Дар Кӯлоб корҳои фаҳмондадиҳӣ оид ба пешгирии бемориҳои сироятӣ ва заҳролудшавӣ тақвият меёбанд
КӮЛОБ, 04.12.2022 /АМИТ «Ховар»/. Дар шаҳри Кӯлоб ҷиҳати пешгирии бемориҳои гуногуни сироятӣ аз ҷониби кормандони соҳаҳаи тандурустӣ корҳои тарғиботӣ миёни аҳолӣ пурзӯр мегардад, иттилоъ медиҳад мухбири минтақавии АМИТ «Ховар» Сулаймон Холов.
Кормандони Маркази ташакули тарзи ҳаёти солими шаҳри Кӯлоб дар суҳбату мулқот бо сокинон тарзи дурусти ҳаёти солимро фаҳмонида, омилҳои гирифтор шудан ба бемориҳои сироятӣ ва заҳролудшавиро шарҳ доданд.
Директори Маркази ташакули тарзи ҳаёти солими шаҳри Кӯлоб Саидмуъмин Бобохоҷаев гуфт, ки барои дуруст омода кардани хӯришҳо дар шароити хона ҳама вақт зарур аст, ки аҳолӣ қоидаҳои санитариро риоя намояд. Пеш аз ҳама, шустани дастон бо собун, тозаю покиза кардану безараргардондани зарфҳои шишагин зарур аст. Инчунин маводҳои ғизоиро бо оби тоза ва аз ҷӯшмонда шустан лозим аст, ки чунин раванд микробактерияҳои заҳролудро нобуд сохта, зарфҳо ва маводҳои хӯришҳоро тоза нигоҳ медорад. Ҳамчунин дар баробари омода кардани хӯриши меваҷот ва сабзавот бояд маҳсулоти тозаи беиллатро истифода бурд, чунки маҳсулоти нуқсдор низ боиси вайроншавӣ ва дар натиҷаи он сар задани бемориҳо шуда метавонад.
Ҷиҳати пешгирии чунин бемориҳо кормандони соҳаи тандурустӣ, маркази санитарию эпидимологӣ, ҳамчунин кормандони маркази ташакулли тарзи ҳаёти солими шаҳр ва минтақаи Кӯлоб ҳамеша корҳои оммафаҳмониро миёни аҳолӣ пурзӯр намуда, миёни сокинон варақаҳои иттилоотиро оид ба пешгирии он паҳн намуданд.
АКС: АМИТ «Ховар»








Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
МегаФон Тоҷикистон дар ҷумҳурӣ нахустин пайвасткунии тарофаҳо ва хизматрасониҳоро тавассути сомонаи расмӣ ба роҳ монд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар Бохтар оид ба даъвати баҳории ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ ҳамоиш баргузор гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Зудтару дақиқтар: дар Тоҷикистон сифати хизматрасониҳои мобилиро беҳтар мекунанд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок шуда, борон меборад
«ТОҶИКИСТОН — ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Моҳи апрел даври якуми озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз меёбад
КИШТИ БАҲОРӢ. Маъсар зироати пурқимати равғандеҳ маҳсуб мешавад
ГУЛБАСТ — МАТОЕ БО САНЪАТИ НОДИР. Он воқеан ҳам либоси зебо ва миллӣ аст
«Ҳар як давлат, сарфи назар аз сатҳи рушди иқтисодӣ бояд дар ҳифзи криосфера саҳми фаъол гузорад», — бардошт аз конфронс дар Душанбе






