COVID-19. Шумораи сироятёбии ҳаррӯза аз коронавирус дар Фаронса бори аввал аз моҳи июл аз 100 ҳазор зиёд шуд
ДУШАНБЕ, 08.12.2022 /АМИТ «Ховар»/. Афзоиши шабонарӯзии ҳолатҳои нави сирояти COVID-19 дар Фаронса бори аввал аз моҳи июли имсол аз 100 ҳазор дар як шабонарӯз гузашт. Дар ин бора шоми сешанбе рӯзномаи Le Monde бо такя ба маълумоти Агентии миллии тандурустии Фаронса (Sante publique France) иттилоъ додааст, хабар медиҳад АМИТ «Ховар».
Ҳамин тариқ, 6 декабр агентӣ 105 516 ҳолати нави бемориро сабт кардааст, ки нисбат ба ду ҳафтаи пеш 71% зиёд аст. Дар ин маврид мизони миёнаи гирифторӣ ба ин беморӣ дар 7 рӯзи охир ба 57,9 ҳазор ҳолат расидааст. Шумораи одамоне, ки дар шуъбаҳои эҳёгарӣ дар як рӯз бистарӣ шудаанд, ҳамчунин нисбат ба ҳафтаи гузашта 14% афзуда, то 2 декабр ба 1,1 ҳазор нафар расидааст.
Ҳамчунин ба гуфтаи ин ниҳод, дар шабонарӯзи гузашта дар бораи марги 117 нафар мубталоёни коронавирус маълум шуд, ки нисбат ба як рӯзи қабл 13 нафар зиёд аст. Дар маҷмӯъ, аз оғози пандемия дар Фаронса 159,3 ҳазор нафар фавтидаанд.
Ҳоло дар Фаронса даъватҳо барои пӯшидани ниқобҳои тиббӣ дар ҷойҳои ҷамъиятӣ, бахусус ҳангоми сафар бо нақлиёти ҷамъиятӣ зиёд шунида мешаванд. Ҳамчунин мақомот пайваста ба эмгузаронӣ миёни табақаҳои осебпазири аҳолӣ даъват мекунанд. Вазири тандурустӣ Франсуа Брон рӯзи якшанбе аз таҳдиди афзоиши якбораи ҳолатҳои бемории ковид, зуком ва бронхиолит дар кишвар изҳори нигаронӣ кард.
Азиза ДАДАБОЕВА,
АМИТ «Ховар»
АКC: Reuters








Нақши Президенти Тоҷикистон дар бунёди низоми муосири идоракунии давлатӣ назаррас аст
САҲМИ ПРЕЗИДЕНТИ ТОҶИКИСТОН ДАР ТАКМИЛИ ФОНДИ ОСОРХОНАИ МИЛЛӢ БУЗУРГ АСТ. Эҳдо ба Рӯзи Президент
Директори Агентии «Тоҷикстандарт»: Садоқат ба Президент, садоқат ба Ватан аст!
ПЕШВОИ РАЪИЯТПАРВАРИ МИЛЛАТ. Эҳдо ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
ПАДИДАИ ПЕШВО ДАР ТОҶИКИСТОН-АКСИ САДОИ ТАЪРИХ БА НИЁЗҲОИ СИЁСИИ МИЛЛАТИ ТОҶИК. Ба Рӯзи Президенти Тоҷикистон бахшида мешавад
Эмомалӣ Раҳмон -таҳкимбахши Истиқлолияти давлатӣ ва Пешвои ваҳдатофар
Дар Осорхонаи миллӣ ба ифтихори Рӯзи Президент Рӯзи дарҳои кушод гузаронида мешавад
ҲАР РӮЗИ ФАЪОЛИЯТИ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН ТАЪРИХСОЗИСТ. Андешаҳои академик Фарҳод Раҳимӣ бахшида ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Сарвари давлат: «Ҳар як фарди ҷомеа вазифадор аст, ки моҳияту аҳаммияти Конститутсияро ба фарзандони худ ҳанӯз аз хурдсолӣ фаҳмонад»
Эмомалӣ Раҳмон: «Маҳз ба шарофати Конститутсия ва амалӣ шудани меъёрҳои он дар Тоҷикистон фазои орому осуда муҳайё гардид»
Президенти Тоҷикистон: «Конститутсия соҳибистиқлолии халқи моро ба расмият дароварда, асосҳои бунёдии ҷомеа ва давлати навини тоҷиконро муайян намуд»
КОНСТИТУТСИЯ — ШАҲОДАТНОМАИ ХАЛҚИ ТОҶИКИСТОН. Иқтибосҳо аз суханрониҳои Президенти Тоҷикистон






