Дар Хуҷанд оид ба нақши ҲХДТ дар таъмини зиндагии шоистаи мардум ҳамоиш баргузор гардид
СУҒД, 09.12.2022 /АМИТ «Ховар»/. 8 декабр дар Кохи «Суғдиён»-и шаҳри Хуҷанд таҳти унвони «Нақш ва мақоми Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар таъмини зиндагии шоистаи мардум» бахшида ба 28-солагии таъсиси ҲХДТ ҳамоиши ҳизбӣ баргузор шуд, хабар доданд ба мухбири минтақавии АМИТ «Ховар» Саъдулло МАҲКАМ дар дафтари матбуоти Раиси шаҳри Хуҷанд.
Дар ҳамоиш Раиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон (ҲХДТ) дар вилояти Суғд Зуфар Исмоилзода, муовини Раиси вилояти Суғд Даврон Зоҳидзода ва Раиси шаҳри Хуҷанд Фирдавс Шарифзода сухан гуфтанд.
Зикр шуд, ки соли равон барои мардуми ваҳдатшиори мамлакат соли пур аз фараҳу хотирмон буд. Зеро дар ин сол мо таҳти сарварии Президенти мамлакат, Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷашни бароямон азизу муқаддас- 30-солагии Иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистонро сарбаландона ҷашн гирифтем. Бешубҳа, ин рӯйдоди муҳими сиёсӣ дар ваҳдату ҳамбастагӣ ва сулҳу суботи ҷумҳуриамон нақши калидӣ бозида, ҳар шаҳрванди хештаншиносу масъулиятпешаро ба созандагиву бунёдкорӣ раҳнамун сохт.
Имрӯзҳо дар қаламрави ҷумҳурӣ таҷлили рӯзи таъсиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, ки чун ҳизби созандаю бунёдкор ва ҳизби ормонҳои ҳалқ дар ҷомеа мақому манзалати бештар дорад, бо шукӯҳу шаҳомати хосса баргузор шуда истодааст. Воқеан ҳам дар оромиву суботи сиёсии мамлакат Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон чун ҳизби воқеан ҳам мардумӣ нақши калон дорад.


Ин ташкилот аз рӯзҳои аввали таъсиси худ таҳти роҳнамоии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мавқеи раъиятпарваронаро пеш гирифта, бо барномаҳои мукаммал дар беҳдошти вазъи сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоиву маънавии мамлакат саҳми босазо гузоштааст. Дар сафҳои он сиёсатмадорони варзида, олимону адибони тавоно ва ниҳоят ҳизбиёни содиқу вафодор сарҷамъ омада, тавассути дониш, малака ва иродаи худ ҳадафҳои стратегии давлатро миёни омма роҳандозӣ мекунанд. Ва дар ин ҷода муваффақ ҳам ҳастанд. Мо ҳамарӯза дастгирии аъзо ва пайравони ин ҳизби қудратмандро дар фаъолиятамон эҳсос менамоем.
Махсусан аёдати собиқадорони меҳнат, шахсони яккаву барҷомонда, ятимону бесаробонмондагон дар якҷоягӣ хуб ба роҳ монда шуда, ҳамчунин ҳама гуна ҷашну маросим дар ҳамбастагӣ доир карда мешаванд.
Сипас ба як зумра фаъолон сипоснома ва туҳфаҳои хотиравӣ тақдим карда шуданд.
АКС: Дафтари матбуоти Раиси шаҳри Хуҷанд








ГУЛБАСТ — МАТОЕ БО САНЪАТИ НОДИР. Он воқеан ҳам либоси зебо ва миллӣ аст
«Ҳар як давлат, сарфи назар аз сатҳи рушди иқтисодӣ бояд дар ҳифзи криосфера саҳми фаъол гузорад», — бардошт аз конфронс дар Душанбе
21 МАРТ — РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИФЗИ ПИРЯҲО. Пиряхҳои Тоҷикистон манбаи бузурги оби дарёҳои Осиёи Марказӣ ба шумор мераванд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
«ҲАМАҶО АНҶУМАНИ НАВРӮЗ АСТ». Аз 21 то 25 март дар шаҳру ноҳияҳои Хатлон барномаҳои идона доир мегарданд
Кордсозӣ чун рамзи маҳорати ҳунармандони тоҷик то имрӯз ҳифз гардидааст
Филмҳо ва шабакаҳои телевизионӣ – бе пардохти иловагӣ ва сарфи трафик
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Наврӯз рамзи эҳёи табиат, фарҳанги миллӣ ва неруи созанда дар таҳкими сулҳи ҷаҳонӣ аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
НАВРӮЗИ ФАЙЗРЕЗ. Ин ҷашн дар таълифоти Абурайҳони Берунӣ ҷойгоҳ ва мақоми хосса дорад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад






