Доир ба ҳифз ва татбиқи ҳуқуқу озодиҳои занон дар Тоҷикистон ҳамоиш баргузор шуд

Декабрь 6, 2022 11:10

ДУШАНБЕ, 06.12.2022 /АМИТ «Ховар»/.  Имрӯз дар шаҳри Душанбе таҳти раёсати муовини Раиси Маҷлиси намояндагон Дилрабо Мансурӣ бо иштироки вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон,  дафтари барномаҳои САҲА дар Душанбе дар мавзӯи «Беҳтар намудани нақш ва мақом, ҳифз ва татбиқи ҳуқуқу озодиҳои занон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» ҳамоиш баргузор гардид. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар»  котиби матбуоти Маҷлиси намояндагон Муҳаммадато Султонов хабар дод.

Дилрабо Мансурӣ иброз намуд, ки  нисфи аҳолии рӯи Заминро занон ташкил медиҳанд. Дар айни замон шумораи бештари занон дар вазифаҳои роҳбарикунанда -лоиҳаҳои тиҷоратӣ, бонкҳо, соҳаи тандурустӣ ва дигар соҳаҳо вазифаҳои баландро ишғол менамоянд.

«Мо вакилони Парлумон ҳамкориро бо Дафтари САҲА дар Тоҷикистон қадр мекунем, ки ба шарофати он имкони шиносоӣ, табодули таҷриба ва иштирок дар вохӯриҳои минтақавӣ ва байниминтақавӣ оид ба ҳуқуқу озодиҳои инсон, инчунин такмили меъёрҳои қонунгузорӣ дар соҳаи масъалаҳои гендерӣ вусъат меёбад»,-гуфт ӯ.

Роҳбарияти Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти сарварии Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз рӯзҳои аввали ба даст овардани истиқлолияти давлатӣ дар татбиқи сиёсати самарабахши гендерӣ иродаи қавӣ зоҳир намуданд,  ки он ба таъмини хуқуқу имконияти баробари мардону занон дар мамлакат нигаронида шудааст. Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба рушди қонунгузории гендерӣ замина мегузорад. Ҳамчунин Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030 ба рушди минбаъдаи қонунгузории гендерӣ дар кишвар мусоидат мекунад.

Дилрабо Мансурӣ ҳамчунин иброз дошт, ки Стратегияи миллии фаъолгардонии нақши занон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2030 ва Нақшаи чорабиниҳо оид ба татбиқи Стратегияи миллии фаъолгардонии нақши занон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2025 қабул гардид. Нақшаи миллии чорабиниҳои мазкур тадбирҳо оид ба гузаронидани экспертизаи гендерии қонунгузорӣ, ташаккули захираи кадрҳоро барои пешбарӣ ба сохторҳои идоракунӣ аз рӯи гендер пешбинӣ менамояд. Барои тарбия ва пешбарӣ намудани занони роҳбар Барномаи давлатии «Тарбия, интихоб ва ҷобаҷогузории кадрҳои роҳбарикунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳисоби занону духтарони қобилиятнок барои солҳои 2017-2022» таҳия шудааст.

«Барномаи давлатии пешгирии зӯроварӣ дар оила дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2014-2023» ва Барномаи давлатии тайёр кардани занони мутахассис ва мусоидат ба шуғли онҳо барои солҳои 2017-2022 қабул гардиданд. Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи кафолатҳои давлатии баробарии мардону занон ва имконияти баробари татбиқи онҳо» ҳуҷҷати муҳим дар такмили санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ оид ба таъмини кафолатҳои конститутсионии баробарии мардону занон дар соҳаи иҷтимоӣ ва сиёсӣ гардид. Барои беҳтар намудани дастрасии занон ба захираҳои иқтисодӣ Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи таъсис ва ҷудо намудани грантҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон барои дастгирӣ ва рушди фаъолияти соҳибкории занон барои солҳои 2021-2025» қабул гардид.

Зикр шуд, ки дар кишвар зиёда аз даҳҳо қонунҳо, барномаҳои давлатӣ, консепсияҳо ва конвенсияҳо қабул карда шудаанд, ки пурра ба масъалаҳои гендерӣ, занону духтарон, ҳамоҳангсозии чорабиниҳо оид ба ҷорӣ намудани принсипҳои гендерӣ ба қонунгузории ҷумҳурӣ бахшида шудаанд.

Акс: МН МО ҶТ

Декабрь 6, 2022 11:10

Хабарҳои дигари ин бахш

Файзалӣ Идизода бо Раиси Сенати Ҷумҳурии Исломии Покистон мулоқот намуд
Файзалӣ Идизода бо Раиси Маҷлиси миллии Ҷумҳурии Озарбойҷон вохӯрӣ намуд
Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон асосҳои ташкилӣ ва фаъолиятии моҳиятан нави Маҷлиси Олиро муқаррар намуд
Файзалӣ Идизода бо Сафири Озарбойҷон дар Тоҷикистон мулоқот намуд
Файзалӣ Идизода бо раисони кумитаҳо, комиссияҳои мудофиа ва амнияти парламентҳои давлатҳои СААД мулоқот намуд
Созишнома байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Федератсияи Русия ба тасвиб расид
Файзалӣ Идизода бо Сафири Ҷопон дар Тоҷикистон вохӯрӣ намуд
Раиси Маҷлиси намояндагон бо Раиси Кумитаи ҳуқуқи инсони Подшоҳии Арабистони Саудӣ мулоқот намуд
Дар Душанбе дурнамо ва рушди қонунгузории шаҳрак ва деҳот дар шароити ҷаҳонишавӣ баррасӣ карда шуд
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақоми омӯзгор» қабул карда шуд
Ҳайати вакилони Тоҷикистон дар Муколамаи дуюми минтақавии парламентӣ оид ба рушди технологияҳои «сабз» иштирок намуд
Дар Маҷлиси намояндагон лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақоми омӯзгор» мавриди баррасӣ қарор гирифт