Ассотсиатсияи гурӯҳи дӯстии байнипарлумонии кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Ҷопон таъсис ёфт
ДУШАНБЕ, 24.12.2022 /АМИТ «Ховар»/. Ассотсиатсияи гурӯҳи дӯстии байнипарлумонии кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Ҷопон таъсис ёфт, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
23 декабр Вазири корҳои хориҷии мамлакат Сироҷиддин Муҳриддин дар мулоқоти муштараки вазирони корҳои хориҷии кишварҳои Осиёи Марказӣ бо Ассотсиатсияи гурӯҳи дӯстии байнипарлумонии кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Ҷопон иштирок намуд.
Дар мулоқот таъсиси Ассосиатсияи гурӯҳи дӯстии байнипарлумонии кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Ҷопон эълон гардида, оид ба таҳкиму тавсеаи робитаҳои муштараки парлумонҳо дар доираи Ассосиатсияи мазкур табодули афкор сурат гирифт.

Тавре қаблан АМИТ «Ховар» иттилоъ дода буд, 3 август дар Душанбе Сироҷиддин Муҳриддин бо Роҳбари Гурӯҳи дӯстии байнипарлумонии Тоҷикистон ва Ҷопон Кейҷи Фуруя мулоқот намуд.
Зимни мулоқот ҷонибҳо дастовардҳои мусбати сӣ соли равобити дипломатии Тоҷикистон ва Ҷопонро таъкид намуда, нақши робитаҳои байнипарлумонӣ ва саҳми Гурӯҳи дӯстии байнипарлумониро дар рушди муносибатҳои дуҷониба миёни ду кишвар муҳим арзёбӣ карданд.
Ҷонибҳо сатҳи ҳамкории ду кишвар дар бахшҳои иқтисодиву иҷтимоӣ, омодасозии кадрҳо ва робитаҳои илмию фарҳангӣ, беҳтаргардонии зерсохтори нақлиётию логистикӣ, татбиқи санадҳои қаблан имзошудаи ҳамкорӣ, амалӣ кардани лоиҳаҳои муштарак ва ҳамчунин зарурати таҳкими минбаъдаи ҳамкории барои ҳарду кишвар судмандро таъкид намуданд.
Ҷонибҳо аҳамияти ҳамкорӣ дар доираи Муколамаи «Осиёи Марказӣ + Ҷопон»-ро ҳамчун заминаи эътимоднок ва воқеӣ дар роҳандозии ҳамкории амалӣ ва ҳамшарикии Ҷопон бо Осиёи Марказӣ зикр карданд.
Акс: ВКХ ҶТ








Донишҷӯёни Донишкадаи Diplomun Institute бо фаъолияти Намояндагии доимии Тоҷикистон дар Женева шинос шуданд
Сафири Тоҷикистон ба вазири корҳои хориҷии Алҷазоир нусхаи эътимоднома супорид
Қоҳир Расулзода: «Раёсати Тоҷикистон дар Созмони ҳамкории Шанхай ба иқтисод ва мавқеи ин созмони бонуфуз таҳким бахшид»
Дар Душанбе ҷаласаи Шурои сарони ҳукуматҳо (сарвазирон)-и давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай баргузор гардид
Имконоти сармоягузорӣ, тиҷорат ва соҳибкории Тоҷикистон дар расонаҳои Амороти Муттаҳидаи Арабӣ муаррифӣ гардиданд
Сафири Тоҷикистон бо Вазири фарҳанг, варзиш ва ҷавонони Умон вохӯрӣ намуд
Ҳамкории Тоҷикистону Миср дар соҳаи технологияи рақамӣ баррасӣ гардид
Сафири Тоҷикистон бо Вазири адлияи Кувайт мулоқот кард
Президенти Узбекистон Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистонро ба ҳузур пазируфт
ТОҶИКИСТОН ВА СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ШАНХАЙ. Саҳми давлати мо дар таҳкими ҳамкории гуногунҷанба ва баланд бардоштани нуфузи созмон назаррас аст
Сироҷиддин Муҳриддин дар ҷаласаи вазирони корҳои хориҷии Осиёи Марказӣ ва Иёлоти Муттаҳидаи Амрико дар қолаби С5+1 иштирок кард
Сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода бо муовини Сарвазир – вазири корҳои хориҷии Покистон Исҳоқ Дор мулоқот намуд






