Қазоқистон ба нақша гирифтааст, ки соли 2023 ба самти Душанбе хатсайри нав ба роҳ монад

Декабрь 8, 2022 12:06

ДУШАНБЕ, 08.12.2022 /АМИТ «Ховар»/. Қазоқистон ба самти Тоҷикистон хатсайри нав оғоз мекунад. Сухан дар бораи муқаррар намудани алоқаи ҳавоӣ миёни Чимкент ва Душанбе меравад. Тавре  АМИТ «Ховар» иттилоъ медиҳад, дар ин бора Kapital.kz бо истинод ба Вазорати саноат ва рушди инфрасохтори Ҷумҳурии Қазоқистон хабар додааст.

Интизор меравад, ки ифтитоҳи парвоз на пештар аз 6 моҳ, дар давраи баҳор-тобистони соли 2023 ба роҳ монда шавад. Зимнан ҳанӯз маълум нест, ки кадом ширкати ҳавопаймоии Қазоқистон интиқоли мусофиронро амалӣ менамояд.

Ҳоло миёни ду кишвар чанд хатсайри парвоз мавҷуд аст: ширкати ҳавопаймоии Тоҷикистон “Сомон Эйр” ва ширкати ҳавоии Қазоқистон “Эйр Остона” аз Душанбе ба Алмаато ва бозгашт парвоз анҷом медиҳанд.

Ёдовар мешавем, қаблан маълум гардид, ки мақомоти Тоҷикистон ва Озарбойҷон нақша доранд ояндаи наздик дар масири Душанбе-Боку парвози мустақим анҷом диҳанд.

Ҳамчунин масъалаи ифтитоҳи хатсайр миёни Душанбе ва пойтахти Гурҷистон – Тифлис низ баррасӣ шуд.

АКС аз бойгонӣ

Декабрь 8, 2022 12:06

Хабарҳои дигари ин бахш

35 тавсифи пурарзиши Президенти Тоҷикистон дар ситоиши Истиқлолияти давлатӣ
ИСТИҚЛОЛИЯТ — РАМЗИ САОДАТ ВА АСОЛАТИ МИЛЛАТ. Тавсифҳои истиқлолият аз суханҳои пурарзиши Президенти Тоҷикистон
НУРИ ХУРШЕДИ ИСТИҚЛОЛ ТО АБАД РАВШАНГАРИ ҲАЁТИ ҶОМЕАИ МО БОД! Тавсифҳои истиқлолият аз суханҳои пурарзиши Президенти Тоҷикистон
ИСТИҚЛОЛУ ОЗОДӢ — РАМЗИ ВОҚЕИИ ИФТИХОР АЗ ВАТАНУ ВАТАНДӮСТӢ. Тавсифҳои истиқлолият аз суханҳои пурарзиши Президенти Тоҷикистон
ИСТИҚЛОЛИЯТ — МАРҲАЛАИ СИФАТАН НАВИ РУШДИ ТОҶИКИСТОН. Тавсифҳои истиқлолият аз суханҳои пурарзиши Президенти Тоҷикистон
ИСТИҚЛОЛИЯТ — РАМЗИ БАРҶАСТАИ ПОЙДОРИИ ДАВЛАТ. Андешаҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон доир ба Истиқлолияти давлатӣ
ҶОИЗАИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ПРЕЗИДЕНТИ ТОҶИКИСТОН ДАР СОҲАИ ОБ–ВАСИЛАИ ТАҲКИМИ ДИПЛОМАТИЯИ ОБ ДАР ҶАҲОН. Андешаҳо дар ин маврид
ТИРГОН ШЕБУ ФАРОЗИ САДСОЛАҲОРО ГУЗАШТА, ТО БА РӮЗГОРИ МО РАСИДААСТ. Иқтибосҳо аз суханрониҳои Президенти Тоҷикистон ба муносибати ин ҷашн
Соли 2027 дар Тоҷикистон Конфронси байналмилалӣ доир ба Даҳсолаи байналмилалӣ оид ба таҳкими сулҳ барои наслҳои оянда баргузор мешавад
Фиристодаи махсуси СММ: «Давлатҳо бояд сиёсатҳо ва амалҳоро тағйир дода, сармоягузорӣ ва татбиқи лоиҳаҳоро дар соҳаи идораи захираҳои обӣ ба роҳ монанд»
Ҷоизаи байналмилалии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи об таъсис дода шуд
Сарвазири Бурунди: «Тоҷикистон ба маркази муколамаи глобалӣ оид ба масъалаҳои об табдил ёфтааст»