Дар Ҳисор Фестивал-озмуни «Ташкилоти беҳтарини ҳизбӣ» ҷамъбаст гардид
ДУШАНБЕ, 09.12.2022 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз аз ҷониби Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Ҳисор бахшида ба 28-солагии таъсиси ҲХДТ маросими ҷоизасупории Фестивал-озмуни «Ташкилоти беҳтарини ҳизбӣ» аз рӯи даҳ номина баргузор шуда, ғолибон бо ҷоиза ва диплом сарфароз гардиданд, иттилоъ доданд ба АМИТ «Ховар» дар Кумитаи Иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Ҳисор.
Дар ҳамоиш муовини Раиси ҲХДТ Хайринисо Юсуфӣ, вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сурайё Дӯстмуродзода, Раиси шаҳри Ҳисор Қосим Роҳбар, Раиси Кумитаи Иҷроияи ҳизбии шаҳр Изатуллои Ҳабибзод ва дигар масъулон иштирок намуданд.
Изатуллои Ҳабибзод иброз намуд, ки Фестивал-озмуни мазкур аз 14 январи соли 2022 миёни ташкилоти ҳизбии шаҳр роҳандозӣ гардид. Ҳайати комиссияи озмун аз ҳисоби мутахассисони ҳизбӣ интихоб карда шуда, фаъолияти кумитаву ташкилоои ибтидоии ҳизбии шаҳри Ҳисорро мавриди омӯзиш қарор доданд. Баъдан аз рӯи 10 номина ғолибон муайян гардиданд.
Гуфта шуд, ки Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон яке аз ҳизбҳои пешсаф ва пешоҳанги ҷомеаи Тоҷикистон ба шумор рафта, дар сафҳои худ ҳамаи қишрҳои ҷомеаро, ки ҳадафҳои оинномавӣ ва барномавии ҳизбро дастгирӣ менамоянд, муттаҳид кардааст.
ҲХДТ зодаи даврони соҳибистиқлолӣ буда, аз умқи дили мардум сарчашма мегирад. Ҳадафи аслии ҳизби мазкур бунёди ҷомеаи ҳуқуқбунёду демократӣ ва ба мерос гузоштани давлати ободу осоишта ба наслҳои баъдӣ мебошад.
Сипас аз ҷониби ҳунармандони бахши фарҳанги шаҳри Ҳисор барномаи консертии идона, ки тараннумгари тантанаи истиқлолияту озодӣ ва ваҳдату якдилӣ буд, манзури иштирокчиён гардонида шуд.
АКС: Маркази матбуот ва таҳлили Кумитаи Иҷроияи Марказии ҲХДТ








Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борон меборад
Муассисаҳои таълимии ноҳияи Муъминобод ба зимистонгузаронӣ омода карда мешаванд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар






