Бо таъмиру навсозии канали Додихудо камбуди оби полезӣ дар маҳаллаҳои шаҳри Хоруғ бартараф мешавад

Декабрь 14, 2022 09:09

ХОРУҒ, 14.12.2022 /АМИТ «Ховар»/. Баҳори соли оянда сокинони маҳаллаҳои Андарситез, Носири Хисрав, Бизмич, Беморхонаи вилоятии шаҳри Хоруғ аз мушкилии норасоии оби полезӣ пурра раҳоӣ меёбанд, зеро бо дастгирии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳру вилоят қисматҳои зиёди канали Додихудо, ки аз мобайни кӯҳдоман мегузарад, бетонпӯш карда мешавад. Дар ин бора мухбири минтақавии АМИТ «Ховар» Файз МИРАСАН хабар додааст.

Сардори шуъбаи беҳдошти замин ва обёрӣ дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон Қурбонбек Худоёров гуфт, ки «дарозии канали мазкур 14 километр ва паҳноияш як метр буда, аввали солҳои панҷоҳуми асри гузашта ба тариқи ҳашар сохта шудааст. Дар фасли зимистон аз нисф бештари масоҳати он зери селу сангу тарма мемонад ва чунин ҳолат то то моҳи май идома меёбад. Аз ин рӯ давоми даҳсолаҳо ба сабаби ба таъхир афтодани таъмири канал мавсими обёрӣ низ охири моҳи май ва аввали моҳи июн оғоз мешавад. Дар натиҷа боғу киштзорони наздиҳавлигӣ ва гулу буттаҳои ороишии роҳҳои марказӣ пажмурда ва хушк мегарданд. Бинобар ин аз аввали фасли баҳор кормандони Ҷамъияти масъулияташ маҳдуди «Сохтмончӣ» ба таъмири маконҳои осебпазири ин канал шурӯъ карда, зиёда аз 250 метри онро бетонпӯш намуданд. Аксари масолеҳи оҳану бетонӣ ба ин мавзеъ дастӣ интиқол дода мешавад. Мутахассисони шуъбаи беҳдошти замин ва обёрии вилоят ҷараёни корҳои таъмиру таҷдиди ин шабакаи муҳими обрасониро ба таври ҷиддӣ назорат мекунанд».

Пас аз барфу боронгариҳо ва селфароӣ эҳтимоли пайдо шудани обу лой дар дохили канал вуҷуд дорад. Аз ин рӯ баъди ҳар 20 метр барои ба берун баровардани обу лой ҷойҳои махсус бунёд кардаанд. Сокини маҳаллаи Хоруғ Тоҷиддин Наврӯзов бо изҳори сипос аз роҳбарияти Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят баён дошт, ки «воқеан беобӣ дар фасли баҳор барои мо, махсусан онҳое, ки соҳиби қитъаи замини наздиҳавлигӣ, боғу роғ ҳастанд, хеле душвор аст. Агар ин канал таъмир гардаду об фаровон шавад, маҳаллаҳои тарафи рости дарёи Ғунди шаҳри Хоруғ боз ҳам ободу зеботар хоҳанд гашт».

Ҳамзамон гурӯҳи дигари коргарон таъмиру навсозии канали Темурро, ки дарозиаш 13 километр буда, дар тарафи чапи дарёи Ғунд ҷойгир аст, идома медиҳанд. Дар инҷо аллакай корҳои бетонпӯшкунии баъзе қисматҳои каналро ба охир расондаанд.

АКС: АМИТ «Ховар»

Декабрь 14, 2022 09:09

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
ДАР ПАЙРАВӢ БА ИҚДОМИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ. Ба хонандагони ятими шаҳри Роғун либоси мактабӣ ва лавозимоти хониш тақдим гардид
КИТОБ — МУФИДТАРИН ИХТИРОИ БАШАР. Имрӯз дар Тоҷикистон Рӯзи китоб аст
Сафири Тоҷикистон бо Вазири энергетика ва маъданҳои Салтанати Умон мулоқот намуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 31 дараҷа гарм мешавад
«35 СОЛИ СОЗАНДАГӢ ВА РУШДИ МИЛЛӢ». Таҳти чунин унвон ҳамоиши илмӣ-амалӣ доир шуд
БАРОИ АЛОҚА, БАРОИ ОДАМОН, БАРОИ ҶУМҲУРӢ. МегаФон Тоҷикистон дар чоряк асри фаъолият чӣ корҳоро анҷом дод?
Тоҷикистон ва Иттиҳоди Аврупо ҳамкориро дар соҳаи саноати сабук густариш медиҳанд
ИМРӮЗ — РӮЗИ АВИАТСИЯИ ГРАЖДАНӢ. Аз Тоҷикистон ба зиёда аз 20 кишвари ҷаҳон парвозҳо ба роҳ монда шудааст
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
ГРАНТИ ПРЕЗИДЕНТӢ. Давоми солҳои соҳибистиқлолӣ ба 1395 нафар занон беш аз 45 миллион сомонӣ грант ҷудо гардид
То 4 сентябр дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон сар задани селҳои маҳаллӣ ва пиряхӣ боқӣ мемонад