Қазоқистон ба нақша гирифтааст, ки соли 2023 ба самти Душанбе хатсайри нав ба роҳ монад
ДУШАНБЕ, 08.12.2022 /АМИТ «Ховар»/. Қазоқистон ба самти Тоҷикистон хатсайри нав оғоз мекунад. Сухан дар бораи муқаррар намудани алоқаи ҳавоӣ миёни Чимкент ва Душанбе меравад. Тавре АМИТ «Ховар» иттилоъ медиҳад, дар ин бора Kapital.kz бо истинод ба Вазорати саноат ва рушди инфрасохтори Ҷумҳурии Қазоқистон хабар додааст.
Интизор меравад, ки ифтитоҳи парвоз на пештар аз 6 моҳ, дар давраи баҳор-тобистони соли 2023 ба роҳ монда шавад. Зимнан ҳанӯз маълум нест, ки кадом ширкати ҳавопаймоии Қазоқистон интиқоли мусофиронро амалӣ менамояд.
Ҳоло миёни ду кишвар чанд хатсайри парвоз мавҷуд аст: ширкати ҳавопаймоии Тоҷикистон “Сомон Эйр” ва ширкати ҳавоии Қазоқистон “Эйр Остона” аз Душанбе ба Алмаато ва бозгашт парвоз анҷом медиҳанд.
Ёдовар мешавем, қаблан маълум гардид, ки мақомоти Тоҷикистон ва Озарбойҷон нақша доранд ояндаи наздик дар масири Душанбе-Боку парвози мустақим анҷом диҳанд.
Ҳамчунин масъалаи ифтитоҳи хатсайр миёни Душанбе ва пойтахти Гурҷистон – Тифлис низ баррасӣ шуд.
АКС аз бойгонӣ








Нақши Президенти Тоҷикистон дар бунёди низоми муосири идоракунии давлатӣ назаррас аст
САҲМИ ПРЕЗИДЕНТИ ТОҶИКИСТОН ДАР ТАКМИЛИ ФОНДИ ОСОРХОНАИ МИЛЛӢ БУЗУРГ АСТ. Эҳдо ба Рӯзи Президент
Директори Агентии «Тоҷикстандарт»: Садоқат ба Президент, садоқат ба Ватан аст!
ПЕШВОИ РАЪИЯТПАРВАРИ МИЛЛАТ. Эҳдо ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
ПАДИДАИ ПЕШВО ДАР ТОҶИКИСТОН-АКСИ САДОИ ТАЪРИХ БА НИЁЗҲОИ СИЁСИИ МИЛЛАТИ ТОҶИК. Ба Рӯзи Президенти Тоҷикистон бахшида мешавад
Эмомалӣ Раҳмон -таҳкимбахши Истиқлолияти давлатӣ ва Пешвои ваҳдатофар
Дар Осорхонаи миллӣ ба ифтихори Рӯзи Президент Рӯзи дарҳои кушод гузаронида мешавад
ҲАР РӮЗИ ФАЪОЛИЯТИ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН ТАЪРИХСОЗИСТ. Андешаҳои академик Фарҳод Раҳимӣ бахшида ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Сарвари давлат: «Ҳар як фарди ҷомеа вазифадор аст, ки моҳияту аҳаммияти Конститутсияро ба фарзандони худ ҳанӯз аз хурдсолӣ фаҳмонад»
Эмомалӣ Раҳмон: «Маҳз ба шарофати Конститутсия ва амалӣ шудани меъёрҳои он дар Тоҷикистон фазои орому осуда муҳайё гардид»
Президенти Тоҷикистон: «Конститутсия соҳибистиқлолии халқи моро ба расмият дароварда, асосҳои бунёдии ҷомеа ва давлати навини тоҷиконро муайян намуд»
КОНСТИТУТСИЯ — ШАҲОДАТНОМАИ ХАЛҚИ ТОҶИКИСТОН. Иқтибосҳо аз суханрониҳои Президенти Тоҷикистон






