Дар Душанбе машваратҳои сиёсӣ миёни Тоҷикистон ва Туркия баргузор гардиданд

Декабрь 1, 2022 17:12

ДУШАНБЕ, 01.12.2022 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз, 1 декабр дар шаҳри Душанбе даври навбатии машваратҳои сиёсӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Туркия дар сатҳи роҳбарони воҳидҳои сохтории мақомоти корҳои хориҷӣ баргузор шуд. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» дар Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.

Дар рафти машваратҳо ҳолати кунунӣ ва дурнамои рушди муносибатҳои дуҷониба дар соҳаҳои сиёсӣ, иқтисодӣ, илмию фарҳангӣ, энергетика, кишоварзӣ ва сайёҳӣ, инчунин ҳамкории ду кишвар дар доираи созмонҳои байналмилалӣ мавриди баррасӣ қарор гирифт.

Акс: ВКХ ҶТ

Декабрь 1, 2022 17:12

Хабарҳои дигари ин бахш

Сироҷиддин Муҳриддин дар ҷаласаи вазирони корҳои хориҷии Осиёи Марказӣ ва Иёлоти Муттаҳидаи Амрико дар қолаби С5+1 иштирок кард
Сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода бо муовини Сарвазир – вазири корҳои хориҷии Покистон Исҳоқ Дор мулоқот намуд
Сарвазири Тоҷикистон бо муовини якуми Президенти Эрон мулоқот намуд
Сироҷиддин Муҳриддин бо Котиби давлатии Иёлоти Муттаҳидаи Амрико Марко Рубио мулоқот намуд
Раиси Ҳукумати Федератсияи Русия Михаил Мишустин ба Тоҷикистон ташриф овард
Ҳайатҳои иштирокчии ҷаласаи Шурои сарони ҳукуматҳо (сарвазирон)-и давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай ба Тоҷикистон ташриф меоранд
Дар Душанбе ҷаласаи Шурои сарони ҳукуматҳо (сарвазирон)-и давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай доир мегардад
Сарвазири Шурои давлатии Чин барои ҳамкории босифат бо Тоҷикистон дар чаҳорчӯби Ташаббуси «Як камарбанд, як роҳ» изҳори омодагӣ намуд
Намояндаи доимии Тоҷикистон бо Раиси иҷлосияи 81-уми Маҷмаи Умумии СММ мулоқот намуд
Муовини якуми Президенти Эрон Муҳаммадризо Ориф бо сафари корӣ ба Тоҷикистон ташриф овард
Ҳайати Тоҷикистон дар нишасти Шурои вазирони корҳои хориҷии Созмони ҳамкории исломӣ иштирок намуд
Сафири Тоҷикистон дар Кувайт бо раиси Бунёди фарҳангии Ал-Бобтайн вохӯрӣ намуд