АЗ ПАЁМ ТО ПАЁМ. Нақшаи амалисозии Стратегияи миллии фаъолгардонии нақши занон дар Тоҷикистон дар соли равон 83 фоиз иҷро шудааст

Декабрь 12, 2022 10:42

ДУШАНБЕ, 12.12.2022 /АМИТ «Ховар»/. Ҳукумати мамлакат ташаббусҳои занону бонувони кишварро минбаъд низ дастгирӣ карда, ба хотири ҷалби бештари онҳо ба вазифаҳои роҳбарикунанда тадбирҳои иловагӣ амалӣ мегардонад. Бо ин мақсад ба Кумитаи кор бо занон ва оила супориш дода мешавад, ки лоиҳаи қарори Ҳукумати мамлакатро дар бораи «Стратегияи миллии фаъолгардонии нақши занон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021 – 2030» ва нақшаи амалисозии онро барои солҳои 2021 – 2025 таҳия ва пешниҳод намояд. Дар ин бора Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми соли гузашта ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон супориш дода буданд. Ин Стратегия аз ҷониби Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳия ва пешниҳод гардид, ки нақшаи амалисозии он дар соли 2022 83 фоиз иҷро шудааст, иброз намуд муовини якуми Раиси Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Нигорахон Ғаффорзода ба хабарнигори АМИТ «Ховар».

Мавсуф тазаккур дод, ки Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи Стратегияи миллии фаъолгардонии нақши занон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2030 ҷиҳати иҷрои дастуру супоришҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки зимни суханронӣ дар маросими савгандёдкунии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон баён дошта буданд, дар асоси муқаррароти Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи кафолатҳои давлатии баробарҳуқуқии мардону занон ва имконияти баробари амалигардонии онҳо» ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ, инчунин санадҳои ҳуқуқии байналмилалии эътирофнамудаи Тоҷикистон санаи 30 апрели соли 2021 қабул гардидааст.

«Зарурати қабули Стратегияи миллии фаъолгардонии нақши занон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2030 ба якчанд масъалаҳо, аз ҷумла баланд бардоштани мақоми зан дар ҷомеа, фаъолгардонии нақши онҳо, аз ҷумла дарк накардани зарурати таъмини баробарии гендерӣ ва татбиқи сиёсати гендерӣ аз тарафи ҷомеа, мавҷудияти ақидаҳои қолабӣ оид ба нақш ва мақоми занон дар ҷомеа, номукаммал будани заминаи қонунгузорӣ, ҳамкории нокифояи мақомоти давлатӣ ва ташкилоти ҷамъиятӣ, ки ба масъалаҳои ҳифзи ҳуқуқ ва манфиатҳои қонунии занон машғуланд, мавҷудияти мушкилот оид ба амалисозии ҳуқуқҳои занон дар соҳаҳои меҳнат, иқтисод, фарҳанг, сиёсат ва дигар соҳаҳо алоқаманд мебошад»,-гуфт ӯ.

Стратегияи мазкур аз 11 боб ва 77 банд иборат буда, нақшаи амали он аз 8 боб, 27 банд ва 74 зербанд иборат аст. Он мақоми зан дар ҳаёти ҷамъиятию сиёсии мамлакат, фаъолгардонии шуғли занон ва нақши онҳо дар бозори меҳнат, дастгирии рушди соҳибкории занон, масоили баланд бардоштани сатҳи таҳсили занон, занон ва тандурустӣ, ташаккули дарки зарурати таъмини баробарии ҳуқуқу имконият дар тафаккури ҷамъиятӣ, самтҳои пешгирии зӯроварӣ нисбат ба занон ва таҳлили вазъи оилаҳоро дар бар мегирад.

Дар Стратегия самтҳои асосии сиёсати давлатӣ оид ба фаъолгардонии нақши занон муайян гардида, ба татбиқи принсипи баробарии ҳуқуқу озодиҳои мардону занон ва фароҳам овардани имконияти баробар барои амалисозии он аз ҷониби занон, таъмини намояндагии баробари мардон ва занон дар соҳаҳои мухталифи фаъолият, пешгирӣ ва аз байн бурдани зӯроварӣ нисбат ба занон равона шудааст.

Ҳадафи асосии Стратегия аз фароҳам овардани замина ва шароити зарурӣ ва кофӣ барои пурра зоҳир намудани қобилияти занон дар ҳамаи соҳаҳои ҳаёти иҷтимоию иқтисодӣ, татбиқи сиёсати давлатии гендерӣ, механизмҳои татбиқи кафолатҳои конститутсионии баробарҳуқуқии мардону занон, пешгирӣ ва аз байн бурдани зӯроварӣ дар оила, рушди соҳибкории занон, баланд бардоштани маърифатнокии занон, таъмини иштироки васеи онҳо дар соҳаҳои ҳаёти ҷамъиятӣ ва ба ин васила таъмини рушди устувори давлат иборат мебошад.

Стратегияи мазкур бо дарназардошти Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030, таҷрибаи бардошта аз амалисозии стратегияҳои қаблӣ оид ба фаъолгардонии нақши занон ва мутобиқи муносибати нави ҷомеаи ҷаҳонӣ ба масъалаҳои татбиқи Ҳадафҳои Рушди Устувор то соли 2030 таҳия шудааст. Стратегияи мазкур давоми ислоҳотест, ки аз лаҳзаи амалишавии Стратегияи қаблии миллии фаъолгардонии нақши занон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2011-2020 оғоз ёфта буд.

Дар Тоҷикистон нисфи аҳолии кишварро занон ташкил медиҳанд. Аз ин рӯ, ноил гаштан ба рушди устувор дар кишвар бидуни бартараф намудани нобаробарии гендерӣ, васеъ намудани имконияти занон барои истифодаи ҳуқуқҳои худ, таъмини баробарии гендерӣ, бартараф намудани сабабҳои асосии ҳуқуқмаҳдудкунии гендерӣ имконнопазир аст. Асоси пешрафт дар самти рушди устувор ва ба даст овардани баробарии амалии занону мардон васеъ намудани имконияти иқтисодӣ, сиёсӣ ва иҷтимоии занон, муносибат ба занон на танҳо ҳамчун ба гурӯҳи осебпазир, балки ҳамчун иштирокчиёни фаъоли ҷомеа бояд бошад.

София ШОИК,
АМИТ «Ховар»

АКС: Нигорахон ҒАФФОРЗОДА/ АМИТ «Ховар»

Декабрь 12, 2022 10:42

Хабарҳои дигари ин бахш

Муовини якуми Раиси ҲХДТ Маликшо Неъматзода бо муовини Дабири кулли ИДМ Нурлан Сейтимов мулоқот намуд
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Дар Тоҷикистон беш аз 4 ҳазор зан ҳамчун хизматчии давлатӣ фаъолият мекунад
МАЪРИФАТИ ҲУҚУҚӢ – КАФИЛИ РУШДИ ҶОМЕА. Андешаҳо дар мавриди Соли маърифати ҳуқуқӣ
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Шумораи маъюбон дар Тоҷикистон давоми чор соли охир дар як сатҳ қарор дорад
Агентии обуҳавошиносӣ: «Аз 8 то 11 феврал дар Тоҷикистон бориши барфу борон дар назар аст»
«МОДАР! ТУ БИҲИШТИ ҶОВИДОНӢ!». Таҳти ин унвон дар Суғд бахшида ба Рӯзи Модар чорабиниҳои гуногун баргузор мешаванд
Дар Душанбе оид ба татбиқи Стратегияи ҳифзи солимии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон саммити чорум доир шуд
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Аз ҷониби Хадамоти иҷро зиёда аз 44 ҳазор мавод ва арзу муроҷиати шахсони воқеию ҳуқуқӣ баррасӣ гардид
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Соли 2024 109 хонаи аз офатҳои табиӣ зарардида барқарор гардид
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Соли 2024 барои нафақагирон маблағгузорӣ 48 фоиз зиёд гардид
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Маркази тадқиқоти стратегии Тоҷикистон бо 26 маркази тадқиқотӣ созишномаи ҳамкорӣ дорад
«ЗАНОН-ДАР МЕҲВАРИ ПАЁМ». Дар вилояти Хатлон беш аз 19 ҳазор занон роҳбари хоҷагиҳои деҳқонӣ мебошанд