Дар Душанбе Барномаи кишварии хазинаи нуфуси СММ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2023-2026 муаррифӣ гардид
ДУШАНБЕ, 19.12.2022. /АМИТ «Ховар»/. Барномаи нави (панҷуми) кишварии Хазинаи нуфуси Созмони Милали Муттаҳид (UNFPA) дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2023-2026 муаррифӣ гардид, хабар доданд ба АМИТ «Ховар» дар маркази матбуоти Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Маросими мазкур 16 декабри соли равон дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон доир гардид. Дар ҷаласаи мазкур нахуст давраи 4-уми Барномаи кишварии Хазинаи нуфуси Созмони Милали Муттаҳид (UNFPA) дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2016-2022 ҷамъбаст гардида, барномаи нави (панҷуми) хазинаи мазкур барои солҳои 2023-2026 дар Тоҷикистон муаррифӣ гардид.
Дар ҷаласа зикр шуд, ки Барномаи кишварии UNFPA барои солҳои 2016-2022 дар ҳамкории зич бо вазоратҳои рушди иқтисод ва савдо, тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, маориф ва илм, меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар вазорату кумитаҳои дахлдор қабул ва мавриди амал қарор дода шуда, дар давоми татбиқи он як қатор натиҷаҳои назаррас ба даст омадаанд. Хосатан дар чаҳорчўбаи амалишавии Барномаи мазкур дар соҳаи демографӣ, омор, солимии репродуктивӣ, танзими оила, баробарии гендерӣ, пешгирии бемории ВИЧ/СПИД, пешбурди сиёсати ҷавонон, наврасон ва пиронсолон дастовардҳои назаррас ба мушоҳида расиданд.
Дар ҷаласа намояндагони як қатор вазорату идораҳои дахлдори кишвар вобаста ба иҷрои Барномаи кишварии ЮНФПА ва натиҷаҳои амалигардонии барномаи мазкур ибрози назар намуданд.
Дар ҷаласа муовини Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Дилрабо Мансурӣ, муовини якуми Вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ғафур Муҳсинзода, муовини якуми Вазири рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон Ашурбой Солеҳзода, ҳамоҳангсози доимии СММ дар Тоҷикистон Сезин Синаноглу, роҳбарони як қатор кумитаҳо, намояндагони вазорату идораҳои мамлакат ва шарикон оид ба рушд иштирок намуданд.
АКС: Маркази матбуоти Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии ҶТ








Оид ба Конститутсия ва ҷойгоҳи он дар танзими муносибатҳои идоракунии давлатӣ ҳамоиши ҷумҳуриявӣ доир шуд
«КОНСТИТУТСИЯ-КАФИЛИ АДОЛАТИ СУДӢ». Дар Суди Олии иқтисодии Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид
Муассисаи «Шабакаи гармидиҳии шаҳри Душанбе»: «Муштариён метавонанд барои ҳалли мушкилот ба рақами кӯтоҳи 14-44 занг зананд»
Доир ба саҳми академик Муҳаммадҷони Шакурӣ дар рушди илму адаб конференсияи илмӣ баргузор шуд
«КОНСТИТУТСИЯ–ПОЙДОРИИ ДАВЛАТИ ҲУҚУҚБУНЁД». Таҳти чунин унвон конференсияи ҷумҳуриявӣ доир гардид
Роҳҳои баланд бардоштани ҳосилнокии зироатро дар шаҳри Кӯлоб баррасӣ намуданд
Дар мавзуи «Конститутсия ва таъмини ҳуқуқ ба озодии эътиқод» конференсияи ҷумҳуриявӣ доир шуд
Дар ҷаласаи Шурои ҷамъиятии Ҷумҳурии Тоҷикистон механизмҳои нави ҳимояи ҳуқуқи муҳоҷирони меҳнатӣ баррасӣ гардид
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Суғд ҳамоиш доир шуд
Дар ноҳияи Данғара нақшаи ҷамъоварии пахта 100 фоиз иҷро гардид
Дар ноҳияи Деваштич иншооти гуногуни иҷтимоӣ ба истифода дода шуданд
Дар Академияи идоракунии давлатӣ оид ба нақши Конститутсия дар таъмини баробарии гендерӣ ҳамоиш доир шуд






