Ассотсиатсияи гурӯҳи дӯстии байнипарлумонии кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Ҷопон таъсис ёфт

Декабрь 24, 2022 09:27

ДУШАНБЕ, 24.12.2022 /АМИТ «Ховар»/. Ассотсиатсияи гурӯҳи дӯстии  байнипарлумонии кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Ҷопон таъсис ёфт, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон.

23 декабр Вазири корҳои хориҷии мамлакат Сироҷиддин Муҳриддин дар мулоқоти муштараки вазирони корҳои хориҷии кишварҳои Осиёи Марказӣ бо Ассотсиатсияи гурӯҳи дӯстии байнипарлумонии кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Ҷопон иштирок намуд.

Дар мулоқот таъсиси Ассосиатсияи гурӯҳи дӯстии байнипарлумонии кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Ҷопон эълон гардида, оид ба таҳкиму тавсеаи робитаҳои муштараки парлумонҳо дар доираи Ассосиатсияи мазкур табодули афкор сурат гирифт.


Тавре қаблан АМИТ «Ховар» иттилоъ дода буд, 3 август дар Душанбе Сироҷиддин Муҳриддин бо Роҳбари Гурӯҳи дӯстии байнипарлумонии Тоҷикистон ва Ҷопон Кейҷи Фуруя мулоқот намуд.

Зимни мулоқот ҷонибҳо дастовардҳои  мусбати сӣ соли равобити дипломатии Тоҷикистон ва Ҷопонро таъкид намуда, нақши робитаҳои байнипарлумонӣ ва саҳми Гурӯҳи дӯстии байнипарлумониро дар рушди муносибатҳои дуҷониба миёни ду кишвар муҳим арзёбӣ карданд.

Ҷонибҳо сатҳи ҳамкории ду кишвар дар бахшҳои иқтисодиву иҷтимоӣ, омодасозии кадрҳо ва робитаҳои илмию фарҳангӣ, беҳтаргардонии зерсохтори нақлиётию логистикӣ, татбиқи санадҳои қаблан имзошудаи ҳамкорӣ, амалӣ кардани лоиҳаҳои муштарак ва ҳамчунин зарурати таҳкими минбаъдаи ҳамкории барои ҳарду кишвар судмандро таъкид намуданд.

Ҷонибҳо аҳамияти ҳамкорӣ дар доираи Муколамаи «Осиёи Марказӣ + Ҷопон»-ро ҳамчун заминаи эътимоднок ва воқеӣ дар роҳандозии ҳамкории амалӣ ва ҳамшарикии Ҷопон бо Осиёи Марказӣ зикр карданд.

Акс: ВКХ ҶТ

Декабрь 24, 2022 09:27

Хабарҳои дигари ин бахш

Сафири Тоҷикистон дар Амороти Муттаҳидаи Араб дар ҷаласаи 32-юми Шурои IRENA иштирок намуд
Дар Женева чорабинии сатҳи баланд дар мавзуи «Сулҳи устувор дар Осиёи Марказӣ: сабақҳо аз Эъломияи дӯстии абадии Хуҷанд» доир шуд
Сафири Тоҷикистон дар Амрико бо тоҷикони Канада мулоқот намуд
Сироҷиддин Муҳриддин бо Сафири Арабистони Саудӣ мулоқот намуд
Ба бузургдошти Робиаи Балхӣ ва Ҳофизи Шерозӣ дар Вена ҳамоиш доир гардид
Дар Душанбе дурнамои муносибатҳои Тоҷикистон ва Италия баррасӣ гардид
Сафири Тоҷикистон бо роҳбари ширкати аморотии Tahaluf AI мулоқот намуд
Намояндаи Тоҷикистон дар ҷаласаи 6-уми Форуми раисони шаҳрҳои Комиссияи иқтисодии СММ барои Аврупо иштирок намуд
Ҳамкории Тоҷикистон бо ширкати LANXESS Олмон баррасӣ гардид
Сафири Тоҷикистон бо раиси иҷроии Муассисаи ташаббуси сармоягузории оянда мулоқот намуд
Дурнамои муносибатҳои дуҷонибаи Тоҷикистону Умон баррасӣ гардид
Тоҷикистон ва Австрия машваратҳои сиёсӣ баргузор намуданд