳити зист, Агентии беҳдошти замин ва обёрӣ, Вазорати кишоварзӣ, Вазорати энергетика ва захираҳои об, Агентии обуҳавошиносӣ, Вазорати корҳои хориҷӣ ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд шомил мебошанд.
Дар конфронс беш аз 140 намоянда аз кишварҳои Осиёи Марказӣ ширкат варзиданд. Онҳо зимни суханрониҳо ба фаъол будан дар муколама оид ба таҳдидҳои иқлимӣ, инчунин муттаҳид кардани неруҳо барои ноил шудан ба тавозуни оқилонаи коҳиш додани тағйирёбии иқлим ва мутобиқшавӣ ба он даъват карданд.
Конфронс аз ҷониби Барномаи Рушди СММ, Иттиҳоди Аврупо ва ҳукумати Олмон (GIZ) ташкил ва гузаронида шуд.
Иҷлосияи аввали умумӣ ба тадбирҳои баланд бардоштани устуворӣ ба тағйирёбии иқлим ва офатҳои табиӣ дар Осиёи Марказӣ бахшида шуд. Иштирокчиён дар бораи сиёсати иқлимии кишварҳои Осиёи Марказӣ дар робита ба хатарҳои амниятии марбут ба тағйирёбии иқлим изҳори назар намуданд.
Дар нишасти дуюми умумӣ оид ба робитаи «Об-энергетика-озуқаворӣ-тандурустӣ» барои ноил шудан ба Ҳадафҳои Рушди устувор иштирокчиён доираи чорабиниҳоро оид ба татбиқи мутобиқшавӣ ба тағйирёбии иқлим, чораҳои коҳиш додани хатарҳо ва баланд бардоштани устувории иқлим дар истифодаи об ва замин дар панҷ кишвари Осиёи Марказӣ баррасӣ карданд. Мавзӯи асосии ҷаласаи сеюми умумӣ шарикӣ ва табодули минтақавӣ тавассути ҷалби ҳукуматҳои миллӣ ва ниҳодҳои байниҳукуматии минтақавӣ ва платформаҳо дар минтақа буд.
Иштирокчиён зикр намуданд, ки бо дарназардошти хусусияти хатарҳои иқлимӣ ва захираҳои табиии муштарак амал барои мубориза бо тағйирёбии иқлимро метавон ҳамчун нуқтаи ибтидоии таҳкими ҳамкории минтақавӣ арзёбӣ кард. Дар солҳои охир кишварҳои Осиёи Марказӣ – Тоҷикистон, Узбекистон, Қазоқистон, Қирғизистон ва Туркманистон дар самти мутобиқшавӣ ба тағйири иқлим ва ноил шудан ба рушди сабз дар асоси сармояи табиӣ ба пешравиҳои назаррас ноил гардиданд. Онҳо ба ташаббуси таъсиси ҳамкории байнисоҳавӣ оид ба коҳиш додани тағйирёбии иқлим, мутобиқшавӣ ва устувории иқлим дар идоракунии захираҳои табиӣ пайвастанд ва онро пуштибонӣ намуданд.
АКС: КҲФ ва МГ









Дар Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа Рӯзи Парчами давлатиро ботантана ҷашн гирифтанд
Арҷгузорӣ ба муқаддасоти миллӣ вазифаи ҷонии ҳар шаҳрванди ватандӯст, — бардошт аз ҳамоиш дар Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон
Дар Русия аз соли 2027 назорати даромади муҳоҷирони меҳнатӣ пурзӯр карда мешавад
Намояндагони Тоҷикистон дар лагери ҷавонони Созмони ҳамкории Шанхай дар шаҳри Ҷинани Чин иштирок доранд
Марҳилаи тиллоии парчамдории тоҷику тоҷикистониён аз Иҷлосияи XVI Шурои Олӣ сарчашма гирифтааст
«ТОҶИКИСТОН, ПАРЧАМАТ БОДО ПАРАФШОН!». Парчами давлатӣ рамзи истиқлолу соҳибихтиёрӣ, ваҳдати миллӣ ва шарафу номуси миллат аст
Дар доираи «Барномаи омодасозии мутахассисон аз ҳисоби ҷавонон барои соҳаҳои иқтисодиёт» беш аз 41 ҳазор нафар бо ҷойи кор таъмин гардид
Дар Вазорати адлияи Тоҷикистон бахшида ба Рӯзи Парчами давлатӣ ҳамоиши илмӣ доир шуд
Дар шаш муассисаи тиббии шаҳри Душанбе барномаи рақамии «eTib» фаъол гардид
Вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон дар Конфронси Вена оид ба муҳоҷират иштирок намуд
Дар Душанбе бахшида ба татбиқи Ёддошти тафоҳум дар соҳаи тандурустӣ байни Тоҷикистон ва Амрико чорабинӣ баргузор шуд
Барномаи ҳамкорӣ байни Хадамоти иҷрои Тоҷикистон ва Бюрои иҷрои маҷбурии Узбекистон ба имзо расид






