ДАР УФУҚҲОИ ДӮСТӢ. Ба Китобхонаи миллии Тоҷикистон 420 шумораи рӯзномаи «Овози тоҷик» туҳфа гардид

Декабрь 7, 2022 14:27

ДУШАНБЕ, 07.12.2022 /АМИТ «Ховар»/. Шарқшиноси зодаи Узбекистон, доктори илмҳои таърих Комилҷон Раҳимов, ки бо даъвати Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон барои рӯнамоии китобаш ба Душанбе омадааст, зимни боздид аз Китобхонаи миллии Тоҷикистон ба он 420 шумораи рӯзномаи “Овози тоҷик” ва 21 китобу рисолаҳои худро туҳфа кард. Рӯнамоии китоби олими Узбекистон дар Институти фалсафа, сиёсатшиносӣ ва ҳуқуқи ба номи А.М.Баҳоваддинов баргузор мешавад. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» дар Китобхонаи миллӣ иттилоъ доданд.

Комилҷон Раҳимов корманди илмии Академияи илмҳои Ҷумҳурии Узбекистон буда, дар таҳияву тарҷумаи китобҳо саҳм гузоштааст. Аз ҷумла, китоби “Ҳикматҳои Алишери Навоӣ”- ро аз забони узбекӣ ба забонҳои русӣ, туркӣ, форсӣ ва арабӣ тарҷума намудааст. Ӯ зимни суҳбат гуфт, ки бори аввал дар таърих осори Алишери Навоиро ба таври мукаммал тарҷума кардааст. Ва ин китобро Институти шарқшиносии Узбекистон ба номи Абурайҳони Берунӣ соли 2019 бо теъдоди 5000 нусха нашр намудааст.

Комилҷон Раҳимов, ки аз шуъбаи дастхатҳои Шарқ ва китобҳои нодири Китобхонаи миллӣ дидан намуд, иброз дошт, ки ба Тоҷикистон баҳри таҳкими равобити фарҳангӣ омадааст ва ин дувумин сафараш ба кишвари мост.

Мақсади тақдими китобҳову рӯзномаҳоро ба китобхона Комилҷон Раҳимов ба он рабт дод, ки ин китобҳо бояд ба  олимони ҳарду кишвар хизмат намоянд.

Ӯ ҳамзамон шукргузорӣ аз муносибатҳои хуби президентҳои ҳарду кишвари дӯст намуд. Аз тамошои боғи Алишери Навоӣ изҳори хушнудӣ карда, афзуд, ки дар таърих бори аввал ҳикматҳои Алишер Навоиро ба форсиву арабӣ комилтар тарҷума кардааст.

«Президентҳоямон боғҳои Абдураҳмони Ҷомӣ ва Алишери Навоиро, ки ифтитоҳ намуданд, мо хостем дарҳои равобити илмиро боз кунем, то ҷавобгӯ ба иқдоми сарони ду кишвар бошанд»,-гуфт Комилҷон Раҳимов.

Мавриди зикр аст, ки як китоби Комилҷон Раҳимов бо номи “Сарчашмаи тасаввуфи Мовароуннаҳр” дар Душанбе ба нашр расидааст. Ин далели таҳкими равобити илмиву фарҳангӣ миёни ду кишвар аст.

Комилҷон Раҳимов аз намояндагони ҷавони соҳаи илм буда, муаллифи беш аз 50 мақолаи илмии дар 7 кишвари хориҷӣ ба табъ расида,  23 монография ва 2 маҷмӯаи илмист. Ба ҳамин тариқ, ӯ дар таълифи маҷмӯаҳои гуногун, луғатномаву энсиклопедияҳо низ саҳми босазои илмӣ гузоштааст.

АКС: Китобхонаи миллии Тоҷикистон

Декабрь 7, 2022 14:27

Хабарҳои дигари ин бахш

Барномаи консертии арбобони санъати Тоҷикистон ва Қирғизистон таҳти унвони «Дӯстии абадӣ» доир мегардад
«ҚАЛАМДОРӢ-МАСЪУЛИЯТИ ВАТАНДОРИСТ». Таҳти ин унвон маҳфили адабии нависанда Садриддин Ҳасанзода доир шуд
Дар Душанбе бахшида ба Рӯзи маъюбон ҳамоиши фарҳангӣ доир шуд
Дар Душанбе намоиши дастнависҳо, нусхаҳои чопи сангӣ ва хушнависиҳои ашъори Ҳофизи Шерозӣ баргузор шуд
Мехоҳед таътили тобистонаи фарзандатон босамар гузарад? Пас ба Китобхонаи миллии Тоҷикистон биёяд
Дар шаҳри Норак 2 ёдгории бостонӣ кашф ва таҳқиқ карда шуд
Дар Душанбе дуюмин Синамоҷашнвораи байналмилалӣ «Тоҷи сомон» баргузор мегардад
Дар театри Муҳаммадҷон Қосимов намоишномаи «Ман Таҳминаам…» аз рӯи достони «Шоҳнома» пешниҳод мегардад
Бо ташаббуси Агентии ҳифзи мероси таърихию фарҳангӣ дар ноҳияи Ховалинг Рӯзи Ваҳдати миллӣ ҷашн гирифта шуд
Шоири халқии Тоҷикистон Камол Насрулло: «Ҳақиқат ин аст, ки Пешвои миллат ваҳдатро бунёд гузошту таҳким доду қавӣ сохт»
Дар Осорхонаи миллӣ гӯшаи доимоамалкунандаи «Ваҳдати миллӣ» ташкил гардидааст
Тамоми комёбиҳои миллат ва саодати рӯзгори мардум аз иттиҳоди миллӣ ибтидо мегирад