Ба буҷети Тоҷикистон дар 11 моҳи соли равон аз ҳисоби андозҳо зиёда аз 14 млрд сомонӣ маблағ ворид гардид

Декабрь 13, 2022 15:56

ДУШАНБЕ, 13.12.2022 /АМИТ «Ховар»/. Дар 11 моҳи соли равон аз ҳисоби андозҳо ва дигар пардохтҳои ҳатмӣ ба буҷети давлатӣ 14 млрд 6,4 млн сомонӣ маблағ ворид гардид, хабар доданд ба АМИТ «Ховар» дар Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон.

Дар ёздаҳ моҳи соли 2022 нақшаи андозҳо ва дигар пардохтҳои ҳатмӣ ба андозаи 103,6% таъмин гардида, ба ҷойи 13 млрд 516,2 млн сомонӣ ба буҷети давлатӣ 14 млрд 6,4 млн сомонӣ ворид гардид, ки нисбат ба нишондиҳандаҳои пешбинишуда 490,2 млн сомонӣ зиёд мебошад.

Дар давраи ҳисоботӣ иҷрои нақшаи андозҳо ва пардохтҳо дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ба андозаи 106,5%, вилояти Хатлон – 102,5%, вилояти Суғд – 104,8%, шаҳри Душанбе – 100,8%, шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ дар маҷмӯъ – 100,8% ва Раёсати андози андозсупорандагони калон – 98,8% таъмин карда шуд.

Бо мақсади тибқи тартиби муқарраршуда рӯёнидани маблағи бақияи қарзи андозҳо ва пешгирии зиёдшавии он, дар ин давра аз тарафи мақомоти андоз нисбат ба андозсупорандагони қарздор 12 ҳазору 508 адад қарорҳо оид ба маҷбуран ситонидани андозҳо ба маблағи 827,3 млн сомонӣ қабул гардид. Аз ин ҳисоб ва аз ҳисоби қарорҳои дар соли 2021 қабулшуда дар маҷмӯъ ба буҷет 793,7 млн сомонӣ ворид гардид, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 37,5 млн сомонӣ зиёд аст.

Барои ба буҷет ворид намудани маблағҳои боқимонда тадбирҳои иловагӣ андешида шуда истодаанд.

АКС аз манбаъҳои боз

Декабрь 13, 2022 15:56

Хабарҳои дигари ин бахш

Истифодаи оқилонаи технологияи зеҳни сунъӣ барои рушди ҷомеа ва ҳифзи манфиатҳои миллӣ аҳамияти муҳим дорад
Дар Тоҷикистон ҳаҷми гардиши савдои дохилӣ ба беш аз 77 миллиард сомонӣ баробар шуд
Соли 2025 гардиши мол байни Тоҷикистон ва Узбекистон тақрибан 30 фоиз афзоиш ёфт
Намоишгоҳи муштараки саноатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Узбекистон оғоз гардид
Дар Тоҷикистон ба масофаи беш аз 31 ҳазор метр соҳилҳо мустаҳкам карда мешаванд
Тоҷикистон ва Ҳиндустон ҳамкориро дар самти рушди манбаъҳои барқароршавандаи энергия тавсеа мебахшанд
РУШДИ САЙЁҲӢ. Беш аз 38 ҳазор сайёҳони хориҷӣ минтақаи Кӯлобро тамошо намуданд
Дар Тоҷикистон барои беҳтар намудани вазъи мелиоративии заминҳо панҷ барнома амалӣ карда мешавад
Агентии «Тоҷикстандарт» зиёда аз 120 ҳазор воситаи ченаки корхона ва муассисаҳоро корношоям ҳисобид
Шералӣ Кабир бо Вазири сармоягузорӣ, саноат ва савдои Узбекистон Лазиз Қудратов мулоқот намуд
Дар вилояти Ҷиззах Форуми байниминтақавии соҳибкории Узбекистону Тоҷикистон баргузор шуд
Дар Тоҷикистон кишти пахта аз даҳаи охири моҳи март оғоз мегардад