ДИҚҚАТ, ЭҲТИЁТ КУНЕД! Дар Узбекистон аз маҳлули истеҳсоли Ҳиндустон 18 кӯдак фавтидаанд

Декабрь 28, 2022 13:00

ДУШАНБЕ, 28.12.2022 /АМИТ «Ховар»/. Вазорати тандурустии Узбекистон иттилоъ дод, ки аз даво барои бемориҳои роҳҳои нафас, ки истеҳсоли ширкати Marion Biotech-и Ҳиндустон аст, 18 нафар кӯдак фавтиданд, натиҷаҳои тасдиқкунандаи ташхис ба мақомоти дахлдор равона гардид. Тавре АМИТ «Ховар» хабар медиҳад, дар ин бора Хадамоти давлатии бехатарии ин кишвар дар шабакаи телеграм иттилоъ додааст.

Тибқи иттилои хадамоти матбуотии Вазорати тандурустӣ, як ҳафта пеш ташхиси маҳлул ва ҳабҳои «Док-1 Макс» аз бемориҳои роҳи нафас, ки аз ҷониби ширкати ҳиндии Marion Biotech истеҳсол шудааст, оғоз гардид, ки баъди истеъмоли он 18 кӯдак ба ҳалокат расидаанд.

«Дар натиҷаи истеъмоли маҳлули «Док-1 Maкс» аз 21 кӯдаке, ки ба бемории шадиди роҳи нафас гирифтор шудаанд, 18 нафарашон фавтиданд. Ҳуҷҷатҳои ҷамъовардашуда ба мақомотҳои ҳифзи ҳуқуқ супорида шуд»,-омадааст дар хабар.

Дар Вазорати тандурустии Ҷумҳурии Узбекистон қайд намуданд, ки айни замон дору ва маҳлулҳои ин даво аз фурӯш дар тамоми дорухонаҳои кишвар боздошта шудааст.

Дар баёнияи Хадамот инчунин гуфта мешавад, ки дар натиҷаи ташхиси лабораторӣ дар таркиби даво як моддаи заҳролуд, яъне этиленгликол кашф шудааст. «Тадқиқот нишон дод, ки кӯдакони фавтида қабл аз ворид шудан ба бемористон доруро дар баробари дигар доруҳо 2-7 рӯз, 3-4 бор дар як рӯз 2,5-5 мл истеъмол мекарданд. «Табиист, ки ин миқдор аз меъёр барои кӯдакон ба таври қобили мулоҳиза зиёд аст», -афзуданд дар хадамоти матбуотӣ.

Қаблан гуфта мешуд, ки беш аз 200 кӯдаки то 5-сола дар Гамбия ва Индонезия баъд аз истеъмоли ин даво, ки дар таркибаш этиленгликол низ ошкор шудааст, фавтида буданд.

Ин чӣ доруст ва оё дар дорухонаҳои Тоҷикистон низ мавҷуд аст?

Бино ба иттилои Вазорати тандурустии Узбекистон, давои «Док-1 Maкс» аз ҷониби ширкати ҳиндустонии Marion Biotech истеҳсол шуда, ҶДММ «Quramax Medical» ба фурӯши маҳсулот дар қаламрави ҷумҳурӣ машғул аст.

Айни ҳол ташхисҳои лабаратории давоҳои номбурда, ҳамчунин маҳлул бо тамъи асал ва лимӯ, ки дар дорухонаҳои Самарқанд дар фурӯш аст идома дорад. Дар хадамот иброз доштанд, ки натиҷаи ташхисҳо ҳатман нашр хоҳанд шуд.Фурӯши маҳлул дар Қирғизистон низ манъ карда шуд. Дар ин бора дар маркази матбуотии Вазорати тандурустии ҶҚ бо истинод ба идораи воситаҳои доруворӣ ва асбобҳои тиббӣ иттилоъ додаанд, хабар медиҳад 24.kg. Намунаҳои даво барои таҳлил ба Ташхисгоҳи марказии назоратӣ-таҳлилӣ фиристода шуданд. Нашрия қайд мекунад, ки дар сохторҳои дахлдори Қирғизистон дар бораи вокуниши манфӣ ба «Док-1 Maкс» гузориш дода нашудааст. Даво дар қаламрави Қирғизистон соли 2018 ба қайд гирифта шуда, охирин воридот соли 2021 буда соли 2022 воридоти он ба кишвар набуд.

Дар дорухонаҳои Тоҷикистон «Док-1 Макс» мавҷуд ҳаст?

«Бале, посух доданд ба мухбири АМИТ «Ховар» дар Хадамоти назорати давлатии фаъолияти тиббӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон. — Фурӯши маҳлул ва ҳабҳои «Док-1 Макс», ки аз Ҳиндустон омадааст, дар Тоҷикистон аз соли 2002 ба ин сӯ ба роҳ монда шудааст».

Ба гуфтаи Сардори Сарраёсати ин раёсат Нуралӣ Гулзода, дарҳол пас аз ба қайд гирифтани ҳодисаҳои заҳролудшавӣ дар Узбекистон кормандони Хадамот корҳои тафтишотӣ ва тадқиқотиро дар ин самт оғоз кардаанд.

Дар ҳамин ҳол Вазорати тандурустии кишвар аз волидон даъват ба амал овардааст, то ҳама гуна ҳаб ва маҳлулҳои тиббиро танҳо бо дорухати духтур аз дорухонаҳо харидорӣ намоянд.

Шаҳлои САДРИДДИН,
АМИТ «Ховар»

АКС: манбаҳои боз

Декабрь 28, 2022 13:00

Хабарҳои дигари ин бахш

ОГОҲӢ! Аз 16 то 19 июл дар Тоҷикистон баландшавии ҳарорати ҳаво пешгӯӣ мешавад
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Барои дарёфти гранти Президенти Тоҷикистон дар соли 2026 аз ҷониби занон 945 лоиҳа пешниҳод шудааст
ЭҲТИЁТ АЗ НУРҲОИ БАЛАНДИ ОФТОБ! Ҳангоми гармои шадид саломатиро чӣ тавр бояд ҳифз намуд?
Дар «Чангоб» 220 нафар кӯдакони ятими кулл, нимятим ва аз оилаҳои камбизоат ба истироҳат фаро гирифта шудаанд
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. «Тоҷиксуғурта» ба шаҳрвандон ва ташкилот беш аз 1,1 миллион сомонӣ ҷуброни суғуртавӣ пардохт намуд
Президенти Тоҷикистон: «Сифати таҳияи лоиҳаи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ҳанӯз ба талабот пурра ҷавобгӯ нест»
Муассисаҳои таҳсилоти ибтидоии касбӣ пурра бо китобҳои дарсӣ таъмин мебошанд
Дар Душанбе беш аз 13 ҳазор нафар ба сафи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон қабул гардиданд
Эмомалӣ Раҳмон: «Волоияти қонун асоси устувории давлат ва шарти муҳими зиндагии осоиштаи мардум аст»
Дар марказҳои касбомӯзии Тоҷикистон беш аз 20 касби серталаб омӯзонида мешаванд
ОГОҲӢ! Аз 15 то 18 июл дар Тоҷикистон баландшавии ҳарорати ҳаво пешгӯӣ мешавад
Дар муассисаҳои таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ 25 ихтисоси нав дар соҳаи саноати металлургияи сиёҳ таъсис меёбад