Байни «Маркази ҷумҳуриявии ғизо»-и Тоҷикистон ва Академияи ғизои Қазоқистон созишномаи ҳамкорӣ баста шуд
ДУШАНБЕ, 16.12.2022 /АМИТ «Ховар»/. Миёни Муассисаи давлатии «Маркази ҷумҳуриявии ғизо»-и Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Академияи ғизои Ҷумҳурии Қазоқистон созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» дар маркази матбуоти Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.
Тибқи иттилои манбаъ, имзои созишномаи мазкур дар доираи сафари як гурӯҳ мутахассисони Муассисаи давлатии «Маркази ҷумҳуриявии ғизо»-и Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба шаҳри Алмаатои Ҷумҳурии Қазоқистон сурат гирифт.
Гурўҳи мазкур бо мақсади ба роҳ мондани ҳамкории минбаъда, табодули таҷриба ва чорабиниҳои якҷоя оид ба пешгирии бемориҳои ба ғизо алоқаманд, аз 11 то 18 декабри соли равон дар шаҳри Алмаато қарор мегирад. Мутахассисони Тоҷикистон дар доираи ин сафари корӣ оид ба масъалаҳои муҳими ғизо ба курсҳои кутоҳмуддат фаро гирифта мешаванд.
АКС: Маркази матбуоти Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон








Бахшида ба Рӯзи Парчами давлатӣ дар ноҳияи Ёвон чорабинии бошукуҳи идона баргузор гардид
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
Дар Кумитаи хоҷагии манзилию коммуналӣ ба ифтихори Рӯзи Парчами давлатӣ ҳамоиши идона доир гардид
Ҳайати Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон бо Парчами давлатии 500-метра дар роҳпаймоии идона иштирок намуданд
Сокинони Бадахшон Рӯзи Парчами давлатиро бо шукуҳу шаҳомати хосса таҷлил карданд
24 НОЯБР — РӮЗИ ПАРЧАМИ ДАВЛАТӢ. Он яке аз рамзҳои асосию муқаддаси давлатдории миллӣ ба ҳисоб меравад
Аз 1 январи соли 2027 тартиби содагардонидаи гирифтани иҷозатнома барои фаъолияти таксӣ амалӣ мегардад
ҲАММАРОМИ «ДИРАФШИ КОВИЁН». Парчами давлатӣ танҳо рамз нест, балки нишони нангу номус, шараф ва ягонагии тамоми сокинони Тоҷикистон аст
Дар Душанбе таҳти унвони «Парчам – роҳнамои ояндаи босаодат» ҳамоиш доир шуд






