ДАРАХТ БИНШОН! Дар шаҳри Кӯлоб 500 бех ниҳоли чанор шинонида мешаванд
КӮЛОБ, 27.12.2022 /АМИТ «Ховар»/. Ба истиқболи ҷашни 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон шаҳри Кӯлоб пурра бо гулҳои мавсимӣ ва бисёрсола таъмин карда шуда, дар роҳравҳо 500 адад ниҳолҳои дарахтони чанор шинонида мешаванд, хабар медиҳад хабарнигори минтақавии АМИТ «Ховар» Сулаймон ХОЛЗОДА.
Аз ҷониби Корхонаи давлатии фаръии ниҳолпарварӣ ва сабзазоркунӣ дар шаҳри Кӯлоб ҳамасола беш аз 300 ҳазор бех ниҳолҳо парвариш ва ба фурӯш бароварда мешаванд.
Корхона ҳамасола бо истеҳсоли ниҳолҳои ороишию сояафкан ва гулҳои мавсимию бисёрсолаи ба шароити иқлими минтақа мутобиқ на танҳо кишоварзони минтақаи Кӯлоб, балки хоҷагиҳои деҳқонии дигар вилоятҳоро низ таъмин менамояд. Ҳоло дар замини корхона 100 ҳазор қаламчаи гулҳои бисёрсолаи голландии заррина ва садбарг тайёр намудаанд, ки аз моҳи март сар карда, ба шинонидани онҳо шурӯъ мекунанд.
Директори корхона Сайкабир Шарипов иттилоъ дод, ки «кормандони корхона ба шинонидани қаламча, ниҳолҳои ороишию сояафкан шурӯъ намуда, саъй доранд нақшаи дарпешистодаро сари вақт ба анҷом расонанд. Онҳо ниҳолҳоро аз тухмаш шинонида, парвариш мекунанд ва баъди муддати муайян бо истифода аз боғҳои модарӣ ниҳолҳоро пайванд мекунанд. Дар корхона ниҳолҳои сояафкан, гулҳои мавсимӣ ва бисёрсола парвариш ёфта, харидори худро доранд. Ин аст, ки гулгаштҳо, ташкилоту муассисаҳо, муассисаҳои таълимӣ, биноҳои навсохт, роҳравҳо ва ҳамаи корхонаҳои шаҳри Кӯлоб бо гулҳои рангоранг таъмин мебошанд».

Масъулин аз ҳар порча замини хоҷагӣ самаранок истифода мебаранд. Барои парвариши ниҳол ва гулҳои мавсимии хушсифат заминҳоро киштгардон карда, бо нуриҳои органикию минералӣ коркард менамоянд. Корхона барои оро додани шаҳр корхона ва ташкилотро бо намудҳои гуногуни арча, санавбар, туя, кипарис ва дигар навъҳо таъмин менамояд.
Роҳбарияти корхона тасмим гирифтаанд, ки заминҳои дар ихтиёр доштаашонро самаранок истифода бурда, Фархор, Ҳамадонӣ, Восеъ, Муъминобод ва дигар ноҳияҳоро бо ниҳолҳои сояафкану ороишӣ, гулҳои мавсимӣ ва бисёрсола таъмин намоянд.
АКС: АМИТ «Ховар»








Ба ифтихори 35-солагии Истиқлоли давлатӣ дар Ёвон 649 иншооти гуногун ба истифода дода шуд
Дар Ҳамбурги Олмон 35-солагии Истиқлоли давлатии Тоҷикистон таҷлил гардид
«ИСТИҚЛОЛ — ГАНҶИ МИЛЛАТ, БАҚОИ ДАВЛАТ». Бо чунин унвон дар шаҳри Хуҷанд ҳамоиши ҷумҳуриявӣ доир шуд
Дар иншооти ҷашнии ноҳияи Ашт корҳои ободониву созандагӣ идома доранд
Намояндагони баландпояи Бонки ҷаҳонӣ бо мукофотҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон сарфароз гардиданд
Дар Екатеринбург 35-солагии Истиқлоли давлатии Тоҷикистонро таҷлил намуданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Хуҷанд аз чойхонаи Сирдарё дидан намуданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Хуҷанд якчанд иншооти нави истеҳсоливу иҷтимоиро ба таври фосилавӣ ифтитоҳ намуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Хуҷанд муассисаи томактабии «Хуршеди Истиқлол»-ро ба истифода доданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Хуҷанд муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №26-и «Нури Раҳмон»-ро ба истифода доданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Хуҷанд Муассисаи давлатии «Маркази дастгирии оила ва кӯдак»-ро ифтитоҳ намуданд
Бахшида ба 35-солагии Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон шумораи махсуси маҷаллаи «ECO Heritage» ба нашр расид






