БАХШИДА БА 35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИЯТИ ДАВЛАТӢ. Дар Истаравшан сохтмони иншооти муҳими иҷтимоӣ идома дорад

Декабрь 21, 2022 09:46

ДУШАНБЕ, 21.12.2022 /АМИТ «Ховар»/. Ба истиқболи ҷашни таърихии 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Истаравшан сохтмони корхонаҳои саноатӣ ва дигар иншооти муҳими иҷтимоӣ идома дорад. Дар ин бора АМИТ «Ховар» бо истинод ба Хадамоти матбуоти Раиси вилояти Суғд хабар медиҳад.

Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода ба шаҳри Истаравшан сафар намуда, бо ҷараёни корҳои ободониву созандагӣ шинос гардид.

Дар деҳаи Вогати шаҳр бо саҳми аъзои хоҷагии деҳқонии «Меҳринисо» барои беҳтар намудани ҳолати мелиоративии заминҳо чоҳи амудӣ кофта шудаааст. Аъзои хоҷагии деҳқонӣ, ки ба ангурпарварӣ машғуланд, тасмим гирифтаанд вазъи таъмин бо оби полезиро беҳтар ва ҳаҷми истеҳсоли маҳсулотро зиёд намоянд. Чуқурии чоҳи амудӣ беш аз 200 метр буда, барои иҷрои корҳо аз ҷониби хоҷагӣ маблағҳои зарурӣ равона гардидаанд.

Раиси вилоят дар суҳбат бо кишоварзон ташаббуси неки онҳоро ситоиш карда, гуфт, ки дар шароити кӯҳсор бояд ҳар порча замин самаранок истифода бурда шавад. Таҷрибаи бунёди чоҳҳои амудӣ дар Истаравшан маъмул буда, хоҷагидорон бо ин роҳ заминҳои кишоварзиро шодоб мегардонанд.

Сипас Раиси вилоят бо сохтмони бинои муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 37 дар деҳаи Вогат шинос шуда, барои бо сифати баланд ба охир расонидани корҳо тавсияҳо дод. Бинои сеошёнаи таълимӣ дорои 16 синфхона буда, барои таълиму тарбияи 700 хонанда пешбинӣ шудааст. Дар муассисаи таълимӣ ҳамзамон утоқҳои фаннӣ, толори варзишиву ошхона ва дигар иншооти ёрирасон низ буёнд гардида, барои таълиму тарбияи хонандагон шароити зарурӣ фароҳам оварда мешавад.

Ҳамзамон Раиси вилоят дар шаҳри Истаравшан бо ҷараёни бунёди корхонаҳои саноатӣ шинос шуд. Яке аз онҳо корхонаи истеҳсоли телевизор, мошинаи ҷомашӯӣ ва дигар таҷҳизоти техникӣ бо бренди «ORVIGA» аст, ки аз ҷониби соҳибкор Ғанӣ Файзиев бунёд гардида истодааст. Корхона аз ҷониби ҶДММ «ORVIGA» дар масоҳати зиёда аз 2 гектар бунёд гардида, дар ҷараёни бунёди он қариб 20 нафар сохтмончиён бо ҷойи кор ва пас аз мавриди истифода қарор додани марҳилаи якум қариб 60 нафар бо ҷойи кори доимӣ таъмин мегарданд. Маҳсулоти корхона воридотивазкунанда буда, метавонад бозори дохилиро бо маҳсулоти ватанӣ таъмин созад.

Дар корхонаи дигаре аз ҷониби соҳибкор Дониёрбек Умаров бунёд шуда истодааст, истеҳсоли мебел барои кӯдакон ба роҳ монда мешавад. Корҳои сохтмонӣ дар ин корхона қариб ба анҷом расида, таҷҳизоти техникии замонавӣ аз Ҷумҳурии Мардумии Чин ворид карда хоҳад шуд. Бо мавриди истифода қарор гирифтани корхона 30 нафар бо ҷойи корӣ таъмин мегарданд.

Раҷаббой Аҳмадзода инчунин аз ҷараёни бунёди Қасри фарҳанги шаҳр дидан намуда, барои дар муҳлати пешбинишуда ба анҷом расонидани корҳо ба роҳбарияти шаҳр супоришҳо дод.

АКС: Хадамоти матбуоти Раиси вилояти Суғд

Декабрь 21, 2022 09:46

Хабарҳои дигари ин бахш

«ЯК РӮЗИ ҶАВОНӢ». Дар муассисаҳои таҳсилоти олӣ ва миёнаи касбии Тоҷикистон силсилавохӯриҳо доир мешаванд
Оид ба иҷрои «Барномаи давлатии мусоидат ба шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2023-2027» ҷаласа баргузор шуд
Дар шаҳраки Адрасмон бахшида ба Рӯзи байналмилалии оила ҳамоиши идона доир гардид
ОИЛА-МАКОНИ МЕҲРУ САДОҚАТ. Дар ноҳияи Варзоб барномаи фарҳангию фароғатӣ баргузор шуд
Дар Ҳисор бахшида ба Рӯзи байналмилалии оила ҳамоиши идона доир гардид
Доир ба масъалаи масъулияти блогерон дар таъмини фазои иттилоотӣ вохӯрӣ баргузор шуд
КОНФРОНСИ 35-УМИ МИНТАҚАВИИ СОЗМОНИ ОЗУҚАВОРӢ ВА КИШОВАРЗИИ СММ. Оид ба нақши занон дар таъмини амнияти озуқаворӣ ҳамоиш доир шуд
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Ҷайҳун муассисаи томактабӣ бунёд мегардад
Байни Тоҷикистон ва Чин дар самти таҳқиқоти академӣ Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ ба имзо расид
Дар Бадахшон 55 муассисаи томактабӣ бунёд карда мешавад
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар деҳаи Шодоби ноҳияи Варзоб муассисаи таълимӣ ба истифода дода мешавад
«БЕҲТАРИН УСТО ВА ШОГИРД». Ғолибони фестивал-озмуни ҳунармандону косибон аз рӯйи чор номинатсия муайян гардиданд

Маводҳои таҳлилӣ