Дар Душанбе татбиқи Ёддошти тафоҳум миёни агентиҳои зиддикоррупсионии Тоҷикистон ва Узбекистон баррасӣ шуд

Декабрь 16, 2022 08:29

ДУШАНБЕ, 16.12.2022 /АМИТ «Ховар»/. Дар Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷараёни иҷрои нақшаи чорабиниҳо оид ба  амалисозии Ёддошти тафоҳум миёни агентиҳои зиддикоррупсионии Тоҷикистон ва Узбекистон  мавриди баррасӣ қарор гирифт. Дар ин бора АМИТ «Ховар» бо истинод ба Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медҳад.

15 декабр дар Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон мулоқоти дуҷонибаи директори Агентӣ Сулаймон Султонзода  бо директори Агентии муқовимат ба коррупсияи Ҷумҳурии Узбекистон Акмал Бурханов баргузор гардид.

Зимни вохӯрӣ ҷараёни иҷрои нақшаи чорабиниҳо оид ба  амалисозии «Ёддошти тафоҳум миёни Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Агентии муқовимат ба коррупсияи Ҷумҳурии Узбекистон барои солҳои 2022-2023» баррасӣ шуда, вобаста ба корҳои дар соли сипаригардида анҷомёфта мубодилаи афкор сурат гирифт.

Зикр гардид, ки ёддошти мазкур барои баланд бардоштани донишу малакаи мутахассисони ҳарду ҷониб, махсусан дар самти пешгирии ҳуқуқвайронкуниҳои ба коррупсия алоқаманд таъсири мусбат расонида, таҷрибаи дар ин самт андӯхта ба беҳтар намудани фаъолият мусоидат намуд.

Вохӯрӣ дар фазои дӯстиву бародарӣ ва ҳусни тафоҳум сурат гирифта, ҷонибҳо азму иродаи хешро ба рушди бемайлони робитаҳои судманд баён намуданд.

Ҳамзамон  директори Агентии муқовимат ба коррупсияи Ҷумҳурии Узбекистон Акмал Бурханов дар доираи сафар ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамроҳ бо ҳайати узбекистонӣ аз Осорхонаи миллӣ дидан намуд.

Меҳмонон бо дидани толорҳои намоишии шуъбаи таърихи бостон ва асрҳои миёна, шуъбаи таърихи нав ва навтарини Осорхонаи миллӣ аз таърихи куҳани халқи тоҷик, фарҳанги пурғановат ва дастовардҳои замони Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон огоҳ  гардиданд.

Пас аз анҷоми сайри осорхонавӣ Акмал Бурханов аз боздиди толорҳои намоишӣ изҳори хушҳолӣ намуда, дар китоби «Меҳмонони фахрӣ»-и Осорхонаи миллӣ андешаҳояшро дарҷ намуд.

АКС: Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия/ Осорхонаи миллӣ

Декабрь 16, 2022 08:29

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Душанбе ҷаласаи панҷуми Гурӯҳи кории байниидоравӣ оид ба бехатарии партовгоҳҳои саноатӣ баргузор шуд
Дар Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаласаи навбатии шурои ҳамоҳангсозӣ баргузор гардид
ОГОҲӢ! Аз 4 то 6 ноябр дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон омадани сел пешгӯӣ мешавад
Дар вилояти Хатлон нақшаи даъвати тирамоҳӣ 100 фоиз иҷро гардид
Нақшаи даъвати тирамоҳӣ ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон зиёда аз 97 фоиз иҷро шуд
«Барномаи миллии бехатарии авиатсияи граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2026-2030» қабул гардид
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъват ба хизмати ҳарбӣ дар ноҳияи Зафаробод пеш аз муҳлат иҷро гардид
Бо мақсади пешгирии садамаҳои нақлиётӣ бо иштироки мошинҳои боркаш Гурӯҳи кории байниидоравӣ таъсис дода шуд
ИМРӮЗ-РӮЗИ КОРМАНДОНИ МАҚОМОТИ СУДӢ. Дар Суди Олӣ Конфронси Созмони судяҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид
Оид ба такмили қонунгузорӣ дар самти муқовимат ба савдои одамон конференсия доир шуд
Дар шаҳри Ваҳдат ва ноҳияи Файзобод нақшаи даъвати ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ пурра иҷро гардид
Дар шаҳри Панҷакент нақшаи даъвати тирамоҳии ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ иҷро шуд