Дар ёздаҳ моҳи соли 2022 миёни Тоҷикистон ва ноҳияи худмухтори Синзян-Уйғури Чин тиҷорати дуҷониба 42,3 фоиз афзоиш ёфтааст
ДУШАНБЕ, 17.12.2022 /АМИТ «Ховар»/. Тиҷорати дуҷониба дар 11 моҳи соли 2022 42,3 фоиз афзоиш ёфта, аввалин маротиба дар таърихи муносибатҳои дуҷониба ба сатҳи рекордӣ 1 миллиарду 95 миллион доллар расид ва айни замон Ҷумҳурии Мардумии Чин 2-умин бузургтарин шарики тиҷоратии Тоҷикистон мебошад. Ин нукта зимни ҷаласаи фосилавии Зеркомиссия оид ба ҳамкории тиҷоратию иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ноҳияи худмухтори Синзян-Уйғури Ҷумҳурии Мардумии Чин иброз гардид. Дар ин бора АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад.
Дар доираи ҷаласаи мазкур масъалаҳои ҷалби сармояи мустақим, тавсеаи савдо, аз ҷумла рушди содироти маҳсулот аз Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Ноҳияи Синзян-Уйғури Ҷумҳурии Мардумии Чин, зиёд намудани интиқоли мол тавассути гузаргоҳи сарҳади Душанбе — Кулма, ҷалби маблағгузории Чин барои сохтмони қитъаҳои шоҳроҳи Душанбе — Кулма, таъсиси корхонаҳои муштараки саноатӣ, бахусус дар ҳудуди минтақаҳои озоди иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон, рушди минбаъдаи робитаҳо дар бахши нақлиёт ва логистика, ҳамкорӣ дар соҳаҳои иқтисоди сабз, энергетика ва тиҷорати электронӣ мавриди баррасӣ қарор дода шуданд.
Завқӣ Завқизода имкониятҳои сармоягузорию саноатии кишварро муаррифӣ намуда, зикр кард, ки бо шарофати сиёсати хирадмандона ва дурандешонаи роҳбарони ду кишвар Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси Ҷумҳурии Мардумии Чин муҳтарам Си Ҷинпин муносибатҳои ду кишвар пайваста рушд ёфта, ба сатҳи олӣ баромадаанд.
Илова бар ин дар рафти чорабинии зикршуда бо мақсади таъсиси корхонаҳои саноатӣ боздид аз минтақаи озоди иқтисодии Данғара сурат гирифт.
АКС: Вазорати рушди иқтисод ва савдои ҶТ








ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд






