Дар Душанбе масъалаи рушди «иқтисоди сабз» дар Тоҷикистонро баррасӣ намуданд

Декабрь 6, 2022 16:25

ДУШАНБЕ, 06.12.2022 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар шаҳри Душанбе дар мавзӯи «Рушди «иқтисоди сабз» дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» ҷамъомади иқтисодӣ баргузор гардид, ки дар он муовини Вазири рушди иқтисод ва савдо Фарҳод Восидиён сухан гуфт. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» дар Вазорати мазкур хабар доданд.

Зикр гардид, ки дар доираи дастуру супоришҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар самти рушди «иқтисоди сабз» дар кишвар корҳои назаррас амалӣ гардида истодаанд.

Аз ҷумла, дар доираи иҷрои вазифаҳои Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 21 декабри соли 2021 «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон» Стратегияи рушди «иқтисоди сабз» дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2023-2037 таҳия гардида, 30 сентябри соли 2022 ба тасвиб расид.

Мақсади стратегияи мазкур- гузаронидани ислоҳоти дастурӣ, таъмини истифодаи самараноки сармояи табиӣ, ҷалби сармоягузорӣ, роҳандозии технологияи муосиру инноватсионӣ ва таҳкими ҳамкории байналмилалӣ дар самти «иқтисоди сабз» мебошад.

Ҳаҷми маблағгузории стратегияи мазкур 21,6 млрд сомониро пешбинӣ намудааст, ки дар он дастгирии сармоягузории институтҳои молиявӣ ва шарикони рушд нақши калидӣ дорад.

Вобаста ба ин аз шарикони рушд даъват карда шуд, ки барои татбиқи саривақтӣ ва сифатноки Стратегияи рушди «иқтисоди сабз» дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2023-2037 саҳми арзанда гузоранд.

Ҳамчунин дар бахшҳои алоҳидаи ҷамъомади мазкур аз ҷониби сардорони сарраёсатҳои вазорат Баҳодур Аҳадзода ва Манучеҳра Мадҷон вобаста ба масъалаҳои «иқтисоди сабз» ва мониторингу арзёбии ҳуҷҷатҳои стратегии кишвар рӯнамоҳо пешниҳод карда шуданд.

АКС: Вазорати рушди иқтисод ва савдои ҶТ

Декабрь 6, 2022 16:25

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар ноҳияҳои Тоҷикобод ва Лахш оид ба пешгирии амалҳои коррупсионӣ вохӯриҳо баргузор шуданд
Тоҷикистон ва Қатар ҳамкориро дар самти фаъолияти хайриявӣ ва башардӯстона тақвият медиҳанд
Форум оид ба алоқаи мобилии насли панҷум– 5G баргузор шуд
СТРАТЕГИЯИ РУШДИ ИҚТИСОДИ «САБЗ». Дар доираи амали он беш аз 500 ҳазор ҳисобкунаки электронии барқ насб гардидааст
Ҷаласаи навбатии Шурои ҷамъиятиву машваратӣ доир ба фаъолияти гумрукӣ баргузор шуд
Кишоварзони Ваҳдат имсол ҳаҷми умумии маҳсулотро ба беш аз 1 миллиарду 689 миллион сомонӣ расониданд
Дар Душанбе Форум оид ба алоқаи мобилии насли панҷум–5G баргузор мегардад
Дар Душанбе ҷаласаи 48-уми Шурои маъмурии Ташкилоти патентии Авруосиё доир шуд
Ҷаласаи 20 – уми Комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистону Қазоқистон оид ба ҳамкории иқтисодӣ баргузор мешавад
Дар ноҳияи Мастчоҳ ҷамъоварии ҳосил ва кишти тирамоҳӣ идома дорад
Дар Тоҷикистон истеҳсоли моҳӣ беш аз 5 фоиз зиёд шудааст
ЗАНБӮРИАСАЛПАРВАРӢ. Занбӯрҳо гардолудкунандаи асосии растаниҳо ва дарахтони мевадор мебошанд