Дар Душанбе доир ба нақши ҲХДТ дар рушди тафаккури зеҳнии ҷавонон конфронс доир шуд
ДУШАНБЕ, 10.12.2022 /АМИТ «Ховар»/. «Нақши Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар рушди тафаккури зеҳнии ҷавонон» — таҳти ин унвон 9 декабр дар Коллеҷи технологии шаҳри Душанбе бахшида ба 28-умин солгарди таъсиси ҲХДТ конфронси илмӣ-амалӣ баргузор шуд, хабар доданд ба АМИТ «Ховар» дар Кумитаи иҷроияи ҳизб дар ноҳияи Фирдавсӣ.
Дар конфронс мудири шуъбаи кор бо ҷавонони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Душанбе Насимҷон Ҳомидзода иброз дошт, ки ҲХДТ дар фазои сиёсии мамлакат собитқадамона фаъолият дошта, чун ҳизби мардумӣ ва ормонӣ тавонист худро бо ғояҳои созандаву бунёдкорона ва ватандӯстонаву ватанпарварона ба мардум ба таври арзанда муаррифӣ намояд.
Ҳамчунин намояндаи Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе Юсуф Ғаффорзода, муовини директори Коллеҷи технологии шаҳри Душанбе Гулбиддин Қурбонзод, дотсенти кафедраи гумантарии Донишгоҳи технологии Тоҷикистон Раҷаббой Ҷӯраев сухан намуданд.
Зикр шуд, ки татбиқи босамари сиёсати давлатии ҷавонон аз рӯзҳои нахустини таъсисёбии ҲХДТ дар меҳвари фаъолияти Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон қарор дорад. Имрӯз ҷавонони созандаи Ватан дар роҳи ватандӯстӣ, таҳкими пояҳои давлатдорию давлатсозӣ, баланд бардоштани ҳуввияти миллӣ ва дарки амиқи масъулияти шаҳрвандии хеш тамоми кӯшишҳоро равона сохта, саҳми назаррас мегузоранд.
ҲХДТ барои иттиҳоди неруҳои солими ҷомеа, бо мақсади зина ба зина баланд бардоштани некӯаҳволии халқ, рушди иқтисод дар заминаи пешрафти шаклҳои гуногуни моликият, таъмини ҳуқуқу озодиҳои инсон таъсис ёфта, баҳри дар амал татбиқ сохтани ин ҳадафҳо кӯшиш менамояд.
Садоқати аъзои ҳизб ва ҷонибдорони сершумори он кафолат медиҳад, ки барои татбиқи пурраи ҳадафҳои стратегии миллӣ – расидан ба истиқлолияти энергетикӣ, ҳифзи амнияти озуқаворӣ ва саноатикунонии босуръати мамлакат чораҳои иловагӣ андешида шаванд.
Дар фарҷом ба як қатор ҷавононе, ки ба узвияти ҲХДТ пайвастанд, шаҳодатномаҳои ҳизбӣ дар фазои тантанавӣ супорида шуданд.
АКС: Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Фирдавсӣ








Тоҷикистон ба таъмини пайвастагии конфронсҳои СММ оид ба об дар солҳои 2023, 2026 ва 2028 даъват намуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 39 дараҷа гарм мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 28 август, ҷумъа, 240-умин рӯзи соли 2026 аст
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 39 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон ҳаво то 37 дараҷа гарм мешавад
Дар Бадахшон 1300 километр роҳ дорои аҳаммияти байналмилалӣ мебошад
Имрӯз дар доманакӯҳҳои Тоҷикистон ҳаво то 32 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 35 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда дар назар аст
Алоқа барои донишҷӯён: интернет ва дақиқаҳои зиёд бо 50 сомонӣ дар як моҳ






