Байни «Маркази ҷумҳуриявии ғизо»-и Тоҷикистон ва Академияи ғизои Қазоқистон созишномаи ҳамкорӣ баста шуд

Декабрь 16, 2022 10:29

ДУШАНБЕ, 16.12.2022 /АМИТ «Ховар»/. Миёни ​ Муассисаи давлатии «Маркази ҷумҳуриявии ғизо»-и Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Академияи ғизои Ҷумҳурии Қазоқистон созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» дар маркази матбуоти Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.

Тибқи иттилои манбаъ, имзои созишномаи мазкур дар доираи сафари як гурӯҳ мутахассисони Муассисаи давлатии «Маркази ҷумҳуриявии ғизо»-и Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба шаҳри Алмаатои Ҷумҳурии Қазоқистон сурат гирифт.

Гурўҳи мазкур бо мақсади ба роҳ мондани ҳамкории минбаъда, табодули таҷриба ва чорабиниҳои якҷоя оид ба пешгирии бемориҳои ба ғизо алоқаманд, аз 11 то 18 декабри соли равон дар шаҳри Алмаато қарор мегирад. Мутахассисони Тоҷикистон дар доираи ин сафари корӣ оид ба масъалаҳои муҳими ғизо ба курсҳои кутоҳмуддат фаро гирифта мешаванд.

АКС: Маркази матбуоти Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Декабрь 16, 2022 10:29

Хабарҳои дигари ин бахш

Бахшида ба Рӯзи Президент дар шаҳри Бӯстон Рӯзи дарҳои кушод доир гардид
ПАНҶАКЕНТИ ҚАДИМ. Оид ба омӯзиши он конференсияи илмӣ баргузор шуд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 18 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Панҷакент фаъолияти корхонаҳои саноатӣ тақвият меёбад
Дар Тоҷикистон масоҳати хонаҳои истиқоматӣ бештар гардидааст
Дар шаҳри Кӯлоб бахшида ба Рӯзи Президенти Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Мардуми ноҳияи Рашт дар симои Пешвои миллат наҷотбахши миллату давлат, кафили сулҳу ваҳдат ва эҳёгари фарҳанги миллиро мебинанд
Таҳти унвони «Нақши Пешвои миллат дар ташаккул ва рушди фарҳанги миллӣ» конференсияи ҷумҳуриявӣ доир шуд
Бахшида ба Рӯзи Президенти Тоҷикистон дар Коллеҷи омори шаҳри Ваҳдат конференсияи ҷумҳуриявӣ доир гардид
«ПРЕЗИДЕНТ — КАФИЛИ ДАВЛАТИ ҲУҚУҚБУНЁДУ ДЕМОКРАТӢ». Дар ин мавзуъ конференсияи ҷумҳуриявӣ доир шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон туман мефарояд
Ба ифтихори Рӯзи Президент дар деҳоти ноҳияи Ёвон чорабиниҳои сиёсию маърифатӣ баргузор мегардад