Барои навсозии Қалъаи Хуҷанд беҳтарин ҳунармандон ҷалб гардидаанд

Декабрь 6, 2022 09:31

ДУШАНБЕ, 06.12.2022. /АМИТ «Ховар»/. Дар асоси дастуру супоришҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва бо ибтикори мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд корҳои бунёд, таъмиру навсозӣ дар Маҷмааи таърихиву фарҳангии «Қалъаи Хуҷанд» бомаром идома доранд, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба Хадамоти матбуоти Раиси вилояти Суғд.

Дар корҳои навсозии Қалъаи Хуҷанд гурўҳи лоиҳакашон, мутахассисон, олимону бостоншиносон, меъморону наққошон, сохтмончиён ва ҳунармандони халқӣ, кулолгарон, рассомону кандакорон машғули кор буда, дар ҳудуди он бунёди иншооти ёрирасон низ идома дорад.

Дар асоси лоиҳа эҳёи деворҳои куҳандиз, бунёди бинои маъмурӣ, намунаҳои хонаву ҳавлиҳои қадимии шаҳри Хуҷанд, меҳмонхонаву осорхона, чойхона, ҳаммому нуқтаҳои хизматрасонӣ ва дигар иншооти ёрирасон ба нақша гирифта шудааст. Ба корҳои сохтмонӣ 10 ширкати бинокорӣ ва даҳҳо нафар мутахассисону сохтмончиён, устоҳои халқӣ, ҳунармандону рассомон, ороишгарону кулолгарон ва кандакорон ҷалб гардида, қалъа бо нигоҳ доштани асосу унсурҳои таърихӣ таҷдид мегардад. Ҳамзамон аз минтақаи Риштони вилояти Фарғона низ ҳунармандон ҷалб гардидаанд.


Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода 4 декабр ба Маҷмааи таърихиву фарҳангии «Қалъаи Хуҷанд» омада, бо ҷараёни корҳои сохтмонӣ дар ин макон шинос гардид.

Раиси вилоят бо рассомону ороишгарон, меъморону таърихнигорон, гаҷкорон ва дигар масъулин суҳбат карда, барои бо сифати баланд ба иҷро расонидани корҳо, ба роҳ мондани ҳафриёти археологӣ, истифодаи унсурҳои миллӣ дар вақти таҷдиду барқарорсозӣ маслиҳату тавсияҳо дод.

Ёдовар мешавем, ки Маҷмааи фарҳангию таърихии «Қалъаи Хуҷанд» яке аз мавзеъҳои хушманзару диққатҷалбкунандаи сайёҳии шимоли Тоҷикистон ба ҳисоб рафта, он на танҳо барои рушди илму фарҳанг, балки равнақи соҳаи сайёҳии ҷумҳурӣ низ мусоидат мекунад.


Қалъаи таърихии Хуҷанд дар маркази шаҳр, дар соҳили рости дарёи Сир дар масоҳати 200х300 м. воқеъ мебошад. Дар бинои қалъа Осорхонаи таърихии вилояти Суғд ҷойгир шудааст, ки яке аз қисматҳои Маҷмааи фарҳангию таърихии «Қалъаи Хуҷанд» аст. Қалъаи бостонӣ ба асри VII тааллуқ дорад.

Ҳамзамон бояд гуфт, ки Маҷмааи «Қалъаи Хуҷанд» аз ҷониби Кумитаи рушди сайёҳии мамлакат ба рӯйхати 10 мавзеи ҷолиби сайёҳии Тоҷикистон дохил гардида, бештар диққати сайёҳони дохилиро ҷалб менамояд.

Рухсораи НУР,
АМИТ «Ховар»

АКС: Хадамоти матбуоти Раиси вилояти Суғд

 

Декабрь 6, 2022 09:31

Хабарҳои дигари ин бахш

Муассисаи давлатии «Тоҷикфилм» доир ба сарнавишти Борбади Марвазӣ филми ҳунарӣ ба навор мегирад
21 СЕНТЯБР — РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ СУЛҲ. Бо ташаббуси Тоҷикистон «Даҳсолаи таҳкими сулҳ ба хотири наслҳои оянда» қабул гардид
Даври сеюми Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон — Ватани азизи ман» моҳи октябр баргузор мешавад
Китоби тозанашри «Коллексияи Пешвои миллат дар Осорхонаи миллӣ» муаррифӣ карда шуд
Дар Душанбе Фестивали байналмилалии санъати сиркӣ таҳти унвони «Дунёи сирк — пайвандгари қалбҳо» идома дорад
Китоби «Мероси таърихию фарҳангии шаҳри Душанбе» аз чоп баромад
ЭМОМАЛӢ РАҲМОН – ПАЙВАНДГАРИ ТОҶИКОН ВА ФОРСИЗАБОНОН. Дар ҳошияи китоби Президенти Тоҷикистон «Забони миллат – ҳастии миллат»
Аъзои ҳайати Маҷлиси умумичинии намояндагони мардумии Чин дар Осорхонаи миллӣ бо тамаддуни тоҷикон шинос гардиданд
Ёдгориҳои таърихию фарҳангии Тоҷикистон ба рӯйхати муқаддамотии ЮНЕСКО ворид гардиданд
«ҶАҲОНИ СИРК ДИЛҲОРО МУТТАҲИД МЕКУНАД!». Фестивали якуми байналмилалии санъати сиркӣ оғоз меёбад
Аъзои Маҷлиси умумичинии намояндагони мардумии Чин Қалъаи бостонии Ҳисорро тамошо намуданд
Шоири халқии Тоҷикистон Доро Наҷот аз олам даргузашт