Қазоқистон барои Тоҷикистон шабакаҳои алоқаи моҳвораӣ ташкил мекунад
ДУШАНБЕ, 14.12.2022. /АМИТ «Ховар»/. ҶС «Маркази ҷумҳуриявии алоқаи кайҳонӣ»-и Қазоқистон бо ширкати тоҷикистонии ҶДММ «Нет Солюшенс» созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расонд. Ҷонибҳо дар бораи ташкили шабакаи алоқаи моҳвораӣ ба манфиати Ҷумҳурии Тоҷикистон тавассути моҳвораи KazSat-3 ба мувофиқа расиданд. Дар ин бора АМИТ «Ховар» бо истинод ба Агентии байналмилалии иттилоотии «Казинформ» хабар медиҳад.
Созишномаро директори генералии ширкати «Нет Солюшенс» Бахтовар Абдусатторов ва муовини раиси ҶС «Маркази ҷумҳуриявии алоқаи кайҳон» Василий Леонов ба имзо расониданд.
МҶАК омода аст то соли 2023 иқтидори транспондерии киштии кайҳонии KazSat-3-ро, ки дар мавқеи мадори 58,5 дараҷаи тӯли шарқӣ ҷойгир аст, пешниҳод намояд.
«Системаи алоқаи моҳвораии «Kazsat» омода аст, ки на танҳо дар қаламрави Ҷумҳурии Қазоқистон, балки дар қаламрави давлатҳои ҳамсоя низ хизмати алоқаи кайҳонӣ расонад.
Дар ин замина бо Қирғизистону Узбекистон ва ҳоло бо Тоҷикистон ҳамкорӣ ба роҳ монда шудааст.
«МҶАК ба нақша гирифтааст, ки минбаъд низ дар бозори байналмилалӣ ба кишварҳои Осиёи Марказӣ барои расонидани алоқаи кайҳонӣ хизмат намояд», — гуфт муовини раиси ҶС «Маркази ҷумҳуриявии алоқаи кайҳонӣ» Василий Леонов.
Дар Қазоқистон системаи миллии моҳвораии алоқа ва радиошунавонии «Kazsat» мавҷуд аст, ки аз ду моҳвораи алоқа ва маҷмааи идоракунии рӯизаминии «Аккол» ва «Коктерек» иборат аст.
Зарангези ЛАТИФ,
АМИТ «Ховар»
АКС: ҶС «МҶАК»









Ҷаласаи шарҳи маҷмуии лоиҳаҳои сармоягузории давлатии аз ҷониби Бонки Осиёии рушд маблағгузоришаванда доир шуд
Лоиҳаҳои афзалиятноки инфрасохтори нақлиётии Тоҷикистон дар «Paris InfraWeek 2026» муаррифӣ гардиданд
Дар Душанбе оид ба афзалияти иқлимии Тоҷикистон дар остонаи COP31 ва муаррифии NDC 3.0 ҳамоиш доир шуд
Ҳайати Тоҷикистон дар Форуми дуюми Тян-шон оид ба ҳамкории иқтисодӣ дар Осиёи Марказӣ иштирок намуд
Дар Левакант ҷамъоварии ҳосили пахта беш аз 100 фоиз таъмин гардид
Ҷараёни иҷрои Стратегияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаҳои илм, технология ва инноватсия барои давраи то соли 2030 баррасӣ шуд
Сулаймон Зиёзода бо ҷамъоварии ҳосили пахта дар ноҳияи Ҷаббор Расулов шинос шуд
Вазорати нақлиёти Тоҷикистон барои навсозии роҳи «Балҷувон-Сари Хосор» бо ширкати чинӣ қарордод ба имзо расонид
Гардиши савдои хориҷии Тоҷикистон беш аз 35 фоиз афзоиш ёфтааст
Дар Душанбе ҷалби сармояи мустақими Саудӣ ба иқтисодиёти Тоҷикистон баррасӣ гардид
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ 8,5 фоиз афзоиш ёфтааст
Корхонаи воҳиди давлатии «Почтаи Тоҷикистон» фаъолияташро дар шакли муосир ба роҳ мондааст






