Дар Афғонистон шумораи қурбониёни сӯхтори мошини оташангез афзоиш ёфт
ДУШАНБЕ, 20.12.2022. /АМИТ «Ховар»/. Теъдоди қурбониёни сӯхтори мошини оташангез дар нақби баландкӯҳ дар ағбаи Соланги вилояти Парвони Афғонистон ба 31 нафар расид. Дар ин бора шабакаи телевизионии Tolo News бо истинод ба намояндаи вазорати тандурустии кишвар Шарофат Замон хабар медиҳад.
Қаблан дар бораи ҳалок шудани 19 нафар гузориш расида буд.
«Ҷасади на кам аз 31 кушта ва ҳамчунин 37 захмӣ аз маҳалли сӯхтор дар нақби Соланг берун оварда шуд», — иқтибос овардааст суханони намояндаи вазорати тандурустиро шабака.
Вай афзуд, ки шумораи ҳалокшудагон метавонад афзоиш ёбад.
Нақби Соланг дар баландии беш аз 3,2 ҳазор метр аз сатҳи баҳр, дар минтақаи ағбаи ҳамном бо он, дар кӯҳҳои Ҳиндукуш ҷойгир аст. Дарозии нақб дар якҷоягӣ бо баромади он 3,6 километр ва паҳнои қисми мошингард 6 метрро ташкил медиҳад.
Ин иншоотро солҳои 1958—1964 мутахассисони шӯравӣ, асосан метросозони Москва сохтаанд. Ин нақб ягона шоҳроҳест, ки Кобулро бо вилоятҳои шимолии Афғонистон мепайвандад.
Давоми ҷанги шаҳрвандӣ миёни Эътилофи Шимолӣ ва Толибон* нақб тарконда шуд ва соли 2002, пас аз муттаҳид шудани кишвар дубора боз шуд.
Зарангези ЛАТИФ,
АМИТ «Ховар»
АКС аз манбаъҳои боз
_________________________
* Толибон- ҳаракати террористие, ки дар Тоҷикистон мамнӯъ аст








ОГОҲӢ! Аз 4 то 6 ноябр дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон омадани сел пешгӯӣ мешавад
Дар вилояти Хатлон нақшаи даъвати тирамоҳӣ 100 фоиз иҷро гардид
Нақшаи даъвати тирамоҳӣ ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон зиёда аз 97 фоиз иҷро шуд
«Барномаи миллии бехатарии авиатсияи граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2026-2030» қабул гардид
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъват ба хизмати ҳарбӣ дар ноҳияи Зафаробод пеш аз муҳлат иҷро гардид
Бо мақсади пешгирии садамаҳои нақлиётӣ бо иштироки мошинҳои боркаш Гурӯҳи кории байниидоравӣ таъсис дода шуд
ИМРӮЗ-РӮЗИ КОРМАНДОНИ МАҚОМОТИ СУДӢ. Дар Суди Олӣ Конфронси Созмони судяҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид
Оид ба такмили қонунгузорӣ дар самти муқовимат ба савдои одамон конференсия доир шуд
Дар шаҳри Ваҳдат ва ноҳияи Файзобод нақшаи даъвати ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ пурра иҷро гардид
Дар шаҳри Панҷакент нақшаи даъвати тирамоҳии ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ иҷро шуд
Дар Ҳисор нақшаи даъвати тирамоҳии ҷавонон ба сафи Артиши миллӣ пурра иҷро гардид
Прокурори генералии Тоҷикистон бо Сафири Давлати Кувайт дар Ҷумҳурии Тоҷикистон мулоқот намуд






