Дар Ашқобод ташаббусҳои ҷаҳонии Президенти Тоҷикистон оид ба об ва тағйирёбии иқлим муассир арзёбӣ гардиданд
ДУШАНБЕ, 15.12.2022 /АМИТ «Ховар»/. Дар Ашқобод иштирокчиёни конфронси байналмилалӣ таҳти унвони «Муколама–гарави сулҳ» ташаббусҳои ҷаҳонии Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро оид ба об ва тағйирёбии иқлим муассир арзёбӣ карданд, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба хадамоти матбуоти Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Тоҷикистонро дар ин конфронс, ки аз 9 то 12 декабр баргузор гардид, Директори Маркази тадқиқоти стратегӣ Хайриддин Усмонзода намояндагӣ кард.
Хайриддин Усмонзода дар бахши «Мушкилоти таъмини бехатарӣ дар соҳаи технологияҳои иттилоотӣ–коммуникатсионӣ» сухан гуфта, таъсири гуногунҷанбаи онро ба ҳаёти ҷамъиятии кишварҳои минтақа тавзеҳ дод.
«Мисолҳои марбут ба кӯшишҳои рахнасозии фазои иттилоотии кишварҳои ҳамсарҳади Афғонистон аз ҷониби гурӯҳҳои тахрибкор бо истифода аз пойгоҳҳои иттилоотӣ мавриди таваҷҷуҳи коршиносон қарор гирифтаанд», — иброз дошт Директори Маркази тадқиқоти стратегӣ.

Номбурда инчунин зикр кард, ки чунин амалҳо имрӯз боиси мағзшӯйии ҷавонон аз ҷониби гурӯҳҳои ифротӣ мегарданд ва дар ин росто ҳамкории ҷонибҳои дахлдори минтақа, аз ҷумла коршиносон муҳим дониста мешавад.
Ҳамчунин Хайриддин Усмонзода роҷеъ ба масъалаҳои глобалии ҷаҳони муосир оид ба тағйирёбии иқлим, истифодаи захираҳои обӣ, масъалаи таъмини амнияти озуқаворӣ ва минтақавӣ ибрози андеша намуда, аз ҳамкории зичи ҷомеаи байналмилалӣ ҷиҳати ҳалли ин мушкилот ёдовар шуд.
Зимнан нақши ташаббусҳои Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҳалли мушкилоти ҷойдошта таъкид гардид.

Дар зимн намояндаи СММ Наталя Герман ва муовини роҳбари Маркази дипломатияи боздорандаи СММ дар шаҳри Ашқобод Филипп Саприкин нақши Тоҷикистонро барои муассирсозии ин масъалаҳо дар сатҳи минтақавию глобалӣ муҳим арзёбӣ карданд.
Ёдовар мешавем, ки конфронс дар доираи Форуми V коршиносони Осиёи Марказӣ бахшида ба Рӯзи бетарафӣ ва 15 солагии ифтитоҳи Маркази дипломатияи боздорандаи СММ дар мавзӯи «Ҷанбаҳои мубрами ҳамкории минтақавӣ доир ба мушкилоти тағйирёбии иқлим, истифодаи об, таъмини амнияти озуқаворӣ дар самти технологияҳои иттилоотиву коммуникатсионӣ дар минтақаи Осиёи Марказӣ» баргузор гардид.
АКС: Хадамоти матбуоти Маркази тадқиқоти стратегӣ








Меҳрномаи як ҳамзабон ба Пешвои тоҷикони ҷаҳон Эмомалӣ Раҳмон
ПАРЧАМИ НАНГУ НОМИ МО. Аз барафрохтани Парчами давлатии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе 14 сол сипарӣ гардид
Пешвои миллат: «Таҳти ин парчами муқаддас 35-солагии истиқлоли давлатиро бо дастовардҳои назаррас истиқбол намоем»
Аввалин Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ёдгории нодир аст. Эҳдо ба Рӯзи Парчами давлатӣ
Президенти Тоҷикистон: «Дар зери Парчами давлатиямон боз ҳам бештар муттаҳид бошем!»
Нақши Президенти Тоҷикистон дар бунёди низоми муосири идоракунии давлатӣ назаррас аст
САҲМИ ПРЕЗИДЕНТИ ТОҶИКИСТОН ДАР ТАКМИЛИ ФОНДИ ОСОРХОНАИ МИЛЛӢ БУЗУРГ АСТ. Эҳдо ба Рӯзи Президент
Директори Агентии «Тоҷикстандарт»: Садоқат ба Президент, садоқат ба Ватан аст!
ПЕШВОИ РАЪИЯТПАРВАРИ МИЛЛАТ. Эҳдо ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
ПАДИДАИ ПЕШВО ДАР ТОҶИКИСТОН-АКСИ САДОИ ТАЪРИХ БА НИЁЗҲОИ СИЁСИИ МИЛЛАТИ ТОҶИК. Ба Рӯзи Президенти Тоҷикистон бахшида мешавад
Эмомалӣ Раҳмон -таҳкимбахши Истиқлолияти давлатӣ ва Пешвои ваҳдатофар
Дар Осорхонаи миллӣ ба ифтихори Рӯзи Президент Рӯзи дарҳои кушод гузаронида мешавад






