БАРЪАКСИ ПЕШГӮИИ ОБУҲАВОШИНОСОН. Дар Душанбе барфи деринтизори солинавӣ борид!

Декабрь 31, 2022 11:56

ДУШАНБЕ, 31.12.2022 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз ҳаво сокинону меҳмонони Тоҷикистонро бо барфи деринтизор дар соли нави мелодӣ шод кард. Қаблан Агентии обуҳавошиносии ҷумҳурӣ иттилоъ дода буд, ки 31 декабр сокинони мамлакат Соли навро бе барф пешвоз мегиранд.

Дар ҳамин ҳол, директори Маркази обуҳавошиносии Россия Роман Вилфанд низ гуфт, ки дар шаби Соли нав сокинони Душанберо чӣ гуна ҳаво интизор аст. Олим дар посух ба саволи радиои Sputnik изҳор дошт, ки дар пойтахти Тоҷикистон ҳаво аз ҳарвақта сардтар хоҳад буд: нишондодҳои ҳароратсанҷ аз нишондиҳандаи миёнаи чандинсола пасттар хоҳанд шуд.

«Дар Тоҷикистон ҳаво сард мешавад — ҳарорат дар он ҷо аз меъёри муқаррарӣ 4-6 дараҷа поёнтар аст», — изҳор дошт Вилфанд.

Аммо тавре директори Маркази обуҳавошиносии Федератсияи Россия илова кард, «сардӣ»-е, ки дар қаламрави ҷумҳурӣ мушоҳида мешавад, ба оқибатҳои ногувор оварда намерасонад. Ба гуфтаи ӯ, дар шаби Соли нав дар шаҳри Душанбе ҳарорати ҳаво бояд ҳудуди 0 дараҷа гарм шавад.

Бояд тазаккур дод, ки барфи солинавӣ ба шаҳрвандони Тоҷикистон ва бахусус сокинони шаҳри Душанбе табъи идона зам мекунад ва онҳо соли навро бо шодиву сурур пешвоз мегиранд.

Шоми имрӯз, 31 декабр, соати 20:30 дар майдони «Истиқлол»-и шаҳри Душанбе сокинону меҳмонони пойтахтро шоу-барномаи солинавӣ бо иштироки беҳтарин сарояндагон ва ҳунармандони ҷумҳурӣ интизор аст. Баъди тамошои барномаи ҷолибу диданӣ дар майдони «Истиқлол» ба муддати 4-5 дақиқа мушакҳои ранга паронда мешаванд.

Ҳамзамон дар ин рӯз дар чор ноҳияи пойтахт, аз ҷумла дар назди бинои Театри давлатии академии опера ва балети ба номи Садриддин Айнии ноҳияи Шоҳмансур, боғчаи ноҳияи Сино-назди Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Муассисаи давлатии «Боғи фарҳангу фароғатии ба номи Садриддин Айнӣ»-и ноҳияи Исмоили Сомонӣ ва дар ноҳияи Фирдавсӣ — назди бинои Сирки давлатии Тоҷикистон барномаҳои фарҳангӣ-фароғатӣ гузаронида мешаванд.

АКС: АМИТ «Ховар»

Декабрь 31, 2022 11:56

Хабарҳои дигари ин бахш

Ҳамкории шаҳри Душанбе бо шаҳри Чонгчини Чин баррасӣ гардид
Аз водии Рашт то Искандаркӯл: мақомоти шаҳри Душанбе бо ташкили хатсайрҳои сайёҳӣ рушди сайёҳии дохилиро тақвият мебахшад
Дар Душанбе маҷмуи маҳсулоти минтақавӣ ба беш аз 19 миллиард сомонӣ баробар гардид
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Корҳо дар ду марҳилаи лоиҳаи «Харитаи электронии шаҳри Душанбе» пурра ба анҷом расидаанд
Дар Душанбе намоишгоҳи фурӯши либосҳои мактабӣ ва лавозимоти дарсӣ доир мешавад
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Соли 2026 дар ноҳияи Исмоили Сомонӣ 4 корхонаи нави саноатӣ ба фаъолият оғоз кард
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Дар ноҳияи Фирдавсӣ ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ бештар гардидааст
Иҷлосияи шашуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Иҷлосияи шашуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, даъвати ҳафтум баргузор мешавад
Душанбе мизбони DITE-2026 ва Форуми байналмилалӣ оид ба сайёҳии устувор мегардад
ИДИ ТИРГОН — БРЕНДИ САЙЁҲИИ ФАРҲАНГИИ ТОҶИКИСТОН. Андешаҳо дар ин мавзуъ
Дар Душанбе маросими пардабардорӣ аз нимпайкараи шоир, адиби классикии асри миёнаи Гурҷистон Шота Руставелӣ баргузор гардид