ЧӢ ВА ЧАНД СОМОНӢ МЕФУРӮШАНД. Дар чор ноҳияи шаҳри Душанбе фурӯши маҳсулоти мавриди ниёзи аввал ҷараён дорад

Декабрь 29, 2022 10:27

ДУШАНБЕ, 29.12.2022. /АМИТ «Ховар»/. Зиёда аз як ҳафта аст, ки дар чор ноҳияи шаҳри Душанбе ярмаркаҳои фурӯши маҳсулоти мавриди ниёзи аввал ҷараён доранд. Ин ярмаркаҳо дар асоси қарори дахлдори Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ бо мақсади фаровонии бозори истеъмолӣ ва ғанигардонии дастурхони сокинону меҳмонони пойтахт, инчунин  пешгирии болоравии нархи маводи озуқа дар арафаи Соли нави мелодӣ  ташкил карда шудаанд. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» сармутахассиси Раёсати рушди иқтисод ва савдои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе Абдусалом Нозимов хабар дод.

Тавре қаблан иттилоъ дода будем, бахшида ба Соли нави мелодӣ аз 21 то 31 декабр дар чор ноҳияи шаҳри Душанбе ярмаркаҳои фурӯши маҳсулоти мавриди ниёзи аввал оғоз гардиданд.

«Ярмаркаи фурӯши маҳсулоти мавриди ниёзи аввал дар КВД «Бозори Меҳргон»-и ноҳияи Исмоили Сомонӣ, буриши кӯчаҳои Ҳусейнзода ва Мирзо Турсунзодаи ноҳияи Шоҳмансур (назди Кумитаи сохтмон ва меъмории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон), дар майдончаи назди бозори «Қарияи боло»-и ноҳияи Сино ва дар майдончаи назди КВД «Бозори Саховат»-и ноҳияи Фирдавсӣ ташкил шудаанд», -гуфт Абдусалом Нозимов.

Инчунин дар 15 нуқтаи сераҳолии шаҳри Душанбе ярмаркаҳои доимамалкунанда фаъолият менамоянд, ки дар онҳо маҳсулоти мавриди ниёзи аввал бо нархҳои нисбатан арзон пешкаши сокинону меҳмонони пойтахт мегарданд. Ярмаркаҳои доимамалкунанда дар даромадгоҳҳои бозорҳои коммуналӣ ва хусусии пойтахт ҷараён доранд. Барои таъмини маҳсулот дар нуқтаҳои мазкур 38 адад сардхонаҳо бо ғунҷоиши 39 ҳазору 161,0 тонна маҳсулот мавҷуд мебошанд.


Дар ин ярмаркаҳо нархи орд аз 230 то 280 сомонӣ, гӯшти гов 55 сомонӣ, шакар 8,2 сомонӣ, як литр равғани растанӣ 19 сомонӣ, картошка 3,6 сомонӣ, пиёз 3,5 сомонӣ, сабзӣ 2,5 сомонӣ, биринҷ 10,5 сомонӣ муайян гардидаанд. Меваҷот ва дигар маҳсулоти хоҷагии қишлоқ низ бо нархи арзонтар пешкаши харидорони шаҳр гардонида мешаванд.


Бояд тазаккур дод, ки Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ ба раисони ноҳияҳои пойтахт супориш додаанд, ки дар ҳамкорӣ бо сохторҳои марбутаи шаҳр бобати дар сатҳи баланди ташкилию фарҳангӣ гузаронидани ин ярмаркаҳо, ҷойгир кардани ғуфра ва растаҳои савдо, ки ба талаботи муосир ҷавобгӯй мебошанд, тадбирҳои зарурӣ андешанд.

Зарангези ЛАТИФ,
АМИТ «Ховар»

АКС: АМИТ «Ховар/АП

Декабрь 29, 2022 10:27

Хабарҳои дигари ин бахш

Форуми шаҳрии варзишгарони пойтахт баргузор гардид
26 сентябр Иҷлосияи сеюми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, даъвати ҳафтум баргузор мегардад
Нархномаи хизматрасонии таъминоти оби нӯшокӣ барои ҳамаи истифодабарандагони пойтахт тағйир ёфт
Дар Душанбе 34-солагии Истиқлоли давлатӣ ботантана таҷлил гардид
Шоми имрӯз дар Душанбе ба муносибати 34-солагии Истиқлолияти давлатӣ барномаи фарҳангӣ доир мегардад
Даври дуюми Озмуни ҷумҳуриявии «Нонпазӣ ва маҳсулоти нонӣ, қаннодӣ, ҳалвопазӣ, шириниҳои миллӣ ва муосир» ҷамъбаст шуд
Аз ҷониби Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ ба 5 ҳазор нафар кумакҳои пулию моддӣ расонида шуданд
Ба шарафи Рӯзи Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон дар чор ноҳияи шаҳри Душанбе барномаҳои идона доир мегарданд
«НАҚШИ ВАҲДАТИ МИЛЛӢ ДАР ТАҲКИМИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ». Ба шарафи Рӯзи Истиқлолияти давлатӣ ҳамоиш доир шуд
DUSHANBE.TRAVEL. Портали сайёҳии шаҳри Душанбе муаррифӣ карда шуд
«ДОНИШ ВА СУЛҲ». Дар муассисаҳои таълимии шаҳри Душанбе соли нави таҳсил оғоз гардид
Дар Душанбе Намоишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ баргузор мегардад