Ба муносибати Соли нав дар Суғд ярмарка-фурӯши маҳсулоти кишоварзӣ ташкил шуд
ДУШАНБЕ, 26.12.2022 /АМИТ «Ховар»/. Дар арафаи Соли нави мелодӣ бо ибтикори Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят дар маркази вилояти Суғд ярмарка-фурӯши маҳсулоти кишоварзӣ ташкил гардид. Дар ярмарка маҳсулоти мавриди ниёзи аввал, аз ҷумла гӯшт, картошка, макарон, шакар, пиёз, сабзӣ, тухм, орд, биринҷ, сабзавоту меваҷот, шириниҳо, нон ва ғайра бо нархҳои то 30 дарсад нисбат ба нархи бозор арзонтар пешниҳод карда шуданд. Дар ин бора АМИТ «Ховар» бо истинод ба Хадамоти матбуоти Раиси вилояти Суғд хабар медиҳад.
Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода аз растаҳои фурӯши маҳсулот боздид карда, ҳадафи ярмарка-фурӯши маводи ғизоиро таъмини дастрасии мардум ба маҳсулоти хушсифату нисбатан арзон арзёбӣ намуд ва супориш дод, ки дар оянда низ чунин иқдом амалӣ карда шавад.
Сокинон бо изҳори қаноатмандӣ аз ярмарка-фурӯши маҳсулоти кишоварзӣ маводи зарурии худро харидорӣ карданд.
Бояд зикр намуд, ки аз оғози сол то ҳоло бо мақсади таъмини аҳолӣ бо маводи озуқа ва танзими нархҳои бозори истеъмолӣ беш аз 45 маротиба ярмарка гузаронида шуда, дар маҷмӯъ, ба миқдори 6320,2 тонна маҳсулот, аз ҷумла, 857,8 тонна орд, 221,1 тонна равғани растанӣ, 259,1 тонна гӯшти чорвою паранда, 19,4 тонна моҳӣ, 217 тонна шакар, 224,2 тонна биринҷ, 1187,0 ҳазор дона тухм, 1451,4 тонна картошка, 482,6 тонна сабзӣ, 865,0 тонна бехпиёз, 599,9 тонна сабзавоти гуногун, 471,3 тонна полезӣ, 423,5 тонна меваҷот ва 227,9 тонна дигар маҳсулоти хӯрокворӣ бо нархҳои дастрас ба фурӯш бароварда шуданд.
АКС: Хадамоти матбуоти Раиси вилояти Суғд








ЗИМИСТОНГУЗАРОНӢ. Дар Сангвор ситоди ноҳиявӣ оид ба омодагии пурра ба фаслҳои тирамоҳу зимистон таъсис ёфтааст
Дар Москва конгресси 5-уми миллӣ дар соҳаи тиб доир гардид
Дар Ҳисор бахшида ба 32-солагии қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон конференсия доир шуд
Оид ба Конститутсия ва ҷойгоҳи он дар танзими муносибатҳои идоракунии давлатӣ ҳамоиши ҷумҳуриявӣ доир шуд
«КОНСТИТУТСИЯ-КАФИЛИ АДОЛАТИ СУДӢ». Дар Суди Олии иқтисодии Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид
Муассисаи «Шабакаи гармидиҳии шаҳри Душанбе»: «Муштариён метавонанд барои ҳалли мушкилот ба рақами кӯтоҳи 14-44 занг зананд»
Доир ба саҳми академик Муҳаммадҷони Шакурӣ дар рушди илму адаб конференсияи илмӣ баргузор шуд
«КОНСТИТУТСИЯ–ПОЙДОРИИ ДАВЛАТИ ҲУҚУҚБУНЁД». Таҳти чунин унвон конференсияи ҷумҳуриявӣ доир гардид
Роҳҳои баланд бардоштани ҳосилнокии зироатро дар шаҳри Кӯлоб баррасӣ намуданд
Дар мавзуи «Конститутсия ва таъмини ҳуқуқ ба озодии эътиқод» конференсияи ҷумҳуриявӣ доир шуд
Дар ҷаласаи Шурои ҷамъиятии Ҷумҳурии Тоҷикистон механизмҳои нави ҳимояи ҳуқуқи муҳоҷирони меҳнатӣ баррасӣ гардид
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Суғд ҳамоиш доир шуд






