Дар чор ноҳияи шаҳри Душанбе ярмаркаҳои фурӯши маҳсулоти мавриди ниёзи аввал ҷараён доранд

Декабрь 27, 2022 13:32

ДУШАНБЕ, 27.12.2022 /АМИТ «Ховар»/. Дар чор ноҳияи шаҳри Душанбе ярмаркаҳои фурӯши маҳсулоти мавриди ниёзи аввал ҷараён доранд. Ин ярмаркаҳо  дар асоси қарори дахлдори Раиси шаҳри Душанбе  Рустами Эмомалӣ бо мақсади фаровонии бозори истеъмолӣ ва ғанигардонии дастурхони сокинону меҳмонони пойтахт, инчунин  пешгирии болоравии нархи маводи озуқа  дар арафаи Соли нави мелодӣ  ташкил карда шудаанд. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» сармутахассиси Раёсати рушди иқтисод ва савдои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе Абдусалом Нозимов хабар дод.

Тавре қаблан иттилоъ дода будем, бахшида ба Соли нави мелодӣ аз 21 то 31 декабр дар чор ноҳияи шаҳри Душанбе ярмаркаҳои фурӯши маҳсулоти мавриди ниёзи аввал оғоз гардиданд.

«Ярмаркаи фурӯши маҳсулоти мавриди ниёзи аввал дар КВД «Бозори Меҳргон»-и ноҳияи Исмоили Сомонӣ, буриши кӯчаҳои Ҳусейнзода ва Мирзо Турсунзодаи ноҳияи Шоҳмансур (назди Кумитаи сохтмон ва меъмории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон), дар майдончаи назди бозори «Қарияи боло»-и ноҳияи Сино ва дар майдончаи назди КВД «Бозори Саховат»-и ноҳияи Фирдавсӣ ташкил шудаанд», -гуфт Абдусалом Нозимов.

Инчунин дар 15 нуқтаи сераҳолии шаҳри Душанбе ярмаркаҳои доимамалкунанда фаъолият менамоянд, ки дар онҳо маҳсулоти мавриди ниёзи аввал бо нархҳои нисбатан арзон пешкаши сокинону меҳмонони пойтахт мегарданд. Ярмаркаҳои доимамалкунанда дар даромадгоҳҳои бозорҳои коммуналӣ ва хусусии пойтахт ҷараён доранд. Барои таъмини маҳсулот дар нуқтаҳои мазкур 38 адад сардхонаҳо бо ғунҷоиши 39 ҳазору 161,0 тонна маҳсулот мавҷуд мебошанд.

Дар ин ярмаркаҳо нархи орд аз 230 то 280 сомонӣ, гӯшти гов 55 сомонӣ, шакар 8,2 сомонӣ, як литр равғани растанӣ 19 сомонӣ, картошка 3,6 сомонӣ, пиёз 3,5 сомонӣ, сабзӣ 2,5 сомонӣ, биринҷ 10,5 сомонӣ муайян гардидаанд. Меваҷот ва дигар маҳсулоти хоҷагии қишлоқ низ бо нархи арзонтар пешкаши харидорони шаҳр гардонида мешаванд.

Бояд тазаккур дод, ки Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ ба раисони ноҳияҳои пойтахт супориш додаанд, ки дар ҳамкорӣ бо сохторҳои марбутаи шаҳр бобати дар сатҳи баланди ташкилию фарҳангӣ гузаронидани ин ярмаркаҳо, ҷойгир кардани ғуфра ва растаҳои савдо, ки ба талаботи муосир ҷавобгӯй мебошанд, тадбирҳои зарурӣ андешанд.

Зарангези ЛАТИФ,
АМИТ «Ховар»

АКС: АМИТ «Ховар

Декабрь 27, 2022 13:32

Хабарҳои дигари ин бахш

Кумаки Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба иштирокчии ҷанг аз Душанбе расонида шуд
Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ ба сохтмони якчанд иншооти нави мақомоти корҳои дохилӣ санги асос гузоштанд
Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ дар муаррифии 30 электробуси нави ширкати «Акиа Авесто автоматив индастри» иштирок намуданд
Бахшида ба Рӯзи ҷаҳонии футбол дар пойтахт Фестивали футбол доир мешавад
Дурнамои ҳамкории шаҳри Душанбе ва иёлоти Ютаи Амрико баррасӣ шуд
Дар Душанбе даври шаҳрии Фестивал-озмуни ҳунармандону косибон таҳти унвони «Беҳтарин усто ва шогирд» баргузор шуд
Байни шаҳрҳои Душанбе ва Антверпен робитаҳои фарогир таҳким меёбанд
Даври шаҳрии Фестивал-озмуни ҷумҳуриявии «Як матову сад ранг» баргузор гардид
Дар Душанбе даври шаҳрии Озмуни ҷумҳуриявии «Кадбонуи беҳтарин» баргузор шуд
СОКИНИ ПОЙТАХТ БУДАН ИФТИХОР АСТ! Имрӯз Душанбе гаҳвораи тамаддуни миллати тоҷик гардидааст
Душанбе бо зебоӣ ва тароваташ байни сокинон ва сайёҳон ҳамчун «шаҳри гулҳо» маъруф аст
РӮЗИ ПОЙТАХТ. Душанбе маркази ташаккул ва рушди кластерҳои инноватсионӣ мебошад