Ба 300 нафар тарбиятгирандагони Мактаб-интернат барои кӯдакони ношунаво ва шунавоиашон сусти вилояти Суғд туҳфаҳои солинавӣ тақдим гардид

Декабрь 31, 2022 10:38

СУҒД, 31.12.2022 /АМИТ «Ховар»/. 27 декабр дар арафаи Соли нави мелодӣ Раиси вилояти Суғд тарбиятгирандагони Мактаб-интернат барои кӯдакони ношунаво ва шунавоиашон сусти ба номи Тӯхтабой Ғаффоровро аёдат намуд, хабар доданд ба АМИТ «Ховар» дар Хадамоти матбуоти Раиси вилояти Суғд.

Барои тарбиятгирандагони мактаб-интернат аз ҷониби Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят дастурхони идона ороста шуда, барномаи ҷолиби фарҳангӣ намоиш дода шуд. Раиси вилоят Раҷабой Аҳмадзода ба беш аз 300 нафар тарбиятгирандагони мактаб-интернат аз номи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон либосу туҳфаҳои солинавӣ тақдим намуд.

Раиси вилоят бо ҷараёни таълиму тарбия ва фаъолияти маҳфилҳои касбу ҳунаромӯзӣ дар мактаб — интернат шинос шуда, барои боз ҳам беҳтар намудани шароити зист ва таълиму тарбияи хонандагон ба масъулин дастуру супориш дод.

Ёдовар мешавем, ки Мактаб-интернат барои кӯдакони ношунаво ва шунавоиашон сусти ба номи Тӯхтабой Ғаффоров дар Ҷамоати деҳоти Хистеварзи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров воқеъ буда, дар он беш аз 300 нафар кӯдакони ношунаво ва шунавоиашон суст аз шаҳру ноҳияҳо ба таълиму тарбия фаро гирифта шуда, барои таҳсилу касбу ҳунаромӯзии хонандагон шароити зарурӣ фароҳам оварда шудааст.

АКС: Хадамоти матбуоти Раиси вилояти Суғд

Декабрь 31, 2022 10:38

Хабарҳои дигари ин бахш

«Қиссаҳои Шераки Ориён» аз чоп баромад
5 август дар Маркази миллии тестӣ ва Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайн нишасти матбуотӣ доир мешавад
Дар Вена масоили густариши ҳамкории Тоҷикистон бо Агентии Австрия оид ба рушд баррасӣ шуд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 35 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Консерваторияи миллии Тоҷикистон нишасти матбуотӣ доир мегардад
Дар шаҳри Душанбе ҳашари экологии «Тозагии маҳал» гузаронида шуд
4 август дар Консерваторияи миллии Тоҷикистон нишасти матбуотӣ доир мегардад
Дар Остона ҷаласаи намояндагони аршади Саммити Осиёи Марказӣ-Ҷумҳурии Корея баргузор гардид
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 39 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар доманакӯҳҳои Тоҷикистон ҳаво то 37 дараҷа гарм мешавад
Дар Донишгоҳи давлатии Хуҷанд 17 ихтисоси нав таъсис дода шуд
Дар Душанбе Форуми байналмилалӣ оид ба кори иҷтимоӣ ва хизматрасониҳои иҷтимоӣ доир гардид