Беҳтаринҳои Лигаи футболи Тоҷикистон дар соли 2022 ҷоиза мегиранд
ДУШАНБЕ, 09.12.2022 /АМИТ «Ховар»/. 13 декабр дар толори «Кохи Суруш»-и шаҳри Душанбе маросими тантанавии ҷоизасупории Лигаи футболи Тоҷикистон баргузор мешавад, ки дар он беҳтаринҳо аз рӯи натиҷаи мавсими гузашта эълон мешаванд. Маросим соати 09:30 оғоз мегардад, хабар медиҳад шореҳи варзиши АМИТ «Ховар» бо истинод ба Федератсияи футболи Тоҷикистон.
Дар маҷмӯъ, дар ин рӯз ғолибон аз рӯи понздаҳ номинаи Лигаи олии Тоҷикистон, чемпионати кишвар миёни дастаҳои Лигаи якум ва чемпионати Тоҷикистон миёни дастаҳои ҷавонони Лигаи олӣ маълум хоҳанд шуд. Инчунин ба беҳтарин нишонзанҳои Лигаи олӣ ва якум ва чемпионати кишвар миёни ҷавонон ҷоизаҳо тақдим карда мешаванд.
Рӯйхати номзадҳо ба ҷоизаҳои инфиродии Лигаи футболи Тоҷикистон аз рӯи натиҷаҳои соли 2022:
Беҳтарин бозигари Лигаи якум:
- Амирҷон Худойдодов («Ҳосилот»)
- Худойдод Узоқов («Кӯктош»)
- Сунатулло Азизов («Динамо»)
Беҳтарин мураббии Лигаи якум:
- Юсуф Рабиев («Ҳосилот»)
- Аҳлиддин Турдиев («Динамо»)
- Тоҳир Муъминов («Кӯктош»)
Беҳтарин бозигари Чемпионати Тоҷикистон миёни ҷавонон:
- Иброҳим Зокиров («Регар-ТадАЗ»)
- Паҳлавон Баҳризода («Истиқлол»)
- Ҷамшед Ҷӯраев («Хуҷанд»)
Беҳтарин мураббии Чемпионати Тоҷикистон миёни ҷавонон:
- Фарҳод Холбеков («Регар-ТадАЗ»)
- Рустам Қурбонов («Истиқлол»)
- Шамсиддин Қосимов (КМВА)
Беҳтарин довар:
- Сайёдҷон Зайниддинов (Душанбе)
- Гулмуроди Саъдулло (Душанбе)
- Беҳрӯз Муртазоев (Душанбе)
Беҳтарин дарвозабон:
- Рустам Ятимов («Истиқлол»)
- Шоҳрух Қирғизбоев («Хуҷанд»)
- Куайе Годсон («Хатлон»)
Беҳтарин ҳимоятгар:
- Комрони Мирзохон («Равшан»-и Кӯлоб)
- Аҳтам Назаров («Истиқлол»)
- Ҳусейн Нурматов («Истаравшан»)
Беҳтарин нимҳимоятгар:
- Эҳсон Бобоев («Хуҷанд»)
- Идрис Амину («Истиқлол»)
- Тоҳирҷон Тағойзода («Хатлон»)
Беҳтарин ҳамлагар:
- Шервонӣ Мабатшоев («Истиқлол»)
- Абдухалил Боронов («Равшан»-и Кӯлоб)
- Ҷаҳонгир Эргашев («Хуҷанд»)
Беҳтарин легионере, ки дар чемпионати Тоҷикистон бозӣ мекунад:
- Идрис Амину («Истиқлол»)
- Самуэл Офори («Равшан»-и Кӯлоб)
- Куайе Годсон («Хатлон»)
Беҳтарин мураббӣ:
- Алишер Тӯхтаев («Истиқлол»)
- Зайниддин Раҳимов («Равшан»-и Кӯлоб)
- Рустам Хоҷаев («Хуҷанд»)
Беҳтарин бозигар:
- Рустам Ятимов («Истиқлол»)
- Манучеҳр Ҷалилов («Истиқлол»)
- Ҷаҳонгир Эргашев («Хуҷанд»)
Акс: ФФТ








Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 34 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон беш аз 800 ҳазор тонна зироати ғалладонагӣ ҷамъоварӣ шудааст
Ҷаласаи Комиссияи Озмуни ҷумҳуриявии «Донандаи беҳтарини асарҳои Пешвои миллат» доир шуд
Мегафон Тоҷикистон: акнун сӣ «Устоди алоқа»!
«ЧОДАРИ ХАЁЛ». Дар Душанбе Ҷашнвораи ҳаштуми байналмилалии театрҳои лӯхтак баргузор мегардад
DEEPFAKE ҲАМЧУН ТАҲДИДИ НАВИ АМНИЯТИ ИТТИЛООТӢ. Назари мутахассис дар ин мавзуъ
«МЕГАФОН ТОҶИКИСТОН»: Ду роҳи ҳал барои истифодабарандагони интернет






