Доир ба ҳифз ва татбиқи ҳуқуқу озодиҳои занон дар Тоҷикистон ҳамоиш баргузор шуд
ДУШАНБЕ, 06.12.2022 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар шаҳри Душанбе таҳти раёсати муовини Раиси Маҷлиси намояндагон Дилрабо Мансурӣ бо иштироки вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, дафтари барномаҳои САҲА дар Душанбе дар мавзӯи «Беҳтар намудани нақш ва мақом, ҳифз ва татбиқи ҳуқуқу озодиҳои занон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» ҳамоиш баргузор гардид. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» котиби матбуоти Маҷлиси намояндагон Муҳаммадато Султонов хабар дод.
Дилрабо Мансурӣ иброз намуд, ки нисфи аҳолии рӯи Заминро занон ташкил медиҳанд. Дар айни замон шумораи бештари занон дар вазифаҳои роҳбарикунанда -лоиҳаҳои тиҷоратӣ, бонкҳо, соҳаи тандурустӣ ва дигар соҳаҳо вазифаҳои баландро ишғол менамоянд.
«Мо вакилони Парлумон ҳамкориро бо Дафтари САҲА дар Тоҷикистон қадр мекунем, ки ба шарофати он имкони шиносоӣ, табодули таҷриба ва иштирок дар вохӯриҳои минтақавӣ ва байниминтақавӣ оид ба ҳуқуқу озодиҳои инсон, инчунин такмили меъёрҳои қонунгузорӣ дар соҳаи масъалаҳои гендерӣ вусъат меёбад»,-гуфт ӯ.
Роҳбарияти Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти сарварии Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз рӯзҳои аввали ба даст овардани истиқлолияти давлатӣ дар татбиқи сиёсати самарабахши гендерӣ иродаи қавӣ зоҳир намуданд, ки он ба таъмини хуқуқу имконияти баробари мардону занон дар мамлакат нигаронида шудааст. Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба рушди қонунгузории гендерӣ замина мегузорад. Ҳамчунин Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030 ба рушди минбаъдаи қонунгузории гендерӣ дар кишвар мусоидат мекунад.
Дилрабо Мансурӣ ҳамчунин иброз дошт, ки Стратегияи миллии фаъолгардонии нақши занон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2030 ва Нақшаи чорабиниҳо оид ба татбиқи Стратегияи миллии фаъолгардонии нақши занон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2025 қабул гардид. Нақшаи миллии чорабиниҳои мазкур тадбирҳо оид ба гузаронидани экспертизаи гендерии қонунгузорӣ, ташаккули захираи кадрҳоро барои пешбарӣ ба сохторҳои идоракунӣ аз рӯи гендер пешбинӣ менамояд. Барои тарбия ва пешбарӣ намудани занони роҳбар Барномаи давлатии «Тарбия, интихоб ва ҷобаҷогузории кадрҳои роҳбарикунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳисоби занону духтарони қобилиятнок барои солҳои 2017-2022» таҳия шудааст.
«Барномаи давлатии пешгирии зӯроварӣ дар оила дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2014-2023» ва Барномаи давлатии тайёр кардани занони мутахассис ва мусоидат ба шуғли онҳо барои солҳои 2017-2022 қабул гардиданд. Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи кафолатҳои давлатии баробарии мардону занон ва имконияти баробари татбиқи онҳо» ҳуҷҷати муҳим дар такмили санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ оид ба таъмини кафолатҳои конститутсионии баробарии мардону занон дар соҳаи иҷтимоӣ ва сиёсӣ гардид. Барои беҳтар намудани дастрасии занон ба захираҳои иқтисодӣ Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи таъсис ва ҷудо намудани грантҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон барои дастгирӣ ва рушди фаъолияти соҳибкории занон барои солҳои 2021-2025» қабул гардид.
Зикр шуд, ки дар кишвар зиёда аз даҳҳо қонунҳо, барномаҳои давлатӣ, консепсияҳо ва конвенсияҳо қабул карда шудаанд, ки пурра ба масъалаҳои гендерӣ, занону духтарон, ҳамоҳангсозии чорабиниҳо оид ба ҷорӣ намудани принсипҳои гендерӣ ба қонунгузории ҷумҳурӣ бахшида шудаанд.
Акс: МН МО ҶТ








Созишнома байни Ҳукумати Тоҷикистон ва Ҳукумати Амороти Муттаҳидаи Арабӣ оид ба алоқаи ҳавоӣ қабул гардид
Ҷаласаи якуми иҷлосияи сеюми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор шуд
Доир ба рушди дипломатияи парламентӣ дар даврони соҳибистиқлолии Тоҷикистон ҳамоиш баргузор шуд
Ҳамкории байнипарламентии Тоҷикистон ва Қазоқистон тақвият меёбад
Мавсума Муинӣ: «Мавқеъ ва саҳми занон дар дипломатияи парламентии Ҷумҳурии Тоҷикистон намоён аст»
Ҷаласаи ғайринавбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ баргузор гардид
Кумитаи доимии Ассамблеяи парлумонии Осиё Қатънома оид ба фарҳанги истифодаи оқилонаи захираҳои обро қабул намуд
Кумитаи доимии Ассамблеяи парлумонии Осиё Қатънома оид ба таҳкими фарҳанги сулҳ, таҳаммулпазирӣ ва эҳтироми арзишҳои фарҳангии миллатҳоро қабул намуд
Файзалӣ Идизода бо Котиби генералии Ассамблеяи парламентии Осиё Муҳаммадризо Маҷидӣ вохӯрӣ намуд
26 СЕНТЯБР — РӮЗИ МАҶЛИСИ ОЛӢ — ПАРЛАМЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН. Фаъолияти мақоми қонунгузор барои пешрафти давлат равона шудааст
Вохӯрии роҳбарони гурӯҳҳои дӯстии байнипарлумонии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Давлати Қатар доир шуд
Муҳаммадризо Маҷидӣ: «Фарҳанг чун яке аз пояҳои муколама ва ҳамдигарфаҳмӣ байни мардуми Осиё хизмат менамояд»






