Беҳтаринҳои Лигаи футболи Тоҷикистон дар соли 2022 ҷоиза мегиранд

Декабрь 9, 2022 16:09

ДУШАНБЕ, 09.12.2022 /АМИТ «Ховар»/. 13 декабр дар толори «Кохи Суруш»-и шаҳри Душанбе маросими тантанавии ҷоизасупории Лигаи футболи Тоҷикистон баргузор мешавад, ки дар он беҳтаринҳо аз рӯи натиҷаи мавсими гузашта эълон мешаванд. Маросим соати 09:30 оғоз мегардад, хабар медиҳад шореҳи варзиши АМИТ «Ховар» бо истинод ба Федератсияи футболи Тоҷикистон.

Дар маҷмӯъ, дар ин рӯз ғолибон аз рӯи понздаҳ номинаи Лигаи олии Тоҷикистон, чемпионати кишвар миёни дастаҳои Лигаи якум ва чемпионати Тоҷикистон миёни дастаҳои ҷавонони Лигаи олӣ маълум хоҳанд шуд. Инчунин ба беҳтарин нишонзанҳои Лигаи олӣ ва якум ва чемпионати кишвар миёни ҷавонон ҷоизаҳо тақдим карда мешаванд.

Рӯйхати номзадҳо ба ҷоизаҳои инфиродии Лигаи футболи Тоҷикистон аз рӯи натиҷаҳои соли 2022:

Беҳтарин бозигари Лигаи якум:

  • Амирҷон Худойдодов («Ҳосилот»)
  • Худойдод Узоқов («Кӯктош»)
  • Сунатулло Азизов («Динамо»)

Беҳтарин мураббии Лигаи якум:

  • Юсуф Рабиев («Ҳосилот»)
  • Аҳлиддин Турдиев («Динамо»)
  • Тоҳир Муъминов («Кӯктош»)

Беҳтарин бозигари Чемпионати Тоҷикистон миёни ҷавонон:

  • Иброҳим Зокиров («Регар-ТадАЗ»)
  • Паҳлавон Баҳризода («Истиқлол»)
  • Ҷамшед Ҷӯраев («Хуҷанд»)

Беҳтарин мураббии Чемпионати Тоҷикистон миёни ҷавонон:

  • Фарҳод Холбеков («Регар-ТадАЗ»)
  • Рустам Қурбонов («Истиқлол»)
  • Шамсиддин Қосимов (КМВА)

Беҳтарин довар:

  • Сайёдҷон Зайниддинов (Душанбе)
  • Гулмуроди Саъдулло (Душанбе)
  • Беҳрӯз Муртазоев (Душанбе)

Беҳтарин дарвозабон:

  • Рустам Ятимов («Истиқлол»)
  • Шоҳрух Қирғизбоев («Хуҷанд»)
  • Куайе Годсон («Хатлон»)

Беҳтарин ҳимоятгар:

  • Комрони Мирзохон («Равшан»-и Кӯлоб)
  • Аҳтам Назаров («Истиқлол»)
  • Ҳусейн Нурматов («Истаравшан»)

Беҳтарин нимҳимоятгар:

  • Эҳсон Бобоев («Хуҷанд»)
  • Идрис Амину («Истиқлол»)
  • Тоҳирҷон Тағойзода («Хатлон»)

Беҳтарин ҳамлагар:

  • Шервонӣ Мабатшоев («Истиқлол»)
  • Абдухалил Боронов («Равшан»-и Кӯлоб)
  • Ҷаҳонгир Эргашев («Хуҷанд»)

Беҳтарин легионере, ки дар чемпионати Тоҷикистон бозӣ мекунад:

  • Идрис Амину («Истиқлол»)
  • Самуэл Офори («Равшан»-и Кӯлоб)
  • Куайе Годсон («Хатлон»)

Беҳтарин мураббӣ:

  • Алишер Тӯхтаев («Истиқлол»)
  • Зайниддин Раҳимов («Равшан»-и Кӯлоб)
  • Рустам Хоҷаев («Хуҷанд»)

Беҳтарин бозигар:

  • Рустам Ятимов («Истиқлол»)
  • Манучеҳр Ҷалилов («Истиқлол»)
  • Ҷаҳонгир Эргашев («Хуҷанд»)

Акс: ФФТ

Декабрь 9, 2022 16:09

Хабарҳои дигари ин бахш

ГУЛБАСТ — МАТОЕ БО САНЪАТИ НОДИР. Он воқеан ҳам либоси зебо ва миллӣ аст
«Ҳар як давлат, сарфи назар аз сатҳи рушди иқтисодӣ бояд дар ҳифзи криосфера саҳми фаъол гузорад», — бардошт аз конфронс дар Душанбе
21 МАРТ — РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИФЗИ ПИРЯҲО. Пиряхҳои Тоҷикистон манбаи бузурги оби дарёҳои Осиёи Марказӣ ба шумор мераванд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
«ҲАМАҶО АНҶУМАНИ НАВРӮЗ АСТ». Аз 21 то 25 март дар шаҳру ноҳияҳои Хатлон барномаҳои идона доир мегарданд
Кордсозӣ чун рамзи маҳорати ҳунармандони тоҷик то имрӯз ҳифз гардидааст
Филмҳо ва шабакаҳои телевизионӣ – бе пардохти иловагӣ ва сарфи трафик
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Наврӯз рамзи эҳёи табиат, фарҳанги миллӣ ва неруи созанда дар таҳкими сулҳи ҷаҳонӣ аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
НАВРӮЗИ ФАЙЗРЕЗ. Ин ҷашн дар таълифоти Абурайҳони Берунӣ ҷойгоҳ ва мақоми хосса дорад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад